“Фармондеҳ” паёмак фиристод ё нафиристод?

Мақомоти Тоҷикистон ба таҳқиқи паёмҳои таҳдидомези Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи “ОМОН”-и кишвар пардохтаанд. Дар ин бора Хадамоти хабарии Осиёи Марказӣ хабар додааст. Ин  дар ҳолест, ки чандин расонаи хабарии  маъруф аз қавли Рейтерс хабар доданд, ки Ҳалимов гуфтааст, сарбозонро бо 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон «табрик» хоҳад кард. Таҳдидҳо дар шакли паёмак ба телефонҳои мобилӣ ирсол шуда, зераш номи Ҳалимов зикр гардида будааст. Гулмурод Ҳалимов гуфтааст, “сарбозонро бо 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон “табрик” хоҳад кард”.  Аммо  аз мақомоти прокуратура , марзбонӣ ва корҳои дохилӣ изҳор доштанд, ки то ҳол дарёфти паёмак аз номи Гулмурод Ҳалимов тасдиқ нашудааст. Қабалан  хабар дода мешуд, ки Ҳалимов фармондеҳи нави  «Давлати исломӣ» таъин шудааст. Департаменти давлатии ИМА 30 август хабар дод, ки Гулмурод Ҳалимов дар гуруҳи тундгарои ДИ ба яке аз фармондеҳони асосӣ  табдил шудааст. ИМА барои иттилоъ дар мавриди макони ҷойгиршавии вай 3 миллион доллар ваъда кард. Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 ба сафи «Давлати исломӣ» пайваст. Гуфта мешавад, вай то кунун дар ҷангҳои Сурия ду маротиба маҷруҳ шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *