Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Бангладеш
таъин намудани Ҷалолов М.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷалолов Мирзошариф Асомуддинович ҳамзамон Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Бангладеш таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
17 июли соли 2017
№897
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Соқизода Раҳмон аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,
Раҳмонзода Мошариф аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.
2. Мирмахсумиён Исмоил Муродбек бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
17 июли соли 2017
№898
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ