Фарзонаи Муродӣ сазовори ҷои аввал гашт

Фарзона Муродӣ хабарнигори минтақавии ҳафтаномаҳои “Оила” ва “Тоҷикистон” ва сомонаи tajikistantimes.com сазовори ҷои аввал гашт.

Дирӯз маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун аз маводҳои чопӣ, Таҳмина Убайдуллоева барои чопи мавод дар ҳафтаномаи “Фараж” ва Эҳсон Турсунов барои чопи мавод дар ҳафтаномаи “Шифо”, маводҳои  интернетӣ ба Фарзона Муродӣ – сайти “Tajikistan Times”, Қутбияи Неъматулло – сайти “Садои Мардум”, Шаҳноз Комилзода – сайти “Миллат”,  инчунин, ба Гулистон Каримова аз радиои “Фарҳанг” сарфароз гардонида шуданд.

Насрулло Рамазонов, аз барномаи USAID оиди мубориза ба бемории сил дар суҳбат ба мо гуфт, ки озун таҳти унвони “Беҳтарин мавод оид ба бемории сил ва доғгузорӣ”  се сол аст, ки идома дорад. Дар озмун намояндагони ВАО иштирок карда, ба мукофотҳо сарфароз  гардонида мешавад. Дар озмуни имсола  бештар аз 50 мавод пешниҳод гардид.

“Муҳим будани ҷалби васоити ахбори оммаро дар паҳн намудани маълумотҳои асосӣ оид ба бемории сил қадрдонӣ намуда, Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил аз соли 2015 инҷониб 80 нафар намояндагони ВАО – и Тоҷикистонро бо омӯзишҳои касбӣ, сафарҳои омӯзишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, фаро гирифтааст, афзуд” Н. Рамазонов

Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил яке кӯмакҳои Ҳукумати ИМА ба шумор меравад ва он барои беҳтар намудани вазъи саломатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, равона гардидааст. 

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *