Фармондеҳи «Давлати исломӣ»-ро боздошт намуданд

Дар Шибирғони Афғонистон, ки бо вилояти Ҷузҷон ҳаммарз аст, нерӯҳои амниятӣ як фармондеҳи саҳроии «Давлати исломӣ» Шерзод Анваровро боздошт карданд. Хабар дода мешавад, ин зодаи Ӯзбекистон 36 ҷангҷӯи ДИ-ро роҳбарӣ мекард.

Намояндаи вилояти Ҷузҷони Афғонистон Муҳаммад Ризо Ғаффорӣ хабар медиҳад, ки Шерзод Анваров дар шаҳри Шибирғон боздошт шуд.

«Дар рафти тафтишот вай эътироф кард, ки фармондеҳи ДИ аст. Анваров ният дошт, вориди яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шавад. Вале нагуфт ба кадоме аз ин кишварҳо мехост, ворид шавад», — хабар дод Муҳаммад Ризо Ғаффорӣ.

Ба гуфтаи вай, дар вилояти Ҷузҷон чанд фармондеҳи саҳроии ДИ ҳузур дорад.

«Ба фаъолияти ДИ дар вилояти Ҷузҷон фармондеҳони саҳроии афғон Қорӣ Ҳикмат, Муфтӣ Неъмат ва Шерзод Анваров масъул ҳастанд. Шерзод Анваров дар чанд гоҳи охир севумин ҷангҷӯи ДИ аст, ки боздошт мешавад. Пештар аз ин Муқим ва Хушмуҳаммад — фармондеҳони ДИ боздошт шуда буданд», — гуфт Муҳаммад Ризо Ғаффорӣ.

Расонаҳо менависанд, дар ҳоли ҳозир дар вилояти Ҷузҷон ҳам ҷангҷӯёни Толибон ва ҳам «Давлати исломӣ» фаъол шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *