Фарзонаи Хуҷандӣ – Тоҷикистон

ҲОДИИ ҶОВИДОНА

Вақт бо як зарба

Оқилонро Маҷнун,

Омиронро оҷиз,

Мўҳташамҳои осмонпўеро залил хоҳад кард.

Нозанинонро зишт,

Зиштҳоро ҷамил хоҳад кард.

Бин, ки бо даври қамар

Тоҷҳои ифтихоре тавқи лаънат шудаанд.

Кисаалвонҳо сияҳкоса,

Бедирамҳо соҳиби суфраи неъмат шудаанд.

Ишқҳое ғулувви хунсардӣ,

Нозҳое баднамотар зи кароҳат шудаанд.

Сарфарозон сарзер,

Сарфурўён ҳама дар қуллаи иззат шудаанд.

Қосиде мепурсад:

Оё ҳанўз ҳам

Дили ту кор мекунад ё на?

Посухаш медиҳам, ки на, ҳайҳот,

Дили ман рафтааст бар таътил.

Охир аз сақфи атласӣ,

Мефитад як қандил.

Охир ва нокуҷо ба гўши қуфлбастаи мо меояд,

Шарфаи Азроил.

Бас. Кифоя,

Баъд аз ин дар дили худ диски дигар мемонам,

Диски масрури туро,

Ишқ, эй эй номуташобеҳтарин ояи дил!

Эй фариди осмонӣ,

Аз ҳама наҳси ҳаводис

Пуштибони ягонаи мо бош.

Дар ин тариқати зебо,

Дар ин сулуки муборак ба

Қуллаи бузурги инсонӣ,

Ҳодии ҷовидонаи мо бош!

***

НЎШБОДИ БЕШАРОБ

(Ангезае аз «Нўшбоди дигар»и  Анна Аҳмадова)

Гулоб менўшем,

Барои офияти гулҳо,

барои бахти сафедорон,

Барои зиндагии хуршед

ва ҳам саломатии борон.

Барои хандаи ҳар кўдак,

барои дасти дуои пир,

Барои ҳар куҳани зебо,

барои ҳар нави нотасвир.

Барои силсилаҳои субҳ,

барои қофилаҳои шом,

Ба эҳтироми ҳамин лаҳза,

ки метапад дили ноором.

Барои баҳману фарвардин,

барои рафтаву оянда,

Барои ман, мани нолоиқ,

барои ту – туи арзанда.

Барои он ки ҷавонӣ рафт,

валек муҳри мунаввар монд,

Баҳор рахт кашид, аммо

ҳанўз ғунчаи дил тар монд.

Барои хиттаи аҷдодӣ,

фазои роиҳапарварда,

Ба шукр, шукри кўҳу водӣ,

ба шукри халқи назаркарда.

Ало, сапедаи покоин,

ало тулўи шакарпора,

Иҷоза деҳ, ки дилам гўяд

туро дуруди дигарбора.

Барои ҳар зарабони дил,

ки ҳаст тарҷумаи ёҳу,

Барои ман, зи барои ман,

барои ту, зи барои ту,

Гулоб менўшем.

То замоне, ки медиҳад иҷозати гулоб нўшидан

Ў, фақат ў!

***

ҲУШДОР

Нафаре рафт ба он сўи пардаи нилӣ – ба булўристон,

То қиёмат намешавад ҳамвор

ҳамчунон пуштаи нав

пушти кўзи гўристон.

Ба рўи мову ту ҳам

дер ё зуд баста хоҳад шуд

дари ин кўҳнасаро –

ин ғамистону ин суруристон.

Дўст, ин мусиқии қадимро ҳанўз мешунавӣ

дар қафаси синаи ман,

Аслан ин кўҳнакитобе, ки дуҳазорсола мехобад,

Навтарин аст, навтарин гузинаи ман.

Чист, медонӣ, чист, медонӣ

кимиёи дидор.

Биё, ки чашм кушоем чун дури найсон

бо атсаи баҳор,

Биё, ки оинаҳоро раҳо кунем охир

аз ҳуҷуми зангор,

бимон, ки ранги ба ранг

орзуҳои атласӣ биёфарад

ин дастгоҳи бебадали орзубарор.

Бар ҳурмати муҳаббат –

ин хаткашони омадаву н-омада

бар ҷони интизор

Бархез, зинда бошем, эй ёр,

Бархез, зинда бошем як бор,

лоақал як бор.

***

Дар ин баҳортарин лаҳзаҳо ҷавонӣ кун,

Бурун зи ҳошияи ишқ гулшинонӣ кун.

Дили саломати ту аз тапиш мураххас нест,

Сипоси ҷоизаи ёри осмонӣ кун.

Аз ин ҳаёти дароз, эй ду аср ғам хурда,

Ту ним сонияро сарфи шодмонӣ кун.

Бизӣ, муниртарин ифтитоҳҳоеро

Ба эҳтироми ҳамон як сири ниҳонӣ кун.

Ҳазор нома ба номи ту бозмегардад,

Ҳазор нома ба унвони як нишонӣ кун.

Туӣ, ки бар башарият шариат омўзӣ,

Ҳар ибтикор, ки ай ишқ, метавонӣ, кун.

Дар андаруни дилат гарчи ман назистаам,

Ту боз дар дили ман бошу зиндагонӣ кун!

***

Дуруд, эй қосиди фардо, шабат хуш боду рўзат хуш,

Навиншоиву ноифшо, шабат хуш боду рўзат хуш.

Видоъ, эй рафтаи ширин, шабат хуш буду рўзат хуш,

Дуруд ояндаи зебо, шабат хуш боду рўзат хуш.

Чӣ мерақсӣ даруни хонақоҳи сина рўзу шаб,

Дил, эй дил, солики танҳо, шабат хуш боду рўзат хуш.

Агарчӣ зери дасти туст, натвонӣ чашид охир

Аз ин қанду аз он ҳалво, шабат хуш боду рўзат хуш.

Чӣ гулгардон, чӣ атрафшон, чӣ ҷоноҷон муҳаббат рафт,

Ба ёдаш низ салламно, шабат хуш боду рўзат хуш.

Ало, инсон, дари баста, ба рўи худ, барои худ,

Ту кай во мешавӣ, кай во, шабат хуш боду рўзат хуш.

Муҳаббатномаҳои ман ба унвони Банӣ Одам

Дар он боло бишуд имзо, шабат хуш боду рўзат хуш.

***

Бигзор зияд як дам хуршед дар оина,

Хуршеди мано, хуш бош дар он тарафи сина.

Бар шав, ки ту ҳам бошӣ ҳаммартабаи хуршед,

Хуршед наметаркад бо бомбаву бо мина.

Бо кўчашитобиҳо ин ҷумъаву ҳар ҷумъа

Бозор равӣ, эй дил, ё масҷиди одина.

Ишқ омаду шоҳона қонуни дигар овард,

Дилро бинамуд озод аз парвариши кина.

Ин ишқи бариниро бурдем ба фардоҳо,

Он ишқи заминиро мондем дар он дина.

Аммо ту заминиӣ, яъне ки бариниӣ,

Сабзӣ, ҳама дам сабзӣ, эй ёди баҳорина.

Дар кўҳнагиям мангар, ин нав шуданамро бин,

Наврўзаму меоям чун гандуми сабзина.

فرزانه خجندی – تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *