Фармони даъвати ҳарбии тирамоҳӣ имзо шуд
27-уми август Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фармони даъват ба хизмати ҳарбии тирамоҳиро имзо кард.
Тибқи фармон ҷавонони аз 18 то 27 сола (солҳои таваллуди 1997-2006) дар мавсими даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд.
Маъракаи даъвати ҳарбӣ аз 1-уми октябри соли ҷорӣ оғоз гардида, то охири моҳи ноябри соли равон идома меёбад.
Дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон, онҳое, ки хидмати ҳарбиро тамом карданд, дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода шаванд.
Раисони шаҳру ноҳияҳо якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ вазифадор шудаанд, ки даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хидмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.
Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи телевизион ва радио муваззаф шудаанд, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври густурда инъикос намоянд. Ҳамчунин, хидмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон тарғиб намоянд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон ду навбат — баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-сола барои хизмат дар Артиши миллӣ ҷалб мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ