Фарангис Шарифзода — аввалин зан — директори Институти забон ва адабиёт

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Шарифзода Фарангис Худоӣ ба ҷойи Шарифзода Боймурод Бобопур директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин карда шуд.

Фарангис Шарифзода Худоӣ (Шарипова Фарангис Худоиевна) 10-уми октябри 1970 дар хонаводаи олими намоёни тоҷик, профессор Худоӣ Шарифзода таваллуд шудааст. Омӯзгор, забоншинос, номзади илмҳои филология, доктори илмҳои филологӣ, профессор аст.

Фарангис Шарипова хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1992) ва аспирантураи ҳамин донишгоҳ (2001) аст. Аз соли 2001 устоди кафедраи таърихи забон ва типология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз феврали соли 2006 сардори департаменти забони англисии Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ, аз сентябри соли 2006 сардори департаменти филологияи тоҷик ва журналистикаи ҳамин донишгоҳ, аз августи соли 2007 проректори аввал оид ба корҳои таълими Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон, аз октябри соли 2009 дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз соли 2010 докторанти кафедраи мазкур буд ва айни замон профессори ҳамин кафедра аст.

Мавсуф муаллифи мақолаҳои илмӣ ва оммавии бешумор аст, ки дар китобу маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳо чоп шудаанд.

Осори илмиаш: «Хусусиятҳои вожагонии «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳуҷвирӣ (Душанбе: Ирфон, 2011.- 140 с.), Муқаддима ва баргардони китоби «Забони паҳлавӣ» (Душанбе, 2011.- 140 с.), “Назарияи сохтори ҷумла” (Душанбе, 2013.- 220 с.) ва ғайра.

Шарифзода аввалин занест, ки дар таърихи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ директор таъйин шуд. Институти мазкур соли 1932 таъсис ёфта, олимони номваре чун Муллоҷон Фозилов, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумӣ, Абдуқодир Маниёзов, Додихудо Саймиддинов, Сайфиддин Назарзода, Акбари Турсон, Носирҷон Салимӣ сарвари он буданд. То Фарангис Шарифзода дар ин вазифа Боймурод Шарифзода фаъолият дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *