“Фароз” дар баланд шудани нарх гуноҳе надорад, аммо аз Абдуқодир норозист
Ширкати «Фароз”, ке аз ширкатҳои асоаӣ дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон дар як изҳорот ба ин ширкат рабт додани болоравии нархи гази моеъро «хулосабардориҳои беасос” ва «суханони иғвоомезу бардурӯғ” номида гуфтааст, сабаби асосии болоравии нархи газ коҳиши фурӯши он аз ҷониби ширкати «СНПС-Актобемунайгаз”- Қазоқистон аст, на ширкати «Фароз.”
Изҳороти ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Фароз” рӯзи 27 июн дар саҳифаи ин ширкат дар шабакаи Фейсбук нашр шуд. Дар изҳорот аз шаҳрвандон ва шахсони алоҳида, аз ҷумла аз журналист Абдуқодири Абдуқаҳҳор хоста шудааст, ки «бидуни таҳлилу далелҳои ҷойдошта ва дарки ҳолати воқеии масъалаи мазкур, болоравии арзиши гази моеъро бо хулосабарориҳои беасос ва ҳар гуна суханони иғвоомезу бардуруғ баҳогузорӣ накунанд.”
Ширкат мегӯяд, боло рафтани нархи гази моеъ тақсири «Фароз” нест, балки «сабаби асосии баландшавии нархи гази моеъ дар бозори дохилии кишвар, ин кам гардидани ҳаҷми фурӯши он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии «СНПС-Актобемунайгаз»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва норасоии он дар ин кишвар маҳсуб меёбад.«
Аз иди Рамазон ба ин тараф дар байни ҳамагӣ 10 рӯз нархи гази моеъ дар Тоҷикистон қариб 50 дарсад боло рафта, дар Душанбе ба 4,70 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон ба 5 сомонӣ расид.
Бисёриҳо дар ин болоравии нархҳо дар дасти ҳамагӣ чанд ширкат, аз ҷумла «Фароз” монополия шудани бозори сӯзишвории Тоҷикистонро муқассир медонанд. Аммо «Фароз” дар изҳороташ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон 35 ширкат ба воридоти гази моеъ машғуланд, вале ҳаҷми воридот аз Қазоқистон то 40 дарсад кам шуда, сабаби боло рафтани нарх шудааст.
Ширкати «Фароз” як ширкати бузурги марбут ба Шамсулло Соҳибов, домоди президенти Тоҷикистон аст, ки дар арсаҳои мухталифи тиҷорат ва иқтисоди кишвар – аз воридоти маводи сӯхту маҳсулоти дигар то ҷамъоварии шираи камолу дорусозӣ ва металлургияву туризм ва мактабҳои ронандагиву истеҳсоли рақамҳои давлатӣ барои мошинҳо пештоз аст.
Ахбор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ