Фарзонаи Хуршед — чеҳраи эстрадаи тоҷик 33-сола шуд
Фарзонаи Хуршед — овозхони машҳури эстрадаи тоҷик 33-сола шуд. Ӯ 11-уми июли соли 1989 дар шаҳри Кулоб ба дунё омадааст.
Сабаби ба суруду мусиқӣ пайвастани Фарзона муҳити оилавияш мебошад, зеро модараш — Сурайё Қосимова ва апааш — Шабнами Сурайё аз чеҳраҳои саршиноси эстрадаи тоҷик мебошанд.
Падараш Хуршед Рабиев корманди милиса буд ва Фарзона насаби худро аз номи падараш гирифтааст.
Фарзонаи Хуршед бори аввал соли 2008 ба саҳна баромад ва зуд миёни мардум мухлисони зиёд пайдо кард. То имрӯз якчанд албоми сурудҳои худро ба ҳаводорони ҳунари волояш тақдим намудааст.
Соли 2015 Фарзона дар барномаи мусиқавии «Big Apple Music Awards 2015» дар шаҳри Ҳамбурги Олмон беҳтарин овозхони мусиқии попи Тоҷикистон эълон шуд. Соли 2016 бошад, Тоҷикистонро дар Big Apple Music Awards дар Ню Йорк муаррифӣ кард.
Соли 2017 Фарзонаи Хуршед ба матбуот гуфт, ки ба нахустин консерти пас аз таваллуди писараш омодагии ҷиддӣ дида истодааст. Моҳи январи соли 2017 ӯ суруди нави «Ҳадяи меҳмонӣ» -ро хонд. Худи ҳамин сол сароянда инчунин як композитсияи нав ва клипи суруди «Ҷовидон»-ро пешниҳод кард.
Соли 2019 Фарзона суруди овозхони афғон Мир Мафтун — «Холаи аза маза»-ро бозхонӣ намуд, ки аз тарафи мардум хуб пазироӣ шуд.
Соли 2020 сурудҳои «Оре-оре» ва «Сартарошон»-и сабт шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ