Фарзонаи Хуршед: Ман оилаи ҳеҷкасро вайрон накардаам (Видео)
«Дар ҳаёти ҳар як нафар каси сеюм дар ҳақиқат зиёдатист. Аз дигарон мешунавам, ки гӯё зиндагии Фаридунро ман вайрон карда бошам. Дар асл ин тавр нест. Ман на иҷоза медиҳам, ки як кас дар ҳаёти ман қӯш шавад ва ман ба худам ҳам иҷозат намедиҳам, ки ба ҳаёти касе дахолат кунам.”
Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо барномаи интернетии «Аз дил ба дил”-и студияи Tajik Music Production ва нашрияи «Зан ва мард” гуфт, дар ҷудо шудани Фаридуни Хуршед аз завҷаи қаблиаш ягон даст надошт. Фарзонаи Хуршед гуфт, ҳеҷ гоҳ ба худ иҷозати дахолат дар ҳаёти дигаронро намедиҳад ва ҳамин тавр, касеро намегузорад, ки дар ҳаёти ӯ дахолат кунад.
Барномаи «Аз дил ба дил” маъмулан сӯҳбатҳои бозу ошкор бо ситораҳои тоҷикро нашр мекунад. Овозхонҳои ҳинохта дар ин барнома дар баробари нақшаҳои эҷодӣ, сирри комёбии худ ҳамчунин паҳлӯҳои барои мухлисонашон ҷолиби зиндагияшонро «мекушоянд».
Меҳмони навбатии ин барнома Фарзонаи Хуршед чанд сирри ба истилоҳ «то ҳанӯз нокушуда»-и зиндагиашро барои тамошобинон равшан сохт.
Фарзонаи Хуршед дар оғоз дар бораи модараш ҳарф зад ва гуфт, ки пеш аз ҳама хушбахт аз он аст, ки фарзанди сарояндаи маҳбуб ва шинохтаи тоҷик Сурайё Қосимова мебошад: ”Модарҷони ман шахси биҳиштиянд. Ман баъди шикастҳои зиёд дар зиндагӣ дарк кардам, ки он кас ягона дӯст, меҳрубон ва наздиктарин шахс дар ҳаётам будаанд. Вақте баргаштам ва дидам, ки он кас дар бистари бемориянд, гуфтамашон модарҷон ман намедонистам, ки ту ин қадар зиёд маро дӯст медорӣ?, он кас чашм кушоданд ва гуфтанд, ки акнун фаҳмидӣ ва бовар кардӣ, ки чӣ қадар дӯстат медорам. ”
Дар идомаи сӯҳбат Фарзона гуфт, мояи дуюми хушбахтӣ дар ҳаёташ ин таваллуди фарзандонаш аст. Ӯ иқрор кард, ки пас аз таваллуд фарзандон ҳатто корашро қариб фаромӯш кардааст.
Аммо як нуқтаи ҷолиби ин сӯҳбат сӯҳбатҳои Фарзонаи Хуршед пиромуни овозаҳои бархоста дар бораи ӯву шавҳараш Фаридуни Хуршед буд. Фарзона овозаҳо дар ин бораро ки маҳз вай боиси «хонавайрон” шудани Фаридун, яъне ҷудо шудани ӯ аз ҳамсари аввалаш шудааст, беасос номид.
Фарзонаи Хуршед гуфт: «Дар ҳаёти ҳар як нафар каси сеюм дар ҳақиқат зиёдатист. Аз дигарон мешунавам, ки гӯё зиндагии Фаридунро ман вайрон карда бошам. Дар асл ин тавр нест. Ман на иҷоза медиҳам, ки як кас дар ҳаёти ман қӯш шавад ва ман ба худам ҳам иҷозат намедиҳам, ки ба ҳаёти касе дахолат кунам.”
Шакли комили барномаи «Аз дил ба дил” бо Фарзонаи Хуршед ҳанӯз нашр нашудааст. Дар Интернет то имрӯз танҳо пораҳое аз ин барнома роҳ ёфтаанд:
Фарзонаи Хуршед, духтари Сурайёи Қосим ва хоҳари ситораи дигари эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё соли 2014 бо Фаридуни Хуршед издивоҷ кард. Соли 2015 онҳо соҳиби духтар ва 17 августи соли 2016 соҳиби писар шуданд.
Дар соли 2015 Фарзона ва Фаридунро барои баргузории маросими гаҳворабандони духтарашон Закия масъулони танзими расму ойин 4000 сомонӣ ҷарима ҳам бастанд.
Соли гузашта овозаҳое паҳн шуда буд, ки гӯё ин ҷуфти ситораҳо аз ҳам ҷудо шудаанд. Вале ин овоза беасос баромад. Фарзонаи Хуршед дар барномаи «Аз дил ба дил” дар мавриди муносибатҳояш бо Фаридун мегӯяд: ”Муносибати мо хуб аст. Мо мисли дӯст ҳастем. Ман намегӯям, ки Фаридун инсони бад аст. Фаридун беҳтарин инсон аст.”
Ф. Фармон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ