Фарзонаи Хуршед: Зиндагии мо тамом шуд
Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед, ду тан аз овозхонони маъруфи кишвар, ки 3 сол пеш оиладор шуда буданд аз ҳамдигар ҷудо шудаанд. Дар ин бора як манбаъи боэътимод аз наздикони ин ҳунармандон, ки нахост номаш ифшо шавад иттилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки маросими оиладоршавии ин ду ҳунарманд, низ пурсарусадо ва пурҳангома буд.
Хабари ҷудошавии ин ситораҳо ибтидо диққати хонандагони сомонаи моро ба худ ҷалб карда, зангҳое зиёде ворид гардид. Яке мегӯяд, ки Фарзона бо Фаридун барои кадом масъалае бо ҳам созиш нагирифта аз ҳам ҷудо шуданд, дигаре бошад ин даъворо рад намуда мегӯяд, ки Фаридун худаш аризаи ҷудошавиро пешниҳод намудааст. Барои ифшои ин сирр ва ошкор кардани ҳақиқат мо аввал ба телефонҳои дастии Фарзона ва Фаридун занг задем, аммо онҳо ҷавоб надоданд. Пас аз ин ба продюссери Фаридун Диловари Мизроб муроҷиат кардем, то ба ин муаммо равшанӣ андозад.
Ибтидо Диловари Мизроб ин муамморо зиндагии шахсии онҳо номида, нахост дар ин бора чизе гӯяд. Аммо суолҳои кунҷкобонаи мо боис гашт, то ки Диловар чанд сухане дар мавриди овозаҳо ҳарф занад:
-Ростӣ, ман айни ҳол продюсери Фаридун ҳастам ва ин хабарҳо моро беташвиш намегузорад.
— Шумо нисбати аксе, ки Фарзона дар саҳифаи шахсиаш дар сомони иҷтимоии Фейсбук гузошта, дар зераш «Зиндагии мо ба охир расид» навиштааст, чӣ гуфтанӣ ҳастед?
-Ман хабар надорам, аммо шунидам, ки байнашон ҷангу ҷанҷоли калон гузаштааст ва ҳарду мехоҳанд аз ҳамдигар ҷудо шаванд. Ман бовар надорам, ки Фарзонаи Хуршед ба ҳама гуфта бошад, ки мо ҷудо шудем. Ман ба хотири ин суол ба назди Фарзона меравам ва ба шумо занг зада, тафсилоти бештарро шарҳ медиҳам. Боқи саломат бошед. – гуфт Диловар дар поёни сӯҳбат.
Аз гуфтаҳои Диловари Мизроб қонеъ нагашта, мо ба дугонаи наздики Фарзонаи Хуршед Гулсарабону дар тамос шудем, то моро бо Фарзонаи Хуршед пайваст намояд. Гулсара суоли моро шунид ва ваъда дод, ки ҳатман Фарзонаро мегӯям, ки ба шумо занг зада, дар ин масъала ошкоро ҳарф занад.
Хонандагони азиз, мо интизори занги Фарзонаи Хуршед ҳастем ва бо пайдо шудани маълумоти нав муфассал ба шумо иттилоъ хоҳем дод.
Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ