Фарзонаи Хуршед шавҳар кард?

Фарзонаи Хуршед-хоҳари ситораи №1-и эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё ва духтари хурдии ҳунарманди маҳбуб Сурайё Қосимова ҳамеша дар мадди назари мардум қарор дорад, аз ин ҷост, ки тез-тез дар атрофи номаш ҳангомаҳои нав ба нав пайдо мешаванд.

Хабари аз Фаридуни Хуршед ҷудо шудани Фарзона як соли дароз  вирди забони хурду калон буд. Мухлисони асил аз пош хӯрдани оилаи эшон афсӯс мехӯрданд, зеро Фарзона ва Фаридун ду фарзанди нозанин дошта, зеботарин ҷуфти ҳунарӣ дар эстрадаи тоҷик ба шумор мерафтанд.

Ҳафтаи гузашта овозаи дигаре паҳн гашта, боз номи Фарзонаро вирди забони мардум гардонд. Мегӯянд Фарзонаи Хуршед дари дилашро ба рӯйи ишқи нав боз намуда, ба Ҷовид ном ҷавони кӯлобӣ ба шавҳар баромадааст. Сабур ва як гурӯҳ мухлисони дигари Фарзонаи Хуршед ба идораи ҳафтаномаи “Оила” занг зада, рост ё дурӯғ будани хабари дубора издивоҷ намудани Фарзонаро пурсон шуданд. Азбаски мо дар ин бора маълумоти дақиқе дар даст надоштем, ба Диловари Мизроб, продюсери Фарзонабону занг задем.

Диловари Мизроб:

Ман ба “личная жизн”-и Фарзона кор надорам!

-Диловар, ситораҳоро мардум соле чанд маротиба хонадор ва ҷудо мекунанд, аз ҳамин хотир, мо ба шумо занг зада истодаем, то бифаҳмем, ки хабари дубора ба шавҳар баромадани Фарзонаи Хуршед рост аст ё дурӯғ?

-Ман 11 сол боз Фарзонаро мешиносам ва бо ӯ ҳамкорӣ мекунам, аммо то имрӯз ягон бор дар бораи ҳаёти шахсиаш бо рӯзноманигорон суҳбат накардаам. Бовар кунед, ҳатто сабаби аз Фаридун ҷудо шудани Фарзонаро рӯзноманигорон аз банда беҳтар медонанд, чунки ман ягон бор сари ин мавзуъ бо Фарзона суҳбат накардаам…

-Дар бораи ҷудоии ин ситора ҳарф задан дар ҳақиқат душвор буд, вале айни замон мо аз шумо фақат рост ё дурӯғ будани хушхабари издивоҷ намудани Фарзонаро донистан мехоҳем…

-“Личная жизн”-и Фарзона ба ман ягон дахл надорад. Ба кӣ ба шавҳар мебарояд, киро дӯст медорад, чӣ кор мекунад, ин кори шахсии ӯст. Ман фақат ҳамин қадар гуфта метавонам, ки Фарзона айни замон дар хориҷи кишвар қарор дорад. Ҳамин ки аз сафари ҳунарӣ баргашт, метавонед бо Фарзонаи Хуршед “Мулоқоти ғоибона” барпо намуда, ба тамоми саволҳоятон, аз ҷумла, дар боби шавҳар кардану накарданаш аз худи ӯ ҷавоб бигиред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *