Фарид ба нафақахурони Барнаул нон медиҳад

“Аввал 10 нон медодам, баъд 20 ва ҳоло – 40 нон. Эҳтироми калонсолон дар Тоҷикистон як расм аст. Бобоҳои мо ин корро мекарданд, баъд падаронамон ва ҳоло – мо худамон. Рӯзи ҷумъа барои мусалмонон муқаддас аст. Ҳар кас бояд дар ин рӯз доштагиашро бо дигарон тақсим кунад ва аз ҳама савоб ба мардум нон додан аст.” Соҳибкори тоҷик Фарид Мадолимов ҳар рӯзи ҷумъа дар мағозаи меваву сабзавоташ дар кӯчаи Шумакови шаҳри Барнаули Русия ба нафақахӯрон бепул нон медиҳад. «Албатта, пули нафақаи мо барои харидани нон мерасад. Вале худи чунин ғамхорӣ хеле хушоянд аст барои мо. Чӣ хуб мебуд, агар ҷавонони мо ҳам мисли ин ҷавонмарди наҷиб мебуданд, ” – мегӯянд сокинони солхӯрдаи Барнаул.

Дар бораи ин соҳибкори дасташ хайри тоҷик нашрияи «Алтайская правда”гузориши муфассалеро нашр кардааст. Тамара Попова, муаллифи гузориш менависад, ки дар бораи ин амали савоби соҳибкори тоҷик Фарид Мадолимов аз номаи як гуруҳи сокинони маҳаллии кӯҳансол хабардор шуд.

Ин занони кӯҳансол, аз ҷумла Татяна Рунова, Екатерина Крюкова, Варвара Беседина ва Любов Михайлова Фаридро «наш Фаридунчик” ном бурда навиштаанд, ки ин бачаи тоҷик бо хислату рафтори худ як намунаи ибрат барои насли навраси Русия буда метавонад: «Тавассути рӯзномаи «Алтайская правда” ба Фарид барои ғамхорӣ ва муносибати гармаш ба мардуми солхӯрда изҳори сипос мекунем. Ва ба тамоми ҷавонон мехоҳем орзу кунем, ки ба рафтору кирдори худ бияндешанд, дар атрофи худ инсонҳоро бубинанд, чунки «бо моҳ шинӣ – моҳ шавӣ, бо дег шинӣ – сиёҳ шавӣ.”

«Алтайская правда” менависад, Фарид Мадолимов мағозаеро дар кӯчаи Шумаков, ки қаблан дӯкони сигорфурӯшӣ буд, ба мағозаи фурӯши меваву сабзавот табдил дода, дар инҷо як муҳити хеле гарму дӯстонаро ба вуҷуд овардааст.

Мағозаи Фарид баъди як ташаббусаш дар байни сокинони Барнаул шуҳрати зиёд ба даст овард. Ин соҳибкори тоҷик тасмим гирифт, ки ҳар рӯзи ҷумъа барои нафақахӯрон нони гарми нав аз танӯр канда тақсим кунад. Бепул!

Варвара Беседина, яке аз муаллифони сипоснома аълочии маориф буда, 50 сол дар мактаб аз фанни забон ва адабиёти рус дарс додааст. Ӯ дар бораи Фарид дар сӯҳбат бо «Алтайская правда” мегӯяд: «Ман нафареам, ки дар ҳавои анъанаҳои адабиёти рус, ки аз ҷумла эҳтиром ва арҷгузорӣ ба кӯҳансолонро тараннум мекунанд, ба воя расидаам. Аз ин рӯ ман дасти саховати Фарид, намояндаи як фарҳанги ба мо дӯстро арҷ мегузорам. Ӯ аз таҳти дил кор мекунад ва ба ҳар харидор бо як гармии самимона муносибат мекунад. Агар кампири нотавоне биояд, дари мағозаашро барояш мекушояд ва кумак мекунад, ки ворид шавад. Албатта, пули нафақаи мо барои харидани нон мерасад. Вале худи чунин ғамхорӣ хеле хушоянд аст барои мо. Чӣ хуб мебуд, агар ҷавонони мо ҳам мисли ин ҷавонмарди наҷиб мебуданд.”

Фарид Мадолимов аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба кишвари Олтойи Русия омадааст. Ӯву ҳамсараш Фариза ду фарзанд доранд: Духтари онҳо 4 сол дошта, писарашон якунимсола аст.

Фарид Мадолимов мегӯяд, ягон кори фавқулоддае накардааст, чунки кумак ба пиронсолон, гирифтани дасти мардуми барҷомонда дар Тоҷикистон як фарҳанг аст: «Дар ватани ман ҳама чунин рафтор мекунанд. Ва вақте ман ба Сибир омадам, ин анъанаро давом додам. Рӯзи ҷумъа барои мусалмонон як рӯзи муқаддас аст. Ҳар кас бояд дар ин рӯз доштагиашро бо дигарон тақсим кунад. Оё ягон коре савобтар аз ба мардум нон додан ҳаст?”

Фарид Олимов дар суҳбат бо «Алтайская правда” гуфтааст, бобову бибиҳояш аз олам чашм пӯшидаанд ва шояд ба ҳамин хотир, ин қадар харидорони солмандеро, ки ба мағозааш меоянд, дӯст медораду навозиш мекунад. Ва онҳо ба ин муҳаббату ғамхории Фарид бо айни муҳаббат ҷавоб мегардонанд, ки як намунааш номаи дастаҷамъии онҳо ба нашрияи «Алтайская правда” бо ситоиш аз ин ҷавони тоҷик аст.

Фарид Олимов ҳоло ният дорад, ки дар Соли нав ба харидорони солмандаш бепул себу мандарин туҳфа кунад. Харидоронаш шӯхиомез мегӯянд, ки «эҳтиёт кун, боз зарар накунӣ?” Аммо Фарид муътақид аст, ки хайру саховат баръакс дари файзу баракатро мекушояд.

«Ахбор»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *