Фарангиси Аҳмадӣ маликаи Хуҷанд нашуд
Озмуни «Маликаи соли Хуҷанд-2016» бидуни ғолибияти Фарангис Аҳмадӣ
Инак тӯли чанд со ласт, ки ҳукумати шаҳри бостонии Хуҷанд барои интихоби зебосанами Хуҷанд озмуни «Маликаи соли Хуҷанд»- ро баргузор мекунад, ки дар он ҷавондухтарон новобаста аз сину сол ва миллат ширкат варзида, аз рӯйи шартҳои зерин қувваозмоӣ мекунанд:
Муаррифии малика-иштирокчӣ.
Изҳори муҳаббати малика ба ошиқ.
Намоиши пӯшидани сару либоси ҳаррӯзаи малика.
Намоиши маҳорати малика.
Намоиши либоси базмӣ.
Намоиши либоси арӯсӣ.
Имсол низ мисли солҳои пешин озмуни «Маликаи соли Хуҷанд-2016» дар толори барҳавои толори арӯсии “Шоира люкс”-и шаҳри Хуҷанд бо рақобати шаш нафар ҷавондухтарон аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят озмуни шаҳрии “Маликаи соли шаҳри Хуҷанд” баргузор гардид. Озмун мисли солҳои қабли бо шартҳои хоси худ гузаронида шуда дар иҷрои шартҳои мазкур аз ҳама хубтар Гулрӯ Исмоилова донишҷӯи курси 2-юми Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ҳунарнамоӣ карда, соҳиби 149 хол гардид. Бо қарори якҷояи ҳайати ҳакамон Гулрӯ Исмоилова дар озмуни шаҳрии “Маликаи сол”-и шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи аввал ва унвони ифтихории “Маликаи соли шаҳри Хуҷанд-2016” гардид.
Ин дар ҳолест, ки баробари ба саҳнаи ҳунар ворид шудани сарояндаи ҷавон Фарангис Аҳмадӣ ҳамагон ӯро «Зебосанами Хуҷанд», «Духтари зеботарини Хуҷанд» ном бурда, ҳатто дар расонаҳо низ ин сарояндаи навқадамро бо унвони «Зебосанами Хуҷанд» муаррифӣ мекарданд. Ҳамакнун, ки ғолиби имсолаи «Маликаи соли Хуҷанд» бо ғолибияти Гулрӯ Исмоилова ҷамъбаст гардид, ақидаҳои «Пас чаро дар ҳама ҷо Фарангис Аҳмадиро чун духтари зеботарини Хуҷанд муаррифӣ мекарданд» зиёд гардид, дар баробари ин ғолиби озмун шудани помиридухтар норозигии иштирокчиёни сомонаи «Фейсбук»-ро зиёд гардонид, ки хуб мешуд агар Фарангис Аҳмадӣ ҳам ғолиби озмун намешуд, лоақал духтари дар Хуҷанд ба дунё омадаю аслу насабаш хуҷандӣ мегирифт. Аммо аз рӯйи ҷамъбасти холҳо ва ҳамчунин иштироки иштирокчиён бармеояд, ки худи Фарангис Аҳмадӣ дар ин озмун худро номнавис накардаасту унвони «Зебосанами Хучанд»-ро ба ӯ мухлисону ҳаводоронаш аз рӯйи муҳаббати самимӣ нисбаташ дошта, додаанд. Баъд ин ки «Муҳим на хуҷанди ё помирӣ будани ғолиб, балки то кадом андоза фаъол будани ӯ дар рафти озмун аст»- арза мекунанд дастандаркорони озмуни «Маликаи соли Хуҷанд-2016».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ