Фарзона ҷудошавияшро тасдиқ кард (Видео)
Овозхони шинохта Фарзонаи Хуршед ҷудо шуданаш аз Фаридуни Хуршедро расман тасдиқ кард. Фарзона дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт: «Ману Фаридун аз ҳам ҷудо шудаем ва дигар зиндагии якҷоя надорем. Имрӯз байни мо ба ҷуз дӯстӣ дигар чизе нест. Фаридун ҳар гоҳе хоҳад, омада аз аҳволи Закия ва Муҳаммадхуршед хабар мегирад.”
Овозхонҳои шинохтаи тоҷик Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед рӯзи 27 март дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” низ тасдиқ кардаанд, ки аз ҳам ҷудо шудаанд ва дигар зиндагии муштарак надоранд. Вале Фарзона гуфт, ки ӯву Фаридун дӯстиашонро ҳифз кардаанд ва Фаридун ҳар вақте хоҳад, метавонад омада, аз фарзандонашон Закия ва Муҳаммадхуршед хабар бигирад-гуфташудааст дар барномаи «Аз дил ба дил».
Овозаи аз якдигар ҷудо шудани ин ду овозхони шинохта мисли издивоҷашон дар 4 соли пеш тақрибан як сол боз идома дошт ва сарусадои зиёде ҳам ба по карда буд.
Ахиран ба оташи ин сарусадоҳо овозаҳои наве равғани бештар рехт, ки гӯё Фаридуни Хуршед баъди ҷудо шуданаш аз Фарзона ба назди ҳамсари қаблии худ Робия баргашта, зиндагиро бо ӯ давом дода истодааст. Ҳамин тавр, овозае бархостааст, ки гӯё Фарзонаи Хуршед низ аз як марди афғони муқими Амрико пешниҳоди издивоҷ гирифтааст.
Фарзонаи Хуршед дар сӯҳбат бо «Ахбор» дар бораи сабабҳои ҷудо шуданаш аз Фаридуни Хуршед шарҳи зиёд надод, вале ӯ ахиран дар барномаи видеоии «Аз дил ба дил» дарди дил кард, ки Фаридун ӯро қадр накард, нописандӣ кард. ”Коса як рӯз лабрез мешаваду ишқ ҳам як рӯз ба поён мерасад”, гуфт Фарзона. Вале ӯ афзуд, ки «Фаридун беҳтарин инсон ва падари фарзандони ман аст ва ман барояш орзуи хушбахтӣ мекунам. Ман ба ҳамсари ояндаи Фаридун рашк нахоҳам кард.”
Продюсери ин ду овозхон Диловари Мизроб низ ин қазияро тасдиқ намуд ва гуфт, ки ҳоло онҳо дар студияи сабти овоз машғули корҳои эҷодӣ мебошанд.
Фарзонаи Хуршед, духтари хурдии овозхони шинохта Сурайёи Қосим ва хоҳари ситораи дигари эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё соли 2014 бо Фаридуни Хуршед издивоҷ кард. Соли 2015 ин ҷуфт соҳиби духтар ва 17 августи соли 2016 соҳиби писар шуданд. Духтари Фарзонаву Фаридун Закия ва писарашон ба ёди Хуршед Рабиев, падари равоншоди Фарзона Муҳаммадхуршед ном дорад.
Дар соли 2015 Фарзона ва Фаридунро барои баргузории маросими гаҳворабандони духтарашон Закия масъулони танзими расму ойин 4000 сомонӣ ҷарима баста буданд.
Фаридуни Хуршед дар соли 2015 бо таронаи «Закия”, ки ба духтараш бахшида шудааст, дар маросими тақдими ҷоизаҳоиBig Apple Music Awards-2014дар Ҳамбурги Олмон ҳунарнамоӣ кард. Фаридуни Хуршед аз соли 2014 ба ин тараф чор дафъаи ҷоизаи Big Apple-ро ба даст овард. Вале Фарзонаи Хуршед, ки аз соли 2012 ҳар сол ба ин ҷоиза барои беҳтарин овозхонҳои форсизабон мушарраф мешуд, соли 2016 ба далели ҳомила буданаш дар ин сабқат дар Олмон ширкат карда натавонист.
Розҳои зиндагии Фарзонаи Хуршедро дар барномаи «Аз дил ба дил” инҷо тамошо кунед:
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ