Фаронса кишвари калидӣ ва мудофеи ҳуқуқи инсон дар Аврупо

Соли 2013  дар Порис – пойтахти Фаронса сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд. Фаронса дар Аврупо мавқеи калидӣ дорад ва тӯли солҳои охир робитаи он бо Тоҷикистон густариш меёбад.

Аввалин иншооти бузурге, ки ин кишвар дар Тоҷикистон бунёд кард, терминали мусофиргузар дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе буд. Баъд аз шуруъ ба кор намудани сафорат дар ин мамлакат робита миёни ду кишвар ба кадом андоза густариш ёфт?  Фаронса дар Иттиҳоди Аврупо дар муносибат бо Тоҷикистон дар кадом мавқеъ аст? Суҳбати Шариф Ҳамдампурро  бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Назаров Ҳомидҷон Темурович пешкаши хонандагони «Тоҷикистон» месозем.

-Фаронса дар Аврупо мавқеи калидӣ дорад. Дар ин кишвар созмонҳои зиёди байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО фаъолият  доранд. ЮНЕСКО натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои ҷаҳон  муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин муддат   то кадом андоза тавонистед  фаъолияти сафоратро дар Фаронса ва ҳамкориро бо ин созмон ба роҳ монед?

— Албатта,          фаъолияти сафорат дар доираи санадҳои қабулшудаи ду ҷониб ба роҳ монда шудааст ва онро ман мусбӣ арзёбӣ мекунам. Фаронса имкониятҳои бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар Аврупо дорад.  Истифода аз он ҷиҳати ҳамкорӣ бо Тоҷикистон муҳим, вале тадбиқи он вақт мехоҳад. Дар се соли фаъолият мо тавонистем, ки худро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, рӯ ба рушд муаррифӣ кунем. Самтҳои асосии ҳамкорӣ, ки  барои робитаи минбаъда миёни ин ду кишвар муайян гардиданд, ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Фаронса дастгирӣ ёфтаанд. Соли 2015 ба мо муяссар гардид, ки аввалин форуми соҳибкорони ҳарду кишварро дар Тоҷикистон ва Фаронса баргузар намоем. Дар ин замина  ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси шӯрои соҳибкорони Фаронса ва Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санад  барои ҳамкории соҳибкорони ҳарду ҷониб шароити мусоид фароҳам меорад.

— Анҷумани соҳибкорон  баргузор гардид, шӯро таъсис ёфт. Натиҷаи он чист?

-Яке аз самтҳое, ки  Вазорати корҳои хориҷии мо пеш гирифтааст, дипломатияи иқтисодӣ мебошад. Вазорати корҳои хориҷии Фаронса ҳам ин иқдомро ҷонибдорӣ мекунад. Аз ин ҷиҳат мо талош меварзем, ки дар ин самт фаъолиятамонро идома диҳем. Як чизро бояд тазаккур диҳам, ки Фаронса пеш аз он ки ҳамкориашро  бо кишваре густариш диҳад, корро аз робитаи иқтисод оғоз мекунад. Яъне, нишондоди асосии ҳамкорӣ иқтисоди  кишвар аст. Сипас дар заминаи он ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ғайра пеш мераванд. Ҳоло  25 корхонаи хурду калони Фаронса дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ки 12-тои онҳо  дар давраи фаъолияти кории сафорат  рост меояд. «Ашан» калонтарини онҳост. Стратегияи  «Ашан» чунин аст, ки дар атрофи худ корхонаҳои зиёди истеҳсолкунандаи маводи ғизоиро бунёд месозад.

Дар соҳаи фарҳанг низ мо дастовардҳои назаррас дорем. Давоми 3 сол пайи ҳам рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Порисро баргузор намудем. Имсол ба мо муяссар шуд, ки маркази диаспораи тоҷиконро бо номи «Равзана»  дар шаҳри Париж  таъсис диҳем, ки теъдоди аъзои он зиёда аз 60 нафарро ташкил медиҳад. Фаъолияти  ин диаспора  бо сафорат хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар қисмати аввали соли 2018 интизор меравад, ки намоиши дастовардҳои бостоншиносии Тоҷикистон дар осорхонаи Порис гузаронида шавад.

-Замони шӯравӣ  бостоншиносони Фаронса дар мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла Саразм  фаъолияти бостоншиносӣ мебурданд.  Имрӯз низ онҳо ҳамкорӣ доранд?

— Аз соли 1989 «Ифиак»- яке аз ташкилотҳои бостоншиносии Фаронса дар Тоҷикистон  фаъолият мекунад. Ин ҳамкорӣ аз  замони шӯравӣ то ҳол идома дорад ва  ҳеҷ гоҳ фаъолияташ қатъ нагаштааст. Ҳоло низ бостоншиносони Фаронса ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Мо ҳар сол як ҳайатро иборат аз 5-6 нафар аз Фаронса ба Тоҷикистон барои идомаи тадқиқоти бостоншиносӣ равона мекунем.

 

 -Ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО дар кадом сатҳ қарор дорад?

Мо танҳо дар ҷаласаҳои  фарҳангии ЮНЕСКО ширкат меварзем. То аввали соли ҷорӣ сафорати мо дар Брюссел Тоҷикистонро дар ЮНЕСКО намояндагӣ ва муаррифӣ мекард ва ҳоло низ чунин аст.

— Чаро мо дар Фаронса сафорат дорему ҳакориро бо ЮНЕСКО сафорати мо дар Белгия ба анҷом мерасонад. Фосила хароҷот дорад, бар илова, магар халал ба ҳалли оҷили масъалаҳои дипломатӣ намерасонад?

— Ибтидои имсол сафири нав дар Брюссел шуруъ ба фаъолият намуданд. Гумон мекунам ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад.

-Ҳамоҳангии сафоратхонаҳо дар Аврупо чӣ гуна сурат мегирад?

-Албатта, тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сохторҳои мутаалиқи он. Дар дохили ин вазорат раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрико ҳаст, ки воваста ба ҳар самт масъалаҳоро мувофиқа менамоем.

— Яке аз масъалаҳои асосие, ки  ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи Фаронса қарор медиҳад, ҳуқуқи инсон аст. Дар Иттиҳоди Аврупо ҳам Фаронса беш аз дигар кишварҳо дар парлумон ин мавзӯъро ба миён мегузорад ва пайгирӣ менамояд. То кадом андоза сафорат дар мавриди дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мавқеи Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст?

-Дар масъалаи ҷунбишҳо ва он ҳодисаҳое, ки дар Ховари Миёна ва дигар кишварҳо ба вуқӯъ пайвастанд, мо бо Фаронса ҳамкорӣ дорем. Фаронса кӯшишҳои тавассути собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода  ба роҳ андохтани табаддулотро дар соли 2015, терроризм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлубро маҳкум мекунад.

-Дар  қабули қатъномаи парлумони Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон депутатҳои Фаронса чӣ нақш доранд?

-Дар ин ҷо 100 нафар аз Фаронса иштирок доштанд. Ҳамагӣ 1 нафар аз Ҳизби сотсиалистӣ ба ҷонибдории  қатънома овоз додааст.

Сафорат барои ҳимоя ва шарҳи мавқеи Тоҷикистон  бо мақомоти расмӣ ва намояндагони мардумӣ кадом корҳоро анҷом медиҳад?

-Мулоқотҳо анҷом медиҳем. Қувваи асосие, ки истифода мебарем, ин ҳамкорӣ бо гурӯҳи «Дӯстӣ» аст. Дар сенати Фаронса гурӯҳи «Дӯстии Фаронса ва Осиёи Марказӣ» фаъолият дорад, ки ҳадафи он ҳамкориҳои судманд байни  кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Фаронса аст. Дар ин гурӯҳ вобаста ба кишвар як нафар масъул интихоб шудааст. Аз ҷумла, Тоҷикистонро низ як нафари алоҳида намояндагӣ мекунад, ки исми ӯ Сесилия Гоа Шован аст. Назари ӯ ба Тоҷикистон нек ва хайрхоҳона мебошад.

-Дар Аврупо ҳар кишвар парлумони худро дорад. Ғайр аз ин, дар Брюссел парлумони умумиаврупоӣ фаъолият дорад, ки  тамоми тасмимҳо дар он ҷо гирифта мешавад ва иҷроиши он барои ҳамаи кишварҳои Аврупо ҳатмист. Оё миёни сафоратҳои дар кишварҳои Аврупобудаи Тоҷикистон бо сафорати мо, ки дар Брюссел фаъолият дорад, ҳамоҳангие вуҷуд дорад?

-Ҳар  сафорат аз рӯйи нақшаи худ фаъолият мекунад. Тавре қаблан зикр кардам ҳамоҳангсозӣ тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки он сарпарасти мост, сурат мегирад ва ҳамагуна мавзӯъотро мо дар мувофиқа бо раёсатҳои мутаалиқаи вазорат баррасӣ ва ҳал менамоем.

— Ҳуқуқи башар аз мавзӯъҳои асосии Фаронса аст. Дар парлумони Аврупо ҳам ин масъала дар ҷойи аввал қарор дорад.  То чӣ андоза ба шумо ва ҳамкасбони дар Аврупобудаатон  муяссар гашт, ки афкори омма, андеашаи роҳбарони ин кишварҳоро оид ба риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тағйир диҳед?

-Фаронса  бештар мехоҳад, ки фаъолияташро дар масъалаи ҳуқуқи инсон на дар сатҳи дуҷониба, балки дар самти бисёрҷониба анҷом диҳад. Дар ин кор аз  ОБСЕ, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои дигар истифода мекунад. Агар аҳамият диҳед, депутатҳое, ки дар бораи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гап мезаданд, худашон  аз ҷумҳуриҳои   собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳастанд. Ба мисли Латвия, Эстония. Эстония, ки кишвари пешрафта аст, ба ин масъала аҳамияти калон медиҳад ва мебинад, ки дар куҷо воқеан ҳам ҳуқуқи инсон поймол мешавад. Аъзои комиссияи вобаста ба дифои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ аслан аз ин кишварҳоянд.

-Роҳбари комиссияи порломони Иттиҳоди Аврупо оиди баррасии риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ аз Эстония аст. Ӯ ва дигар аъзо гумон доранд, ки Тоҷикистон дар мавқеи Русия қарор дорад ва он муносибати манфие, ки нисбати Русия доранд, иҷборан ба сари Тоҷикистон мехоҳанд бор кунанд. Масалан, Русия бо Беларус дар як иттиҳод (Союзное государство) ва боз дар Иттиҳоди гумрукӣ қарор доранд. Шояд ҳатто таҳти назари сафорати Тоҷикистон дар Беларус қарор доштани Эстония, Латвия ва Литва ба хулосае оварда бошад, ки дар асоси назари зеҳнгароёна шакл мегирад?

— Албатта, ҳар  кишвар мехоҳад, ки дар дигар кишварҳо сафири алоҳида дошта бошад,  бо шарики минбаъдааш робитаи ҳасана пайдо созад. Аммо фикр намекунам, ки таҳти назари сафорати мо дар  Беларус қарор доштани се давлати назди Балтика ба ин асос шуда тавонад. Дипломатия  аз сиёсати парлумонӣ фарқ мекунад.

Сӯҳбатнигор: Шарифи Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *