Фарзонаи Файз худкушӣ кард?

Субҳ нав аз дари корхона даромада будам, ки садои занги телефон баланд шуд. Осемасар дари утоқи кориамро кушодам ва гӯшаки телефонро бардоштам. Аз он ҷониб садои бисёр пуртаҳлукае ба гӯшам расид: «Шунидед, Фарзонаи Файз имшаб худкушӣ кардааст!»

Ин гапро шунида, дасту поям якбора чунон суст шуда рафт, ки сумкаи корӣ аз дастам афтид. Ҳамсуҳбатам дигар чиҳо гуфт, ман дар ёд надорам. Ман танҳо вақте ба худ омадам, ки ҳамкорам Маҳинаи Давлат ба утоқи кориамон ворид гашт.  Маҳина мисли ҳарвақт гапро бо шӯхӣ сар карда гуфт: «Рустам ба фикрам имшаб Меҳрона туро аз хона пеш кард-а?! Шабро дар ҳамин кабинет, дар болои стол саҳар кардӣ, чӣ бало…» Дар ҷавоб чизе нагуфта, рӯямро гардондам. Хомӯшии маро ба таври дигар фаҳмида, Маҳина ташвишомез пурсид: «Тенҷӣ аст, Рустам? Табъат ин қадар гирифтагӣ. Падару модар, зану кӯдаконат ҳама хубанд ё ягон ҳодисаи нохуш рӯй дод?» Лаб газида нимғурма гуфтам: «Шукри Худо, соз.» Маҳина ҳайрон шуда, пурсид: «Ин тавр бошад, чаро қошу қавоқат ин қадар овезон, гӯё ягон кас мурда бошад?» Инони ихтиёр аз даст дода гуфтам: «Фарзонаи Файз худкушӣ кардааст!» Маҳина оромона ба ҷояш нишаста пурсид: «Ин гапро аз куҷо шунидӣ? Мумкин дурӯғ бошад. Канӣ як маротиба ба худи Фарзона занг зада бин…» Воқеан, чаро ҳамин фикр ба сари худам наомад-а гуфта, зуд ба Фарзона занг задам ва садои ошноро шунида, дасту по хӯрдам.

-Алло, Фарзонабону ин шумоед?!  

Албатта ман, охир дигар кӣ ҳам мешуд.

-Эҳ хайрияте! Қариб буд, ки дилкаф шавам…

-Рустамҷон чӣ шуд? Кӣ шуморо қариб дилкаф кардааст.

Субҳ як мухлисатон занг зада гуфт, ки Фарзонаи Файз худкушӣ кардааст. Табъам чунон хира шуд, ки…

-Ҷон дар бадани инсон амонати парвардигор аст. Худованд ба ман падару модари меҳрубон, ду писари паҳлавонча, шуҳрату обрӯ додааст. Чаро аз ин ҳама неъматҳои парвардигор ношукрӣ намуда, худкушӣ мекардаам?! Ҳаргиз даст ба чунин амали нангин намезанам, чунки дар назди офаридгор худкушӣ гуноҳи азим аст.

Фарзонабону, ба фикратон кӣ чунин овозаҳои бардурӯғро паҳн мекунад? Ягон душман доред?

Ман фикр намекунам, ки ин аз душманӣ бошад. Эҳтимол ягон Фарзонаи дигар даст ба худкушӣ задаасту мардум нодуруст фаҳмидаанд.

-Хайр, биёед ин мавзӯи бисёр дилхарошро фаромӯш мекунем. Беҳтараш бигӯед, ки мошинро кай мешӯед. Шунидам, ки онро як мухлисатон ба шумо туҳфа кардааст…

Мошинро бо пули меҳнати ҳалоли худам харидам. Кайҳо боз орзу доштам, ки соҳиби мошин шуда, бароҳат зиндагӣ кунам. Хушбахтона орзуҳоям оҳиста-оҳиста гул карда истодаанд. Ман духтари серризқам. (Механдад)
-Аз рондани мошин метарсам гуфта будед-ку! Дар сари чамбарак чӣ хел мешинед?

-Бале гуфта будам, вале падарам ба ман рондани мошинро ёд доданд, бар замми ин, хонда ҳуҷҷати ронандагӣ гирифтам. Акнун бе малол мошин меронам.

-Мегӯянд, ки Фарзона баъди соҳиби мошин гаштанаш ҳавобаланд шудааст, дигар саломи касеро алейк намегирад…

Кай ва саломи киро алейк нагирифтаам? Ман ҳатто вақти сурх шудани чароғак оинаи мошинамро поён карда, бо одамон салому алек мекунам, то нагӯянд, ки аз худ рафтааст. Хислати ҳавобаландӣ надорам. Дар умрам ягон бор худамро аз касе боло нагирифтаам. Мухлисонамро дӯст медорам ва ба куҷое, ки наравам, ҳушу ёдам ҳамеша бо онҳост.

-Фасли баҳор ҳам наздик шуда истодааст. Ягона таронаи наврӯзӣ омода кардед ё не?

Ҳамеша аз пайи эҷод ҳастам. Аллакай 7-8 суруди нав эҷод намудам, ки ба баҳору Наврӯз бахшида шудаанд. Ҳамин шабу рӯзҳо он қадар серкорам, ки ҳатто як лаҳза вақти холӣ намеёбам. Бовар кунед, аз хобу хӯрдан мондаам.

Нақшаҳои имсолаатонро донистан мехостем, агар махфӣ набошанд…

Нақшаҳо аз мӯи сар ҳам зиёданд. Аллакай чандин пешниҳодҳо гирифтам барои дар филмҳо нақш бозидан, ҳамроҳ дуэт хондан, барандагӣ ва ғайра. Умед дорам, ки соли хук бароям соли комёбиҳои бузурги эҷодӣ мегардад.

-Муваффақ бошед!

Рустам АЗИМӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *