Фарзонаи Файз: Бо куртаи ҷӯгизан арӯс шудам

 Фарзонаи Файз-ин номро филми ҳунарии “Беҳуда хорам мекунӣ” дар байни мухлисон машҳур гардонд. Фарзона нақши духтараки деҳотӣ- Нозанинро чунон табиӣ ва риққатовар бозид, ки тамошобинон ягон серияи ин филмро бе оби дида тамошо карда наметавонистанд.

Филми мазкур аз ҷониби баъзе санъатшиносон зери тозиёнаи танқид гирифта шуда бошад ҳам, мардуми одӣ онро хеле хуш қабул карданд ва номи “Нозанин” вирди забони хурду калон гашт, аммо…

Дар авҷи шуҳрат Фарзона худро ба гӯшаи танҳоӣ кашида хомӯшӣ ихтиёр намуд. Мухлисонаш аз он ҳарос доштанд, ки ин зебосанами ҳунарманд низ мисли Манижаи Давлат аз баҳри санъату ҳунар  гузашта, узлат менишинад. Хушбахтона пас аз чанд соли хомӯшӣ Фарзона бо филми нави Талабшо Муқимов “Бедил” рӯйи саҳна омад. Суҳбати мо бо ин зебосанам атрофи бурду бохташ дар саҳнаи ҳунар аст.

-Ба идораи ҳафтаномаи “Оила” хуш омадед!

Ташаккур!

-Фарзонабону, дар рӯйхати довталабони озмуни “Ягона аз даҳгона”-и сомонаи  “Тajikistantimes.tj” номи шумо ҳам буд ва шумораи зиёди овозҳоро ба даст овардед, вале озмун озмун аст ва хоҳ-нохоҳ яке ғолибу дигаре мағлуб мегардад. Раваду ҷойи аввал насибатон нагардад, руҳафтода намешавед?

-Ман пеш аз ҳама ба он нафароне, ки ба ҷонибдории банда лайк, яъне овоз додаанд, изҳори сипос менамоям. Ҷойи аввалро соҳиб гаштан шарт нест, ширкат варзидан дар озмун худ далели муваффақият аст. Ман ҳаргиз аз бохт руҳафтода намешавам, чунки ҳанӯз ҷавон ҳастам ва солҳои зиёде меҳнат кардан лозим меояд, то ба пояи устодӣ бирасам.

-“Беҳуда хорам мекунӣ”, дари бахти шуморо кушод. Аз шавҳаратон напурсидед, ки маҳз кадом лаҳзаи ин филм ӯро ба шумо ошиқи зор гардонидааст?

    

Дар ҳақиқат шавҳарам маро дар нақши Нозанин дар ҳамин филм дида, ошиқ шуда буд. Хушдоманам мудом бо шавқ нақл мекарданд, ки писарам туро дар экран диду сабру қарорашро аз даст дод ва ду пояшро дар як мӯза андохта “Ман ҳамин Нозанинро мегирам” гӯён, моро ба хонаатон хостгорӣ фиристод. Ростӣ, то имрӯз ман ягон бор аз шавҳарам напурсидаам, ки маҳз кадом лаҳзаи филм дар дилаш оташи ишқро аланга дод. Ваъда медиҳам, ки ба ин суоли шумо дар суҳбатҳои минбаъда посух медиҳам.

Вақти нақши Нозанинро бозидан шумо ҳанӯз муҷаррад, ба қавле “паррандаи озод” будед, вале замони банаворгирии филми “Бедил” аллакай шавҳар ва фарзанд доштед. Ҳамсаратон шуморо дар экран дар нақши арӯси марди дигар дида рашк намекунанд?

-Аслан нақши ҷӯгиписарро дар филми “Бедил” бояд як ҳунарманди ҷавон мебозид, вале шавҳарам дар назди Талабшо шарт гузошта гуфт, ки танҳо дар ҳолати нақши марказиро бозидани худи ӯ ба ман иҷозат медиҳад, ки дар ин филм нақш офарам. Ба хотири ман шуда Талабшо бозидани нақши ҷӯгибачаро худаш ба зимма гирифт.

-Шавҳаратон ва Талабшо Муқимов хешу таборанд?

-Хешу табор нестанд, вале шавҳарам медонад, ки ману Талабшо аҳди бародарию хоҳарӣ дорем, аз ҳамин хотир танҳо ба ӯ бовар мекунад.

-Дар филм лаҳзаҳои ҳассос бисёранд, масалан, вақте ки шумо арӯс шуда ба хонаи Талабшо меравед. Дар чеҳраи шавҳаратон ҳангоми тамошои ин лаҳзаҳо ягон тағйиротро эҳсос намекунед?

-Эҳсос мекардам, ки рашк карда, асабонӣ мешуданд, табъашон хира мегашт, зуд дастамро ба китфи шавҳарам гузошта бо табассум, навозишкорона мегуфтем, ки ором шавед, ин кино асту халос, ана ман дар паҳлуи шумо ва танҳо азони шумо ҳастам….

-Фарқияти нақшҳое, ки шумо дар  “Беҳуда хорам мекунӣ” ва “Бедил” бозидед аз замин то осмон аст. Нозанин як тоҷикдухтари деҳотӣ аст, ки дар оилаи сарватманд келин мешавад, Бобуна бошад, духтари ҷӯгӣ. Шумо лӯлиҳоро шояд танҳо дар роҳ ва кӯчаҳо тасодуфан вохӯрда бошед, аз тарзи зиндагӣ ва урфу одатҳои қавми лӯлӣ хабар надоред. Ҳангоми офаридани нақши лӯлидухтар- Бобуна душворӣ накашидед?

Вақте мо ба деҳаи Абдуллоободи шаҳри Ваҳдат, ки он ҷо танҳо қабилаи лӯлиҳо (ҷӯгиҳо) зиндагӣ мекунанд, барои сабти филм рафтем, ман бисёртар дар миёни лӯлидухтарҳо нишаста ба тарзи гапзанӣ ва рафтору кирдори онҳо диққат медодам. Кӯшиш мекардам, ки хислату хӯй ва роҳу равиши зиндагии қавли лӯлиёнро омӯзам, то ҳангоми нақш ба ягон хатогӣ роҳ надиҳам. Баъзан чунин мешуд, ки як саҳнаро чанд маротиба ба навор мегирифтем. Коргардон “кифоя аст” мегуфт, вале ман исрор мекардам, ки дубли нав бигирем. Кӯшиши зиёд намудам, ки образи Бобунаро табиӣ офарам ва мардум бовар кунанд, ки ман дар ҳақиқат духтари лӯлӣ ҳастам.

“Хоҳаратон”-ро чӣ тавр  пайдо кардед?

Вақте ман барои офаридани нақш тайёрӣ медидам, ҳамон лӯлидухтар дар наздам нишаста бо ҳавас ба ман нигоҳ мекард. Талабшо шавқу ҳаваси ӯро дида пурсид, ки хоҳари Бобуна мешавӣ? Ҷӯгидухтар хурсанд шуда “мешавам”  гуфт. Ҳамин тавр “апаю хоҳар”  шудем.

-Ронандагони мошинҳое, ки шумо ҳамчун духтари ҷӯгӣ ба сӯяшон дасти талбандагӣ дароз мекардед, шиносҳоятон буданд?

-Не, бегона буданд. Аввал гуфтанд, ки мошинҳои телевизионро мегирем, вале ман розӣ нашуда ба коргардон гуфтам, ки бояд бегона бошанд, то маро нашиносанд ва филм табиӣ барояд.

-Дар байни роҳи пур аз мошин барои як сомонӣ аз ин тараф ба он тараф давида, натарсидед, ки зери чархи ягон мошин монданатон мумкин аст?

-Албатта бисёр хатарнок буд дар роҳи пурмошин талбандагӣ кардан, вале ба хотири хуб баромадани нақшаш ҳунарманд бояд ба ҳама гуна қурбониҳо тайёр бошад.

Мегӯянд, ки лӯлиҳо барои нақши духтари ҷӯгиро бозиданатон ба шумо сару по кардаанд?

 

Бале, ҳамон зане, ки дар хонаашон зиндагӣ мекардам, аз сандуқаш як либос атласи қадима бароварда онро ба ман туҳфа кард ва ман онро зуд дӯзонда дар рӯзи тӯям, вақте ки арӯс шуда ба хонаи Талабшо мерафтам, ба бар намудам. Дигар ҷӯгиҳо низ ба ман ороишоти заргарӣ ва дигар туҳфаҳои аҷиб тақдим намуданд.

-Шумо дар баробари актриса буданатон боз ҳунари сарояндагӣ ҳам доред. Ба тӯю маъракаҳо меравед ё танҳо дар саҳна суруд мехонед?

-Маҳфилорои тӯю сури мардум будан низ як намуди санҷиши ҳунар аст ва хушбахтона ман аз уҳдаи ин кор мебароям. Вақте дар тӯю маъракаҳо суруд мехонам, эҳсос мекунам, ки хурду калон бо ҳавас ба ман менигаранд. Нигоҳҳои пур аз меҳри онҳо дили маро моломоли шодию фараҳ месозад ва худро хушбахт эҳсос мекунам. Гуфтагӣ барин, ба наздикӣ албоми сурудҳоям пешкаши мухлисон мегарданд. Хонандагони “Оила” метавонанд онро аз дӯконҳои фиттафурӯшӣ дастрас намуда ба ҳунари сарояндагии банда баҳо диҳанд.

умо қариб, ки вақти холигӣ надоред. Фарзандонатонро кӣ нигоҳубин мекунад?

-Ҳар қадар серкор набошам ҳам, барои ман фарзандонам ҳамеша дар ҷойи аввал меистанд. Пухтупазро дӯст медорам, зарур шавад, шаб хоб намераваму барои писарчаҳоям Муҳаммадҷон ва Комрон ширинию хӯрокҳои бомаза мепазам.

Гуноҳе, ки ҳеҷ гоҳ намебахшед?

-Дурӯғи одамон. Ман, ки одати дурӯғгӯӣ надорам, ба ҳама бовар мекунам, вале дурӯғ гуфтани одамро фаҳмам, ҳатто дӯсти наздиктаринам бошад ҳам, дигар ба рӯяш ҳатто нигоҳ намекунам. Одамӣ бояд якрӯю якдилу якзабон бошад. Корд аз пушт задан нишонаи номардию ноодамӣ аст.

-Ба шумо дар ҷодаи ҳунар парвозҳои баланди эҷодиро таманно дорем. Саломат бошед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *