Фарзанди содиқи Ватан
Генерал-майор Эркин Муҳиддинов 80-сола шуд
Хушбахтона, имрӯз дар кишварамон шахсиятҳое ҳастанд, ки бо дилу нияти пок ва бо садоқат ба халқу Ватан хизмат намуда, бо фазилатҳои наҷиби инсониашон байни мардум соҳибэҳтиром гаштаанд. Яке аз чунин мардони фидокору заҳматкаш, ватандӯст, нексиришту хирадманд, хоксору заминӣ генерал-майор Муҳиддинов Эркин Юлдошевич мебошанд, ки рӯзҳои наздик 80-солагии умри бобаракати хешро қайд намуданд.
Эркин Муҳиддинов 14-уми августи соли 1944 дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Баъди бо баҳои аъло хатм намудани мактаби миёна ба факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи омӯзгории пойтахт дохил шуда, онро бо дипломи сурх хатм мекунад. Баъд дар асоси роҳхати мактаби олии номбурда ба ҳайси муаллим ба шаҳри Турсунзода равон карда мешавад. Дар як муддати кӯтоҳ ӯ дар байни омӯзгорон ҳамчун мутахасиси ояндадор ном мебарорад. Қобилияти ташкилотчигӣ ва дониши ҳаматарафаи Муҳиддиновро ба назар гирифта, вайро ба вазифаи нозири шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода таъин мекунанд. Соли 1967 ба хизмати модар Ватан даъват мешавад, ҷанговари башардӯст мебошад, соли 1968 дар қатори дигар родмардони Артиши Шӯравӣ дар ором кардани ошӯбҳои Ҷумҳурии Чехословакия иштирок кардааст.
Пас аз ба итмом расидани муҳлати хизмат ба шаҳри Турсунзода баргашта, фаъолияти худро дар соҳаи маориф давом медиҳад. Донишу қобилияти баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва маҳоратҳои Эркин Юлдошевичро Кумитаи бехатарии давлатии ҷумҳурӣ ҳаматарафа омӯхтаю ба назар гирифта, вайро барои хизмат дар сафҳои мақомоти амниятӣ даъват мекунанд.
Бояд иброз намоям, ки дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ афсари кумитаи бехатарӣ шуда хизмат намудан орзуи ҷавонони пешқадами ҳамон замон буд ва ин на ба ҳар кас муяссар мешуд. Ҳамин тавр, устод Муҳиддинов Э. Ю. дар ин идораи бонуфуз зиёда аз 33 соли ҳаёти пурсамару бобаракати хешро паси сар кардааст. Дар ин муддат вай аз вазифаи афсари оперативӣ сар карда, дар вазифаҳои сардори шуъбаҳои амнияти ноҳияҳои Восеъ ва Турсунзода, шуъбаҳои ҳимояи сохти конститутсионии Раёсатҳои амният дар собиқ вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва дар давраи соҳибистиқлол шудани Ватанамон, бениҳоят мураккаб шудани вазъият ва сар задани ҷангҳои шаҳрвандӣ дар кишварамон зиёда аз 7 сол, аниқтараш то моҳи июни соли 2000-ум сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати амният буданд.
Ман худро яке аз шогирдони устоди нуктасанҷу ҳамадон Эркин Юлдошевич меҳисобам, зери сарварии он кас охири солҳои 80-ум дар Раёсати Кумитаи бехатарии давлатӣ дар вилояти Хатлон фаъолият кардаам. Аз он кас нозукиҳои фаъолияти оперативӣ, тарзи дурусти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ва коркарди ашхос ва гурӯҳҳои ҷиноии муташаккилро, ки ниятҳояшон содир намудани амалҳои ифротгароию даҳшатафканӣ аст, омӯхтаам ва дар мубориза дар ин самтҳои ибрознамуда онҳоро истифода бурдаам. Ҳангоми дар минтақаҳои дигари кишвар хизмат карданам низ дар ҳолатҳои зарурӣ аз он кас маслиҳатҳо мепурсидам, доимо он кас холисона ёрии беғаразонаи худро ба ману ҳамкорон мерасониданд.
Генерал-майор Муҳиддинов Э. Ю. шахси босаводу боғайрат, доною дурандеш буда, дар байни афсарони қаторию роҳбарони дараҷаҳои гуногуни КДАМ ҶТ дар муддати 33 соли хизматаш соҳиби эътибору эҳтироми хоса гаштааст. Бо сарварию чораандешии устод, нотарсию вафодорӣ ва сина сипар карданҳо аз тарафи кормандони Раёсати мубориза бар зидди терроризм садҳо адад силоҳи оташфишон, миқдори зиёди воситаҳои тарканда аз ҷинояткорон ёфта, мусодира карда шудаанд, даҳҳо роҳбарони ҷиноии гурӯҳҳои террористӣ дастгир ё безарар карда шудаанд. Аз рӯи хислаташон марди хоксору заминӣ бошанд ҳам, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ содиқ буданд, тарс ҳангоми таъмини чорабиниҳо ва амалиётҳои махсус, коркарду дастгир намудани ҷинояткорони хавфнок барои он кас бегона буд. Мисолҳои зиёдеро овардан мумкин аст, ки бевосита бо иштироки Эркин Юлдошевич дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдату Рудакӣ ва гирду атрофи пойтахт чорабиниҳо барои дастгиркунӣ ё барҳамзании гурӯҳҳои силоҳбадасту қотил барои таъмини зиндагии оромонаи мардум гузаронида шуда буданд.
Масалан, гурӯҳи силоҳбадасти Ризвон Содиров, ки худ зода ва сокини шаҳри Ваҳдат буд, соли 1992 як гурӯҳи калони қотилонро ташкил намуд. Бо гаравгонгирию бераҳмӣ ва қотилиаш дар ҷумҳурӣ ва бо тарафдоронаш бо содир намудани ҷиноятҳои вазнин дар водии Рашт машҳур шуда буд. Барои дар назди мардуми ноҳия бар зидди Ризвон нотарсона баромад намудан ва дастгирӣ кардани сохти конститутсионӣ аз тарафи сардори амнияти ноҳия полковник Ҳасанов Акрам, афсари калони амният майор Донаев Сулаймон, шахсан худи Ризвон бо 5 ҷанговаронаш ба идораи амнияти ноҳия рафта, онҳоро ва як афсари оперативии ШКД ноҳияи Раштро, ки бо номбурдаҳо будааст, ба қатл мерасонанд. Моҳи феврали соли 1993 вай ноҳияи Раштро Ҷумҳурии исломии Рашт эълон карда буд. Даҳҳо маротиба ашхоси алоҳида ва хориҷиёни Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналхалқиро гаравгон гирифта, аксарияти онҳоро баъди гирифтани маблағҳои калон ба қатл мерасонд. Бо ҷанговаронаш ба Афғонистону Покистон рафта, онҳоро аз таёрии махсус мегузаронд. Як муддат роҳбарияти Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик Содиров Ризвонро сарфармондеҳи Қувваҳои мухолифин таъин намуда буд. Аз бедодгарӣ ва амалҳои бераҳмонаи Ризвон роҳбарияти ИНОТ низ безор мешавад, бо пешниҳоди роҳбарияти ИНОТ вай аз вазифа бо фишори қаҳрамони зиндаёд Аҳмадшоҳ Масъуд озод карда мешавад. Ризвон бо бародару муҷоҳидонаш ба ҶТ баргашта, амалҳои ноҷавонмардонаи худро нисбати кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва мардуми мулкӣ давом медиҳанд.
Соли 1997 дар арафаи сафари хизматии Роҳбари давлат ба Аврупо, Ризвон ба ҶТ бармегардад, дар минтақаи Оби Гарм аз тарафи бародари вай Баҳром Содиров 13 нафар шаҳрвандони хориҷӣ гаравгон гирифта мешаванд. Аз тарафи дигар ҷанговарони Ризвон рӯзноманигорони фаронсавӣ, зану шавҳар Карин Манн ва Ф. Маннро дар шаҳри Душанбе гаравгон мегиранд. Дар вақти озод намудани гаравгонҳо Карин Манн аз таркиши норинҷаки ҷинояткорон кушта мешавад. 25-уми ноябри соли 1997 роҳбарияти Кумита устод Эркин Муҳиддиновро роҳбари чорабинии дастгир ё безараргардонии роҳбари қотилон Ризвон таъин мекунад. Кордонӣ, ғайрату далерӣ ва қобилияти дурусти ташкилотчигии Эркин Юлдошевич сабаб шуд, ки Содиров Ризвон дар натиҷаи амалиёти 2-шабонарӯза дар шаҳри Душанбе безарар гардонида шуда, 5 ҳамяроқонаш кушта, боқимондаҳояшон дастгир, аз онҳо даҳҳо адад силоҳҳо ва воситаҳои тарконанда мусодира карда шуданд.
Барои бомуваффақият гузаронидани ин амалиёт, устод Муҳиддинов Э. Ю. бо рутбаи олии ҳарбии генерал-майор ва афсарони фаъоли дар амалиёт иштирокнамуда бо мукофотҳои давлатӣ ва туҳфаҳои қимматнок аз тарафи Сарфармондеҳи Олиии ҚМ ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ карда шуданд.
Барои хидматҳои шоёнашон дар таъмини сулҳ ва амнияти кишвар устод ҳамчунин бо ордени Спитамен ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Генерали арзанда ҳоло дар атрофи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронанд, дар вохӯриҳо бо собиқадорон шоҳмотбозӣ мекунанд, китоби ёддоштҳояшонро ва баъзан шеърҳои пурмазмун менависанд.
Аз фурсат истифода бурда, устоди азиз, рафиқ генерал-майор Эркин Юлдошевичи муҳтарамро аз номи шогирдону ҳамкорон ва дӯстонашон бо 80-умин солгарди ҳаёти пурсамарашон табрик намуда, барояшон саломатию сарбаландӣ, хушбахтиҳои зиёд ва офияти зиндагиро аз Яздони Пок таманно дорем.
Р. МАҲМАДАЛИЕВ,
генерал-майор, собиқадори КДАМ ҶТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ