Фарзонаи маст мошинашро чаппа кард
Санаи 21-уми июли соли 2018, тахминан соати 03:55-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Ренҷ-Ровер», рақами қайди давлатияш 0777Х001, Фарзонаи Элмурод, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи С.Шерозӣ ҳангоми сурх будани чароғаки танзимкунандаи ҳаракати роҳ воситаи нақлиётро идора карда натавониста, ҳангоми идома додани ҳаракати воситаи нақлиёт ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатияш 1890НА01 бармехӯрад. Дар натиҷа автомашинаи номбурда сарозер чаппа шуда, ҳарду воситаи нақлиёт зарари техникӣ мегиранд.
Зимни санҷиши ҳодиса тафтишот муайян намуд, ки сабаби асосии рух додани садамаи мазкур дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Ренҷ-Ровер» будааст.
Айни замон, нисбати номбурда барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт, ки сабабгори асосии сар задани садама гардидааст маводҳои лозимӣ тартиб дода шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ