Фарзона ва Талабшо қаҳрӣ шуданд? (Видео+аксҳо)

Шоми 8-уми декабр барои шунавандагони радио ва хонандагони ҳафтаноми “Оила” шоми хотирмон буд, зеро дар ин шоми гуворо яке аз зеботарин бонувони саҳнаи тоҷик, актриса ва сарояндаи   шинохта Фарзонаи Файз меҳмони барномаи “Оила дар Имрӯз” гашт.

Ровиёни барнома Фирӯза Сатторӣ ва Саъдии Зикрихудо меҳмонро хайрамақдам гуфта, шӯхӣ карданд, ки ин шом барои мухлисони барнома Фарзонаи Файз оши 1х1 мепазад.

Барнома бисёр рангину шавқовар гузашта, мухлисон аз бисёр сиру асрори ин зебосанами панҷ панҷааш ҳунар воқиф гаштанд.

Инак, пораеро аз суҳбати Фарзонаи Файз дар барномаи “Оила” дар Имрӯз” ба шумо, хонандагони азиз пешкаш месозем.

 Фирӯза Сатторӣ: — Фарзонабону, ҳафтаномаи “Оила” чанд моҳ боз бо мақсади дастгирии ҳунармандони ҷавон озмуни “Оҳанги ҷавонӣ”-ро роҳандозӣ намудааст ва номи шумо низ дар қатори довталабон ҳаст. Овоздиҳӣ ба ҷонибдории довталабони озмун ҳам тариқи газета ва ҳам дар сомонаи “tajikistantimes.tj” ҷараён дорад. Дар ин сомона аллакай 310 нафар ба шумо лайк гузоштаанд ва Фарзонаи Файз миёни духтарон аз ҳама пешсаф аст. Нафароне, ки ба шумо овоз дода истодаанд, мухлисони ҳунаратон ҳастанд ё дӯстону хешу табор?

Фарзонаи Файз:-Ман аз хурдӣ газетаи “Оила”-ро мехонам. Пеш аз сабти филми “Беҳуда хорам мекунӣ” бо ин газета рафту омад доштам. Маро маҳз тавассути “Оила” мардум шинохтанд, аз ҳамин сабаб ин газетаро бисёр дӯст медорам ва ҳамеша мутолиа менамоям. Яке аз аввалинҳо шуда, хабари озмуни “Оҳанги ҷавонӣ”-ро хондам гӯям, шояд шумо бовар накунед, вале дар асл чунин аст. Хеле хурсанд шудам, ки мухлисонам номи маро ҳам ба ин озмун пешниҳод кардаанд, вале касеро ба овоздиҳӣ ташвиқ накардаам. Касоне, ки зери номи ман лайк гузоштаанд, гумон мекунам, ки ин корро аз рӯйи меҳру ихлос ва садоқату самимият ба ҷо овардаанд. Ман аз ҳамаашон сипосгузорам. Муҳаббат ва дастгирии мухлисонам маро ба санъат боз ҳам бештар дилгарм месозад.

Фирӯза Сатторӣ: -Фарзонабону, шоҳҷоизаи озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” сафар ба шаҳри  Дубай аст. Аз байни 60- довталаб ғолибият ва шоҳҷоиза ба шумо насиб гардад, барои мухлисонатон чӣ армуғон меоред: филм ё клип?

Фарзонаи Файз:-Ба мухлисонам ваъда медиҳам, ки як клипи тару тозаи олиҷанобро аз Дубай барояшон инъом хоҳам овард.

Саъдии Зикрихудо: —ФилмиҶӯгидухтар дар Дубай”-ро ба навор намегиред?

Фарзонаи Файз:-(Механдад) Бародари азизам Талабшо Муқимов агар барномаи моро гӯш карда истода бошад ва ин идеяро қабул кунанд, шояд давоми филми “Бедил”-ро дар ҳамон ҷо ба навор гирем.

Фирӯза Сатторӣ:- Гуфтагӣ барин, ин филмро тамошобинон бо шавқу завқи зиёд тамошо карданд. Ҳоло барои мухлисонатон аз ин филм ягон монологро аз ёд хонда метавонед?

Фарзонаи Файз:-Албатта метавонам! “Аз дар ба дару кӯча ба кӯча гаштана қувватам намонд, ҳеҷ кас хайр кардан нахоҳад, айби ман чӣ?! (Вай чунон ҳарф мезанад, ки гӯё ҷӯгии ҳақиқӣ бошад)

Фирӯза Саторӣ: -Фарзона, на ҳар актриса розӣ мешавад, ки ба хотири нақш дар кӯчаҳои шаҳр талбандагӣ намояд. Вақте шумо ҳангоми наворбардории филми “Бедил” дар кӯчаҳои шаҳр ба сӯйи ронандаю роҳгузарон даст дароз карда, садақа пурсон мешудед, бо шумо чӣ гуна муносибат мекарданд?

Фарзонаи Файз: -Онҳо маро зуд шинохта мегуфтанд, ки ту ҳамон актрисаи “Беҳуда хорам мекунӣ” нестӣ? Аз кино ба талбандагӣ гузаштӣ гуфта механдиданд, вале ман ба гапҳои онҳо аҳамият надода, кӯшиш мекардам, ки нақши лӯлидухтарро табиӣ бозӣ кунам.

Фирӯза Сатторӣ: -Фарзонаро бо шарофати филми “Беҳуда хорам мекунӣ” мардум шинохтанд. Синамо ба шумо шуҳрат, маҳбубият ва обрӯю эҳтироми зиёде овард, вале шумо киноро бо суруд иваз кардед. Чаро?

Фарзонаи Файз: -Ман пеш аз оне, ки ҳаётамро бо синамо пайвандам, суруд мехондам ва чанд тарона низ сабт карда будам. Ҳангоми дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил карданам коргардони филми “Беҳуда хорам мекунӣ” Сироҷиддин Ғафурӣ як рӯз тасодуфан маро дида нидо кард: “Ман қаҳрамонамро ёфтам!” Ҳамин тавр маро ба кастинг даъват намуданд. Зиёда аз 500 нафар духтаракони зебо барои офаридани нақши Нозанин талош доштанд, вале коргардон маҳз маро интихоб намуд. Филми “Беҳуда хорам мекунӣ” ва албоми таронаҳоям қариб, ки дар як вақт баромаданд, вале аз сабаби оне, ки филм шуҳрати зиёде пайдо кард, албоми сурудҳоям дар зери сояи он нопадид гашт. Баъдтар ман ба шавҳар баромада аз паси зиндагии худам овора шудам. Пас аз ин идеяи ба навор гирифтани филм дар бораи ҷӯгидухтар пайдо шуд ва ман бо “Бедил” овора шуда, дигар барои суруд сабт кардан имкон наёфтам. Ҳамин тавр ҳунари сарояндагии ман як муддат паси парда монд, вале меҳри суруд ҳамеша дар дилам маъво дошт. Аз ҳамин хотир, ман боз ба суруд рӯ овардам, то ки ин неъмати худодод абадан ба гӯшаи фаромӯшӣ наравад.

Фирӯза Саторӣ: -Фарзона, шумо дар як муддати кӯтоҳ ҳам дар синамо ва ҳам дар санъати эстрадӣ мавқеи худро ёфта, шуҳрату маҳбубият ба даст овардед. Бигӯед, ки дар ҳаёти ҳунарманд чӣ нақши ҳалкунандаро мебозад: истеъдоди воло, пуштибони зӯр ва пули калон ва сарпарастони олиҳиммат?

Фарзонаи Файз: -Аз ҳама муҳимаш истеъдод аст, вале бе пул ҳам намешавад. Спонсори пурқувват оҳи ҳунармандро ба қуллаи шуҳрат хеле наздиктар мекунад. Пули калон бошад, метавонӣ ҳунаратро бо ҳама нозукиҳояш ба мардум нишон диҳӣ, вале пул набошад, ҳунарманд наметавонад орзуҳояшро ба осонӣ ҷомаи амал пӯшонад…

Фирӯза Сатторӣ:-Фарзона, то ҷое, ки мо медонем, шумо спонсор надоред, вале дар ҷодаи санъат хеле муваффақ  ҳастед…

Фарзонаи Файз:-Ман дӯстони хубе дорам, ки дар амалӣ намудани орзуҳоям ба ман кӯмак мерасонанд. Яке аз онҳо бародари азизам Баҳриддини Сабурӣ буда, дар пешравии ҳунари банда нақши сазоворе доред. Худам ҳам кӯшиш мекунам. Ба тӯйҳо меравам, маҳфилҳои мардумро обод карда, аз ҳамин ҳисоб зиндагӣ ва ҳунарамро пеш мебарам…

Саъдии Зикрихудо:-Боз талбандагӣ гуфтагӣ гап ҳаст. (Ба филми “Бедил” ишорат карда механдад)

Фарзонаи Файз:- Ҳунари талбандагӣ надорам, танҳо ба хотири филм ин корро кардам.

Фирӯза Сатторӣ:- Дар филми “Бедил” шумо ҳамроҳи шавҳаратон нақш мебозед. Он кас ҳам актёр ҳастанд?

Фарзонаи Файз: -Не, актёр нестанд. Вақте ки маро ба филми “Бедил” даъват намуданд, шавҳарам розӣ нашуд, ки бо марди бегона дар кино нақш бозам, аз ҳамин сабаб коргардон нақши Манзарро ба он кас доданд, то ки мо ҳамроҳ дар филм нақш бозем ва ягон мушкилӣ пеш наояд. Аз оғоз сенария дигар буд, вале баъд ба хулосае омаданд, ки ман бояд на ба Матин, балки ба Манзар ба шавҳар бароям.

Саъдии Зикрихудо: —Шавҳаратон чӣ кора аст ва чаро дар бораи ӯ бо феъли замони гузашта гап мезанед?

Фарзонаи Файз: —Шавҳарам тоҷир аст, вале айни замон мо бо ҳамдигар зиндагӣ намекунем.

Саъдии Зикрихудо:-Чанд фарзанд доред?

Фарзонаи Файз:-Ду писарча дорам, яке 6- сола асту дигарӣ 5- сола.

Фирӯза Сатторӣ:- Барои Фарзона дар кино нақш бозидан осонтар аст ё суруд хондан?

Фарзонаи Файз:-Масъулият дар филм асосан дар дӯши коргардон аст, аз ҳамин хотир актёрҳо чандон мушкилӣ намекашанд. Сарояндагӣ мушкилтар аст, чунки ин ҷо барои ҳама чиз танҳо худат давутоз мекунӣ. Матн мекобӣ, оҳанг меҷӯӣ, оранжировка, сабти овоз, сабти клип, барои ҳамаи ин пул лозим аст. Пули калон!

Дар рафти барнома телефони студия лаҳзае орому қарор надошт. Мухлисони бешумори Фарзона занг зада ба саволҳои худ аз ҳунарманди дӯстдоштаашон ҷавоб гирифтан мехостанд. Аз ҷумла Шоҳсанам ном мухлисаш аз Фарзона хоҳиш кард, ки аз филми “Беҳуда хорам мекунӣ” як монолог хонад. Фарзона табассум карда гуфт:

-Вақте ки аз шаҳр ба деҳа хостгорӣ меоянд, хоҳари мағрури шавҳарам нописандона ба ман нигариста мегӯяд, ки ин қадар арӯси безеб, хушрӯ набудааст-ку! Ин гапро ман шунида бо ҳамон оҳанги мутакаббирона мегӯям: “Суханатро санҷида гӯй Зебунисо”.

-Салом! Ман Сурайё Рабиева, мухлиси ашаддии ҳафтаномаи “Оила” ва Фарзонаи Файз ҳастам. Аз Фарзонабону пурсиданиям, ки агар он касро ба филмҳои боевикӣ даъват кунанд, аз уҳдааш мебароянд ё не?

Фарзонаи Файз:- Ман аз ӯҳдаи ҳама гуна нақш мебароям, чи боевикӣ бошад, чӣ драммавӣ. Тапончаро ба дастам диҳанд, ана баъд мебинед, ки Фарзона чӣ авбошиҳо мекунад! (Механдад)

-Салом! Ман шунавандаи доимии радиои “Имрӯз” ва мухлиси газетаи “Оила” ҳастам. Номам Мирзонаим Иброҳимов. Саволам ба Фарзонабонуи азиз ҳамин аст, ки агар ман ба маҳфили домодиам он касро даъват намояму ҳамон рӯз “заказ” дошта бошанд, чӣ кор мекунанд?

Фарзонаи Файз: -Маблағашро пешпардохт кунед, албатта ба тӯйи шумо меравам! (Механдад) Мабодо рост гумон накунед, ман шӯхӣ карда истодаам. Санаи тӯятонро бигӯед, кӯшиш мекунам, ки рафта хотири шумо ва арӯси нозанинатонро бо чанд таронаи ошиқона шод созам.

Мирзонаим Иброҳимов: —Тӯй соли 2020 барпо мешавад, вале ман аз ҳоло шуморо “заказ”кардан мехоҳам ва ваъда медиҳам, ки ба тарафдории шумо ин ҳафта 100 барга мефиристам, то ки дар озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” ғолиб бароед.

Фирӯза Сатторӣ: —Фарзонабону, агар то он вақт ягон йигити чор кас медидагӣ пайдо шуда, сарпарастии шуморо бар дӯш бигирад ва хоҳиш намояд, ки ҳамқисматаш шавед, розигӣ медиҳед?

Фарзонаи Файз:-Чаро не, албатта розӣ мешавам! (Механдад)

Фирӯза Сатторӣ:-Мирзонаим, тӯятонро барвақттар гузаронед, вагарна Фарзона ба шавҳар баромада, шуморо фаромӯш мекунад!

Фарзонаи Файз:-Ба шавҳар бароям ҳам, тӯйи ин мухлисамро фаромӯш намекунам. Шумо ин барномаро сабт карда монед, агар аз ёдам равад, ҳамин сабтро далел оварда, ваъдаи додаамро ба ёдам мерасонед.

Фирӯза Сатторӣ:-Фарзонабону, мухлисонатон ба идораи “Оила”  занг зада мепурсанд, ки барои чӣ Фарзонаи Файз ва Талабшо Муқимов бо ҳам қаҳрӣ шуданд. Магар байнатон ягон нофаҳмӣ рух дод?

Фарзонаи Файз:- Ману Талабшо дӯстони қаринем. Ӯ дар ҳама ҳолат маро мефаҳмад. Маҳз заҳмати зиёди Талабшо буд, ки мардум маро шинохтанд. Мо шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта кор мекардем, сари як дастурхон нишаста нон мехӯрдем.  Ман Талабшоро мисоли бародарам дӯст медорам ва эҳтиром мекунам.

Фирӯза Сатторӣ: -Фарзонабону, дар охир ба мухлисонатон чӣ гуфтанӣ ҳастед?

Фарзонаи Файз:-Гуфтаниям, ки ҳар ҳафта ба ҷонибдории банда барга-анкетаҳои озмуни “Оҳанги ҷавонӣ”-ро даста-даста пур карда, ба идораи “Оила” фиристанд, то ки сарояндаи дӯстдоштаашон, яъне банда, Фарзонаи Файз дар ин озмун дастболо гардад. Боқӣ тансиҳату хонаобод бошанд!

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *