Фарзона Қаввомӣ – Эрон
Фосилаат хуб аст
Ман сурхпўсти лаҷбози муосирам,
Пўстам ба дарди сўхтан мехўрад бо бўса.
Бароям харгўшҳои хунин биёвар,
Бо найзае аз дандони бабр.
Ба ёд биёвар,
Бистсолагиамро, ки бе Тойтоник ошиқ шуд,
Дар бастаҳои иштибоҳӣ.
Сисолагиамро,
Ки содир шуд ба Аморот,
Ва панҷоҳсолагиамро,
Ки шўриш кард зери чодаре миллӣ,
Ман ба ҷангу муҳиммот ниёз дорам.
Қутбнамо,
Равонаам мекунад ба сўи кўсаву бод.
Дарё дубора ба хости худо ғарқ мешавад,
Нохудоёни ҷаззоби тақдир шуми худкушианд.
Инкор намекунам,
Мо сарзаминаморо тарк накардаем.
То бештар бегона шавем,
Дору дарахту решаканро саркўб кунем,
Ва бо либосҳои шаб ба паноҳгоҳ биравем.
Сабур бош,
Мисли бонувони он марди сурхпўст.
Вақте, ки модаашро таслими бабр мекунад,
Фосилаат хуб аст.
Дигар дуд ҳам дурдасти ҳомонро олўда намекунад,
Ман рўзҳо хуни харгўш менўшам.
Шабҳо девонавор бар табли танҳоиям мекўбам,
Туро ба хости нохудо ғарқ кардаам.
***
Моғ ва мохулиё
Юнҷа коштаам туи танам,
Дар ман гове аст, ки аз ғаризаю ғамза чизе намедонад.
Мечарад дар сатрҳои лоғараш,
Ва танҳоияшро ҳиҷомат мекунад.
Гуфта будӣ ҳарчӣ намедонамро бинвисам,
Мактуботамро пора кунам.
То фаромўш кунам дерест ранҷидаам,
Гоҳест нафаҳмидаам.
Ва пораест аз вақтам, ки мохулиё шудаам,
Ба юнҷаҳо, ки фикр мекунам,
Таб меояд суроғи лоғарам.
Ба ҳанҷараам сўзан бизан,
Ман моғ мекашам.
Дармонгоҳ рўи сарам хароб мешавад,
Ту хун мегирӣ аз селулҳои ноошноям.
Ман ба ғарибаҳо ҳам лабханд мезанам,
Кумак кун.
Ман дар сохтмоне машкук зиндагӣ мекунам,
Огоҳӣ ҳар рўз занги зиндагиамро мезанад.
То зомини пиразанҳои мурда шавам,
Акнун солҳост,
Зане ҳамоқаташро дар ливонҳои чойи ман ҳал мекунад.
Сар мекашад ба тангроҳҳои иштибоҳу ҳиҷомат,
Рўзи хубест.
Фаромўш кардаам дерест ранҷидаам,
Докторҳо мегўянд,
Огоҳӣ дигар занги хонаамро намезанад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ