Фараҳнози Тоҳирхон: Худтаърифкуниро дӯст намедорам
Фараҳнози Тоҳирхонро мо аз барномаи овозодори “Медонӣ ё не?”, ки шумораи бинандагонаш дар фазои маҷозӣ марзи миллионро убур кардааст, мешиносем. Ӯ як духтари самимиву заминист, ки бо меҳнати ҳалол ва дили бекина дар муддати кӯтоҳ муваффақ шуд. Мардум дӯсташ медоранд, барномаҳояшро пазмон мешаванд ва бо маҳсули эҷодаш фароғат мекунанд.
“Оила” бо ин бонуи хушсурату хушсират доир ба паҳлуҳои гуногуни рӯзгору фаъолияташ суҳбат кард, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.
— Шумо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисос менеҷери идоракунии ҳайати кадрӣ хатм кардааед. Чаро мувофиқи ихтисосатон кор намекунед?
— Дуруст қайд кардед, ман хатмкадаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам, вале феълан аз рӯйи ихтисосам фаъолият намекунам. Ният дорам, ки дар оянда танҳо аз рӯи ихтисосам кор кунам.
— Чаро маҳз ин ихтисосро интихоб кардед, дилатон моили ягон ихтисоси эҷодӣ набуд?
— Баъд аз хатми мактаби миёна бисёр мехостам ҳуҷҷатҳоямро ба факултети журналистика супорам, аммо падарам розӣ нашуданд. Зеро худашон рӯзноманигор ҳастанд ва нахостанд, ки ман ин касби душворро интихоб намоям. Баъдан, хостам дар шӯъбаи кадрҳо кор кунам, аз ин лиҳоз, ихтисоси мазкурро интихоб намудам.
— Ҳоло расман дар куҷо кор мекунед?
— Ба ҳайси мутахассиси шӯъбаи матбуоти даврии Китобхонаи Миллии Тоҷикистон адои хизмат мекардам, аммо як сол мешавад, ки ба рухсатии ҳомиладорӣ баромадаам.
— Нақши волидонатон дар ҳаёти шумо чӣ гуна аст?
— Ҳар ҷое номи падарамро мегирам, бо ифтихор мегӯям, ки фарзанди Тоҳири Асрориён, яке аз рӯзноманигорони шинохтаи Телевизиони Тоҷикистон ҳастам.
— Дар телевизион чанд муддат кор кардед?
— Журналистӣ ва дар телевизион кор кардан орзуи деринаи ман буд. Тавре болотар гуфтам, падарам барои журналист шуданам розӣ набуданд, аз ин рӯ, бо гузашти вақт ба воситаи модарам он касро барои дар телевизион кор карданам розӣ карда тавонистем. Ҳамин тавр, ман панҷ сол дар Муассисаи давлатии телевизиони “Душанбе HD” фаъолият кардам.
— Дар телевизион муаллиф ё барандаи кадом барномаҳо будед ва умуман кор дар он фазову муҳит ба шумо писанд буд?
— Муаллиф ва ровии ду барномаи очеркӣ будам. Барномаи “Чеҳраи Омӯзгор” ва “Мо танҳо нестем” ҳафтае як маротиба пахш мегардиданд, ки бинандаи зиёд доштанд. Барномаи “Чеҳраи омӯзгор” дар бораи омӯзгорони собиқадору муваффақ қисса мекард. Барномаи “Мо танҳо нестем” дар бораи ятимоне, ки аз падар ё модар маҳрум гаштаанду дар мактаб-интернат таҳсил менамоянд, омода мегардид. Ҳамчунин, барои барномаи “Субҳи Душанбе” гузориш омода менамудам. Фазои телевизион ба ман хеле писанд буд, чун кори дӯстдоштаамро анҷом медодам. Ман корамро хеле зиёд дӯст медоштам, ҳатто рӯзҳои истироҳатӣ ба телевизион рафта, кор мекардам.
— Телевизион дар ҳаёти шумо чӣ нақш дорад?
— Мактаби аввалини ман телевизион аст. Чизе омӯхтам, аз ин мактаби бузург мебошад.
— Чӣ сабаб шуд, ки ҳоло шуморо дар телевизион намебинем?
— Маро зиёдтар дар сомонаҳои иҷтимоӣ шинохтанд. Аз ин рӯ, дар Ютуб саҳифаи худро бо номи “Farahnoz Life” фаъол кардам.
— Чанде пеш шумо яке аз “ситора”-ҳои намоёни Ютуби тоҷикӣ шудед. Нашрҳои барномаи “Медонӣ ё не”-и шумо хеле бинандаи зиёд доранд. Бигӯед, ки ин барнома чӣ гуна пайдо шуд?
— Ҳангоми кор карданам дар телевизион, Наимҷони Сайдалӣ барои барномаи “Медонӣ ё не” баранда меҷустанд ва аз ҳамкорам Абдувалӣ Нодирӣ дар ин бора маслиҳат пурсидаанд. Он кас маро пешниҳод кардаанд ва ҳамин тавр, мо бо Наимҷони Сайдалӣ ҳамкориро оғоз кардем. Ростӣ, то ин ҳад машҳуру сербинанда шудани барномаро интизор набудам.
— Дар барномаи “Медонӣ ё не” асосан, шахсони маъруфи интернет меҳмон мешуданд, бигӯед, ки чӣ гуна онҳоро барои иштирок кардан розӣ мекардед?
— Даъват намудани меҳмонҳои барнома бар дӯши Наимҷони Сайдалӣ буд.
— Оё буданд шахсоне, ки таклифи шуморо рад карда бошанд?
— Дар асл, хеле зиёд мехостанд дар барномаи мо иштирок кунанд ва ҳеҷ гоҳ рад кардан набуд. Аммо буданд ҳолатҳое, ки дар вақти сабти барнома меҳмонон ҳозир нашуданд.
— Ин барнома ба ҷуз шуҳрат боз ба шумо чӣ дод?
— Маҳз ҳамин барнома сабаб шуд, ки имрӯз ман Фараҳноз ҳастаму орзуи кӯдакиямро амалӣ намудам. Ин барнома ба ман ҳам нон доду ҳам ном.
— Ба фикри шумо чаро ҳамин барнома ин қадар машҳур гашт?
— Бигзор ба ин савол мардум ҷавоб диҳанд, худтаърифкуниро дӯст намедорам.
— Чаро танаффус кардед ва феълан ин барнома фаъол нест?
— Ман ба он хотир танаффус кардам, ки ҳам пеш бурдани саҳифаи худам ва ҳам ин барнома мушкил шуд.
— Умуман, Ютуб барои фаъолияти як духтар чӣ гуна аст?
— Барои ман беҳад мушкил буд. Ҳатто шуд ҳолате, ки мехостам тарки ҳамаи шабакаҳо кунам, вале як дӯст бо ман ҳамкор шуд ва инак, ду сол мешавад дар ин самт ба ман ёрӣ мерасонад, ки хеле аз ӯ миннатдорам.
— Аз вақте ки Ютуб пул доданро кам кард, ангезаи кор дар он кам нашуд?
— Аслан, ҳадафи ман пул кор кардан набуд. Ин орзуи деринаам буд, ки шукр, амалӣ шуд. Ҳар коре кардам, барои мухлисонам кардам ва хеле хурсандам, ки чунин бинандагони сершумор дорам.
— Ҳоло шумо бештар саҳифаи ютубии худро пеш мебаред ва мусоҳибаҳо анҷом медиҳед. Чаро ин барномаҳоятон монанди барномаи “Медонӣ ё не” маъруфият надоранд?
— Вақте ки мо барномаи «Медонӣ ё не”-ро пахш мекардем, он вақт ба он монанд барномаҳо кам буданд. Ҳозир бошад, дар фазои маҷозӣ барнома хеле зиёд шудааст ва ин як сабаб аст, ки интихоб васеъ шуду вақти мардум барои ҳама чизро тамошо кардан намерасад.
— Дар умум, мо доир ба ҳаёти шахсии ҳамсуҳбатонамон қариб, ки намепурсем. Аммо мехоҳем аз шумо пурсем, ки чанде пеш оилаи шумо пош хӯрда, дар интернет хеле гап баромада буд. Чаро чунин шуд ва оё намешуд, ки ин ҳама ба оромӣ хотима ёбад?
— Ман доир ба пошхӯрии оилаам чизе гуфта наметавонам, зеро феълан оиладор ҳастам ва шавҳарам иҷозат намедиҳанд дар ин масъала гап занам. Ҳар чизе буд, гузашт. Бад буд ё хуб, Худованд шоҳид аст, сад шукр, ки он ҳама ранҷу азобҳоро дидаму подоши хуберо Худованд бароям дод.
— Ба фикри шумо чаро ҷавонон ҷудо мешаванд?
— Ба фикрии шахсии ман, ягон зан намехоҳад зиндагии худро вайрон кунад.
— Ҳоло соҳиби оилаи зебо ва фарзанди дӯстрӯяк ҳастед, дар бораи имрӯзатон чӣ гуфта метавонед?
— Худоро шукр, имрӯз зиндагии осудаву пур аз ишқу муҳаббат дорам. Духтараки нозанин дорам бо номи Руъё, ки бо омаданаш зиндагиям куллан тағйир ёфт, тамоми торикиҳои дилам рӯшан гашт.
— Чаро шавҳаратонро дар “сториз”-ҳоятон нишон намедиҳед?
— Он кас намехоҳанд.
— Мо барои чӣ зиндагӣ мекунем?
— Маънои зиндагӣ фарзанд аст. Ба хотири фарзандон зиндагӣ мекунем, барои ояндаи онҳо, ки аз касе кам набошанд.
— Оё корҳое, ки ҳоло карда истодаед, ба шумо писанданд?
— Бале, писандам аст, зеро ҳама орзуҳои диламро амалӣ карда тавонистам.
— Худатонро хушбахт меҳисобед?
— Бале, ман акнун хушбахттарин зан ҳастам, зеро неъмати бузургеро бо номи “модар” соҳибам.
— Аз чӣ метарсед?
— Ҳама чизро дар ҳаёти кӯтоҳам дидам, дигар аз ҳеҷ чиз сари тарс надорам. Тарс худ марг аст, ба ҷуз Худованд аз ҳеҷ касу ҳеҷ чиз наметарсам.
— Аз чӣ пушаймонед?
— Аз ҳеҷ корам пушаймон нестам. Ҳар он чизе, ки дар ҳаётам омад, бароям омӯзонд, ки ба касе такя набояд кард, ба ҷуз худ.
— Аз кадом коратон ифтихор доред?
— Ифтихор аз он дорам, ки бо вуҷуди зан буданам дар ин синну сол маро мешиносанду Фараҳноз мегӯянд.
Меҳрубон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ