«Фаранҷипартоӣ» дар Суғд

Ба хотири пурзӯр кардани мубориза бо фарҳанги бегона ва тарғиби либосӣ миллӣ дар шаҳри Хуҷанд 21 гурӯҳи корӣ ташкил кардаанд. «Тарғибу ташвиқи аз байн бурдани либоси ба миллати мо бегона (сатру ҳиҷоб) ҳадафи асосии фаъолияти ин гурӯҳҳо гуфта мешавад.

Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 4 июл бо нашри як гузориш бо номи «Гурӯҳҳои таблиғотӣ” хабар дод, ки рӯзи 3 июл дар як ҷаласаи вижа бо ташаббуси раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати вилояти Суғд масъалаи «таъсиси гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бобати пешгирии майли занону духтарон ба фарҳанги бегонаву ба бар намудани либосҳои ба миллати мо бегона« баррасӣ шудааст. Дар ин ҷаласа, бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи расмии кумитаи занон, мудирони шӯъбаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, дину танзими ҷашну маросим, раисони маҳаллаҳо, мудирони мактабҳо, занони фаъол ва намояндагони милиса ширкат кардаанд.

Сардори раёсати кор бо занони вилояти Суғд Н.Мирзозода дар ин ҷаласа ба зарурати «пурзӯр кардан”-и мубориза бо майли занону духтарон ба фарҳанги бегона сухан рондааст.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷаласа аз ҳисоби «фаъолону шахсони масъул” 21 гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, «нақшаи чорабиниҳои доимоамалкунандаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба тарғибу ташвиқи аз байн бурдани либоси ба миллати мо бегона (сатру ҳиҷоб) дар шаҳри Хуҷанд« тасдиқ шудааст.

Кумитаи занон мегӯяд, аъзои ин 21 гурӯҳи корӣ алакай аз рӯзи 4 июл «фаъолияти худро оғоз намуда, ба ҳамаи маҳаллаҳо, марказҳои савдо, сехҳои дӯзандагӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарабхонаҳо сафарбар карда шуданд.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *