Фарзона Ҷабборова аз «шантаж»-и кӣ ҳаросид?

Фарзона Ҷабборова, сокини 24 солаи деҳаи “Озодагон”-и ҷамоати Хурмеи шаҳри Панҷакент мегӯяд, шавҳараш барои аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум кардан ӯро “шантаж” дорад, аммо мақомот ҳанӯз ба ин қазия одилона баҳо намедиҳанд.

Ӯ ҳамроҳи бибияш – Ибодат Ҷабборова ба дафтари “Озодагон” омад ва гуфт, соли 2014 бо ҳамдеҳааш — Насим Бегов, ки ҳамсолаш буд, оиладор шуда, як фарзанд дораду айни ҳол ҳомиладор аст.

Фарзона афзуд, дар пайи нофаҳмие, ки дар оилаи ҳамсараш ба вуҷуд омад, тӯли шаш моҳ аст дар хонаи модару бародаронаш зиндагӣ мекунад ва дар ин вақт аз ҷониби шавҳараш ягон кумак нагирифтааст. Мегӯяд, ахиран тасмим гирифт қонунӣ аз ҳамсараш ҷудо шавад ва барои пардохти алимент санади даромади шавҳараш низ лозим буд: “Шавҳарам дар Душанбе кор мекунад ва бояд баъзе ҳуҷҷатҳоро мефиристод, аммо пешакӣ бо шиносаш, ки ӯ низ ҳамсинфамон буд, маслиҳат мекунанд, ки бо бадном кардан маро аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум созанд”.

Ин сокини шаҳри Панҷакент мегӯяд, аввали моҳи ноябр бегоҳ вақте аз як тӯй ҳамроҳи дигар занҳо бармегашт, Хуршед, ҷӯраи шавҳараш занг мезанад, ки омада ҳуҷҷатҳои ҳамсараш додаро бигирад, аммо вақте барои ҳуҷҷатҳо омад, ӯро ба мошин зуран бор карда, аз деҳ берун мебарад: “Вақте Хуршед занг зад ки омада ҳуҷҷатҳоро бигирам, гуфтам, ки хона биёр. Аммо ӯ бо мошин сари кӯча омада, “коғазҳоро хонда имзо мон” гуфта, маро даруни мошин маҳкам карда, аз деҳа берун бурд”.

Хонум Ҷабборова мегӯяд, ҳарчанд фарёд зад, вале касе овозашро нашунид: “Вақте аз деҳа берун бурд, хост маро дасти зурӣ кунад, ман бошам доду фарёд мекардам. Ҳамин вақт шавҳарам пайдо шуда ба наворгирӣ шурӯъ кард ва гуфт, ки агар ариза дода аз ҳуқуқи модарӣ даст накашӣ бо ин навор беобрӯ мекунам”.

Вай дар идома афзуд, ин корро Хуршед бо тавсияи шавҳараш анҷом додааст: “Ман ҳомиладорам, ба наздики таваллуд мекунам. Шавҳарам ҳатто барои фарзанди дар батни ман будааш фикр накард”.

Ибодат Ҷабборова, бибии Фарзона гуфт, баъди ин қазия ба мақомоти шаҳри Панҷакент муроҷиат кардаанд, аммо ҳанӯз ҷавобе нагирифтаанд: “Ҳарчанд дар Панҷакент кушиш кардам, мақомот баҳои одилона надода истодаанд ва имрӯз ба пойтахт омадам ба дигар мақомот ва аз ҷумла ба Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат мекунам”.

Дар ҳамин ҳол Насим Бегов, ҳамсари Фарзона дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, суханҳои завҷааш асос надорад. Ӯ мегӯяд, чанд моҳ қабл нафареро гумошта буд, то ҳаракатҳои ҳамсарашро назорат кунад, аммо ҳеч далеле пайдо карда натавонист. Бегов тасдиқ кард, нафаре, ки ҳамсараш ба мошини ӯ нишаст, ҳамсинфаш мебошад, аммо ин нақшаи вай набуд: “Бо ҳамсинфам қаблан дар як ҷо кор мекардем. Ҳамин хел гапҳо ҳам шуд, ки гӯиё ҳамсинфам аз ман қарздор буда, ба хотири аз баҳри маблағ гузаштанам ин корро кардааст, вале ин гапҳо воқеият надоранд”.

Бознашр аз Озодагон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *