Фарзандбезорӣ ҳам айби коронавирус?
Чанде пеш дар нақлиёти мусофирбар, ки аз ноҳияи Файзобод ба самти Мискинобод равона буд, савор шудам. Дар паҳлуям зане менишасту беист ашк мерехт.
Ҳисси кунҷковиам ором нагузошту сабаби гиряи ӯро пурсидам, зан аввал посух надод, вале пофишории маро дида, бо алам дарди дил кард:
-Номи ман Меҳрона. Панҷ сол пеш бо амри тақдир ба Алимардон К., сокини хоҷагии Ленингарди ноҳияи Рӯдакӣ аз деҳаи “Заркамар”-и ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод, ба шавҳар баромадам. Соли аввали зиндагиамон хуш гузашт, вале оҳиста-оҳиста шавҳарам тағйир ёфта, ба хона дер омада, дашному латтукубам мекард. Борҳо аз хона бароварда пешам кард, аммо тоқат мекардам.
Бо ҳамин ҳол, аз байн панҷ сол гузашту дар хонадонамон ду фарзанд – Оиша ва Осия таваллуд шуданд. Аммо дар тӯли панҷ соли зиндагӣ шавҳарам ба фарзандонаш ҳатто ягон либос нахарид ва онҳоро бо хорию зорӣ калон мекардам. Маҷбур шудам барои нигоҳубини ду фарзандам ба хонаи падарам биёям. Алҳол бо ду фарзанд дар он ҷо зиндагӣ дорам. Гарчанде Алимардон азоби ману фарзандонашро донад ҳам, боре суроғамон намекунад. Паранда ба умед лона месозаду фарзанд ба дунё меорад, агар лонаи ӯро вайрон кунед, Худои мутаол намебахшад…”
Ба манзил расидему Меҳрона бо ашки шашқатор аз мошин поин шуд. Бори дигар андешидам, ки дар дунё шумораи мардони ҳақиқӣ, ки ғами зану фарзандро хӯранд,торафт камтар шуда истодааст. Наход ҳамин ҳам айби коронавирус бошад?
Ҳокими Сафар, ноҳияи Файзобод
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ