Фаррух Сангинов: Баъзан шӯхиро намебардорам
Фаррух Сангинов ҳамчун аъзои фаъоли гурӯҳи “Территория юмора” ва блогери шинохта дар сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфият ба даст овардааст. Ду соли охир лоиҳаи мазкур фаъолияти худро қатъ намуда, боиси нигаронии мухлисон гаштааст. Нафарони зиёде ба идораи ҳафтанома занг зада, сабаби пароканда шудани аъзоёни гурӯҳро донистан мехоҳанд. Ба ин савол ва дигар паҳлуҳои кору зиндагии шахсӣ суҳбати хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳаҷвнигор Фаррух Сангинов пешниҳоди хонандагон мегардонем.
-Сабаби пароканда шудани лоиҳаи «Территория юмора» дар чист?
-Гап сари он аст, ки тамоми аъзоёни гурӯҳ соҳиби оила шуданду феълан аз паи зиндагии худ ҳастанд.
-Имкони дубора сарҷамъ шудани гурӯҳ ҳаст?
-Шояд, лекин ба мисли гурӯҳи пешинаи “Территория юмора” намешавад.
-Шояд ягон гурӯҳи нав таъсис медиҳед?
-Аллакай ҳамроҳи чанд дӯстам дар Душанбе фаъолиятро оғоз кардем. Мехоҳем дар стили “камеди- клаб” саҳначаҳои ҳаҷвиро пешниҳоди ҳаводорони ҳаҷв гардонем.
-Фаррух, шумо аз хурдӣ ба ҳаҷвнигорӣ шавқ доштед, чаро ба Донишкадаи санъат дохил нашудед?
-Азбаски модарам маро ба танҳоӣ калон карданд, орзуҳои он касро амалӣ карда, ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дохил шудам. Шавқи ҳаҷвнигорӣ дар дилам дар давраи мактабӣ пайдо шуда буд. Аввалин баромадҳоям аз маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” (КВН) сар шуд.
-Бо модар танҳо будед, чӣ мушкилиҳоро паси сар кардед?
-Барои як ҷавон дар айёми наврасӣ ёрии падар, сиёсати падар, тарбияи падар ва насиҳатҳои падар лозим аст. Ман хеле хушбахтам, ки модарам тавонист ин ҳамаро ба ман диҳад.
-Ба ҷуз ҳаҷвнигорӣ боз аз рӯи ихтисоси худатон ҳам кор мекунед?
-Не, дар соҳаи худам кор намекунам. Ба ғайр аз ҳаҷвнигорӣ дар рекламаҳо, навиштани сенария, маркетинг бо баъзе аз корхонаҳо ҳамкорӣ мекунем. Даромади асосии мо аз реклама аст.
-Шумо дар зиндагӣ ҳам ҳамин гуна шӯхтабиат ҳастед?
-Не, ман чандон одами шӯх нестам. Тамоми ҳазлу шӯхиҳоям барои болидахотир сохтани мардум аст.
-Агар шуморо дар кӯча бо номи худатон неву бо исми ягон қаҳрамони офаридаатон садо кунанд, чӯ гуна қабул мекунед?
-Агар хушҳол бошам, хуб қабул мекунам ва ҳатто ягон шӯхии дигар низ илова мекунам. Агар хушҳол набошам ё бо аҳли оилаам бошам, ин чиз ба ман намефорад.
-Бисёриҳо гумон мекунанд, ки шумо писари ҳаҷвнигори саршинос Муқимҷон Абдуфаттоев ҳастед. Оё ягон маротиба ин гапро ба шумо гуфтаанд?
-Бале, ба ман бисёр ин саволро медиҳанд. Хайрият, ки Муқимҷон Абдуфаттоев аз Исфара ҳастанду мо аз Бӯстон. Агар аз як шаҳр мешудем, шубҳа пайдо мешуд.( Механдад). Ман мухлиси Муқимҷон ҳастам.
-Дар соли ҷорӣ чӣ нақшаҳо доред?
-Санаи 25-уми ноябр консерти дуюми худро дар Кохи Суруш барои мухлисони ҳаҷву ханда пешниҳод месозам. Дар инстаграм бошад, аллакай бо чанд блогерон суҳбат кардем ва оянда боз ҳам саҳначаҳои ҳаҷвии беҳтарро пешкаши ҳаводорон карданӣ ҳастем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ