Фарзона ғолиб ояд, як гӯсфанд қурбонӣ мекунам!
Салом кормандони нашрияи дӯстдоштаам «Оила».
Тӯли чанд моҳ аст, ки дар сомонаи «tajikistantimes.tj” озмуне бо унвони «Ягона аз даҳгона» идома дорад. Даврҳои аввали озмун байни сарояндагон ва ровиҳои машҳури кишварамон сурат гирифта буд ва Наимҷони Сайдалию ровии ширинзабони радиои «Имрӯз» Заринаи Тағоймурод ғолиб омаданд. Айни ҳол даври сеюми озмун байни ҳунармандони театр ва кино ҷараён дорад.
Банда мухлиси бонуи зебо, қаҳрамони филми «Беҳуда хорам мекунӣ» Фарзонаи Файз мебошам. Пас аз ин филми бисёр пурсӯзу гудоз Фарзона ба шавҳар баромада чанд сол аз саҳна дур буд, аммо меҳру муҳаббати ин паричеҳра аз дили мо, ҳаводоронаш зудуда нагашт. Шахсан ман Фарзонаро аз ҷонам бештар дӯст медорам ва тайёрам, ки хоки пояшро ба миҷгон рӯбам. Мехоҳам дар ин озмун Фарзона ғолиб биёяд, чунки ин ҳунарманди ҷавон зиндагии воқеии мо, занону духтарони тоҷикро дар пардаи синамо бисёр табиӣ ва таъсирбахш тасвир карда метавонад. Нозанини деҳотие, ки Фарзона дар филми «Беҳуда хорам мекунӣ» таҷассум карда буд, тимсоли бисёр равшани тақдири духтари тоҷик аст, ки баъди ба шавҳар баромадан ба ҷойи хушбахт шудан ба хушунату зӯроварии хонаводагӣ рӯ ба рӯ мегардад. Ӯро дар хонаи хушдоман паст мезананд, таҳқир мекунанд, ранҷу озор медиҳанд, вале дар сараш чормағз шикананд ҳам, ба ҳамааш тоқат мекунад, чунки аз хурдӣ дар гӯшаш як гапро ҳалқа карда гирифтааст: «Зани тоҷик набояд сирру асрори хонаводаи шавҳарашро фош созад!» Мегӯянд меваи сабр ширин аст, вале сабри зани тоҷик мисли сабри Нозанине, ки Фарзона офарида буд, аксаран меваи талх ба бор меорад. Аз рӯйи инсоф бояд иқрор шуд, ки на ҳар актриса аз уҳдаи ин қадар табиӣ бозидани нақши зани одии тоҷик мебарояд, аз ҳамин хотир, ман ғолибиятро дар озмун танҳо ба ин бонуи ҳунарманд сазовор медонам. Ҳамеша ба ҷонибдории Фарзона овоз дода, шабу рӯз дуо мекунам, ки ин зебосанам аз байни 10 ҳунарманде, ки айни замон барои беҳтарин будани худро исбот намудан рақобат доранд, комёб ва ғолиб гардад. Аз ҳамаи мухлисони Фарзона эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории ин бонуи панҷ панҷааш ҳунар фаъолона овоз диҳанд. Ман ҳамчун мухлиси ашаддии ин актриса ваъда медиҳам, ки агар Фарзона дар озмуни «Ягона аз даҳгона» ғолиб ояд, ҳамчун шодиёна як гӯсфанди ҳисориро қурбонӣ мекунам!
Сурайё Рабиева
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ