Фаридун Сафаров: Бо мардум кор карда тавонистам

Фаридун Сафаровро метавон аз ҷумлаи маъруфтарин блогерони тоҷик номид. Айни замон дар саҳифаи Инстаграмаш наздики 600 ҳазор нафар обуначӣ дорад, ки ин рақам барои блогинг ва умуман кишвари мо хеле зиёд аст. Ӯ асосан, дар блогаш саҳнаҳои хурди ҳаҷвӣ таҳия мекунад, ки аксар бозгӯи ҳодисаву навгонии замонанд.

Суҳбати мо бо Фаридун атрофи роҳандозии рубрикаи махсус бо номи «366» дар саҳифаи Инстаграмаш сурат гирифт. Феълан, дар баробари дарҳамбарҳамиҳои зиёди Инстаграми тоҷикӣ, Фаридун тавонист аз оғози соли 2024 дар блогаш рубрикаи махсус ташкил кунад ва бо тартиби муайян ҳар рӯз барои обуначиёнаш наворҳои гуногун таҳия намояд. Ин дар ҳолест, ки дар Инстаграм бо тартиб кор кардан қариб, ки имкон надорад, аммо мавсуф тавонист.

Мо доир ба идеяи таъсиси рубрикаи “366”, душвориҳо дар пеш бурдани он, фоидаву зиёни як кори ботартиб дар фазои бетартиб ва ғайраҳо суҳбат кардем.

— Идеяи рубрикаи «366» чӣ гуна ва кай пайдо шуд?

— Идеяи рубрикаи “365” соли 2021, вақте ки ман дар Маскав будам пайдо шуда буд. Аммо аз сабаби кам будани вақту имкон амалӣ нашуд. Чун охирҳои соли гузашта фаҳмидам, ки дар блогинг ҳам таҷрибаи зиёд гирифтам ва ҳам имкони онро амалӣ кардан дорам, аз аввали сол зери унвони “366” (соли 2024-ум 366 рӯзро дар бар мегирад) корро оғоз кардам.

— Вақте идея пайдо шуд, ҳар рӯз наворе нашр кардан бароятон душвор нанамуд?

— То ҳол душвориро эҳсос накардаам, зеро фикр мекунам ҳамон қуввае, ки маро таҳрик медиҳад, тамомнашаванда аст. Ман блогериро дӯст медорам ва ҳеҷ гоҳ барои анҷоми он худамро маҷбур намекунам. Шояд аз чашми дигар ҳар рӯз як навор бо иштироки блогерони машҳур таҳия кардан мушкил намояд ва шояд дар ҳақиқат душвор бошад, аммо барои ман не.

— Баъзан мебинем, ки шумо дар сафаред, аммо наворҳоятон бидуни танаффус нашр мешавад, чунин имконро чӣ гуна пайдо мекунед?

— Рӯзе мешавад, ки 4-5 наворро сабт мекунем ва мувофиқи нақша ҳар рӯз нашр мекунем.

— Идеяи наворҳо чӣ гуна пайдо мешавад?

— Идеяи аксари наворҳоро дӯстон медиҳанд ё худам мушоҳида мекунам. Агар аҳамият дода бошед, вақтҳои охир доир ба касби табиб чанд навор таҳия кардем, ки мувофиқи нақлҳо ҳодисаҳои инъикосёфта дар ҳақиқат рух додаанд. Ва боз, 10-15 фоизи наворҳоро аз рӯйи “тренд”-ҳои Инстаграм таҳия мекунем.

— Дар пешбурди ин рубрика боз киҳо саҳм доранд?

— Нафароне, ки дар пешбурди ин рубрика ба ман кумак мекунанд, шумораашон аз номи рубрика ҳам зиёд аст (механдад). Албатта, дӯстону бародароне, ки ҳам дар фазои маҷозӣ маъруфанд ва ҳам онҳое, ки ба интернет сару кор надоранд, дар рубрикаи мазкур саҳм доранд. Ман дар танҳоӣ ҳеҷам.

— Сенарист ва наворбардор доред?

— Сенарист худам ҳастам. Яъне, мушоҳидаҳоро ё нақли дӯстонро худам менависам барои наворҳоям. Наворбардору танзимгар дорам ва умуман барои корҳои техникӣ коргар гирифтаам.

— Дар як навор чӣ қадар маблағ харҷ мешавад ва ба ҳисоби миёна чанд пул фоида меорад?

— Сарфу харҷи пул ба навор ва ҳолат вобаста аст. Мешавад наворе, ки то 1000 сомонӣ дар таҳияи он сарф мекунем, аммо боз наворҳое дорем, ки комилан бидуни маблағ омода мешаванд. Дар масъалаи фоидаи молӣ бошад, бояд бигӯям, ки ҳоло фоида надорем, зеро тавре медонед Инстаграм барои тамошо пул намедиҳад ва Ютуб бошад, чанд сол аст, ки ба сегменти русиву тоҷикӣ бисёр фоизи кам медиҳад. Барои тасдиқи гуфтаҳоям, ман дар саҳифаи Ютубам зиёда аз 100 навор гузоштаам, аммо 10-11 доллар кор кардааст.

— Тавре мебинем, дар наворҳои шумо дигар блогерон ҳам иштирок мекунанд, чӣ гуна ин ҳамкориҳо ба роҳ монда мешаванд: шумо ба онҳо барои нақшофарӣ пул медиҳед ё онҳо барои бо шумо дар навор будан пул медиҳанд?

— Блогерҳое, ки дар наворҳои ман нақш меофаранд, маблағ талаб намекунанд. Мо на танҳо ҳамкор, балки дӯст ҳастем ва онҳо ҳам ҳар вақте ки барои нақшофарӣ даъват кунанд, ман бечунучаро меравам.

— Мавзуъҳое, ки дар наворҳоятон баррасӣ мекунед, барои ҷомеа фоидаовар ҳастанд?

— Фоидаовар будани наворҳои мо вобаста ба чӣ гуна қабул кардани мардум аст, зеро наворҳоямон гуногунжанру гуногунмазмунанд. Дар онҳо ҳам тарбиявӣ ҳаст, ҳам иҷтимоӣ, ҳам ҳаҷвӣ. Акнун, тамошобин навори дидаашро чӣ гуна қабул мекунад, дигар ба ӯ ва сатҳи фаҳмишаш рабт дорад.

— Дар зери наворҳоятон шарҳҳои бад менависанд?

— Анъанаи бархе корбарони интернет аст, ки баробари як чеҳраи нав пайдо шудан ҷумлаи “ҳами ту намерасидӣ”-ро дар шарҳҳо менависанд. Ман аз ин кӯча гузаштам ва шукр, оҳиста-оҳиста ба ҷое расидем, ки ҳоло дар зери наворҳоям касе сухани баду қабеҳ наменависад. Ман бо мардум кор карда тавонистам.

— Назари дӯстон — блогерони дигар ба ин рубрика чӣ гуна аст?

— Атрофиёнам бисёр хурсанданд. Албатта, баъзеҳо дар аввал каме шубҳа доштанд, ки кори душвор аст ва шояд пас аз моҳе дигар рубрикаи мазкурро пеш набарам, вале шукр, инак мо аз 30 фоизи солро бидуни танаффус гузаронидем ва бовар дорем, ки тану ҷонамон сиҳат бошад, то охири сол меравем.

— Боре аз баҳри рубрикаи мазкур гузаштанӣ шудед?

— Шукр то имрӯз ягон маротиба ин фикр дар сари ман пайдо нашудааст. Худованд қувват диҳаду дӯстону бародарон дар барамон бошанд, корро давом медиҳем.

— Маълум аст, ки барои пешрафти саҳифаатон рубрикаи мазкур хеле нақш бозид. Оё дар масъалаи молӣ ҳам он ба шумо фоидаи зиёд овард?

— Ҳоло дар масъалаи молӣ ман пешравӣ надорам, зеро мехоҳам шартномаҳои солона дошта бошам. Яъне, намехоҳам имрӯз рафта як мағозаи либосаро таъриф кунаму пагоҳ мағозаи дигарро.

— Шумо 128 рӯз шуд, ки навор омода мекунед, чӣ хулоса баровардед? Пушаймон нест?

— Умуман пушаймон нестам, зеро натиҷаи саҳифаи ман дар 90 рӯзи охир 70 миллион “охват” дорад.

— Навори охири рубрикаи мазкур чӣ мешавад?

— Ният дорам видеои 366-умам ҳисоботӣ шавад. Яъне, ба обуначиҳоям ҳисобот медиҳам, ки дар ин муддат чанд “просмотр”-у “лайк”-у “коммент” гирифтем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *