Фарангисро дӯстдоштааш кушт ё бибияш фурӯхт?
Аз замони бедерак гум шудани духтараки 20-солаи ноҳияи Спитамен, ки дар пайи муноситаш бад шудан бо марди дӯстдоштааш, гӯё мард ӯро бо роҳи бӯғӣ кардан кушта, мурдаашро оташ задааст, як сол сипарӣ шуд.
Гум шудани Фарангис Рӯзиқулова сару садоҳои зиёд дар пай гузошт. Яке мегӯяд мурдааст, дуюмӣ ӯро зинда арзёбӣ мекунад, сеюмӣ бар он назар аст, ки духтар баъди ҳомиладорӣ аз шарм тарки деҳа кардааст, чорумӣ гумон дорад духтарро бибияш бар ивази пул фурӯхтааст.
Барои рушанӣ андохтан ба ин овозаҳо роҳ пеш гирифтем ба макони воқеа, то асли ҳолро аз забони наздикони духтар, гумонбар ва шоҳидони ҳол пурсон шавем:-Дилрабо Орипова, модари марҳум
—Аз марги пурсарусадои духтараки ғӯрамаргам як сол сипарӣ шуд, аммо то ҳол бароям маълум нест, ки ҷасади ӯ дар куҷост. Модар шуда ҳайронам, ки азодорӣ кунам ё умедворӣ кашам. Фақат бароям ҳамин қадараш маълум, ки ӯ фиребхӯрда аст, фиребхӯрдаи фиреби марди оиладору фарзанддор.
Бовар дорам, ки несту нопадид кардани ӯ кори дасти як нафар нест, зеро як не, ду одамро (дар батни духтар тифли 6 моҳу 15 рӯза будааст) кушта ҷасадашро пинҳон карда саҳлу осон нест. Ягон ҳодисаи нохуш аз чашми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дур намемонад ва ман бовар дорам дигар шерикдастони ин ҷиноят низ ошкор шуда, барои амали ҷинояткоронаи худ дар пеши қонун ҷавоб медиҳанд.
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ