Фарзони сарсон дар шаҳри Бӯстон

                                                           Ошхонакобӣ

Дар ҳавои сард-ку ба таври “автоматӣ” дилам сард мешавад. Зеро ҳам қувваи барқ дучанд сарф мешаваду ҳам таппаку ҳезум.  Хулас як рӯзи сарди зимистон, моҳи феврал  яке аз хешовандонамонро, ки дар беморхонаи   “Бемориҳои дил”-и шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) бистарӣ буд ба аёдаташ рафтам.

Вазъи нақлиёти дохилишаҳриро, ки хуб медонистам аз Хуҷанд дасти холӣ рафтам ва ба худ гуфтам, ки “аз ҳамон ҷо ягон хӯрок мехарам”.

Ба ресторани “Норак” рафтам, ки ягон намуди хӯрокро харида ба  бемор барам. Ба ошхона даромада ягон хӯроки таъби дил наёфтам. Кормандони ресторани ошхонамонандро пурсидам, ки умуман чи хӯрокҳои якум ҳаст?

-Як марди тахмин 40-45 сола номгӯи якчанд хӯрокҳои косагиро баён кард. Ба зарфҳои хӯрокгири он чашм давонам, ки оби ҳимолой.  Нахостам ба бемор хӯроки 75%-аш обро барам.  Барои ҳамин аз он ошхона баромада ба ҷустуҷӯи ошхона дигар  сар кардам, то хӯроки дилкаштареро пайдо кунам.

Ман, ки сари як сол як бор ба ин шаҳр меравам ҷузъ беморхона ва ба истгоҳ омада ба маршут нишастан ҷои дигарро намедонам. Ҳамон рӯз дасту остин барзада ба ошхонакобӣ даромадам.  Ду-се ҷое, ки дар деворҳояш баннери 10-15 намуди хӯрокҳои милливу хориҷиро насб карда  шуда буданд сар халонидам.

Аммо дар яке аз чунин ошхонаҳо даромада иштиҳои бастаам бастатар шуд. Ба ошхоначаи сарироҳие, ки дар наздикии  “Памир-бозор” ҷойгир буд даромаданӣ шудам. Бинам, ки касе нест он ҷо. Дар назди дар ҳайрон ба атроф нигоҳ карда истода будам, ки марде ба ришҳои нимрасида ва пешдомани кайҳо боз рӯи обро нодида ба наздам омад ва “марҳамат духтарам, чи гирифтанӣ шумо?” пурсид аз ман.

Гӯё ягон инсони ғайриоддиро дида истода бошам бо таҳайюр ба мард нигаристам ва аз рӯи “анъана”-и  тоҷикона ба саволи ӯ ба савол ҷавоб додам ва пурсидам:-Ин ҷо ошхона не мӣ?

-Бале. Аммо ин ҷо танҳо пирашка мепазем-афзуд ӯ.

 Ба ҳамон нигоҳи ҳайратомез бори дигар  сар то ба пои мардро чашм давонидаму аз ӯ дар куҷо будани ошхонаро пурсидам. Мард ба ангушти ишорат биноеро нишон дод, ки девораш яклухт баннерпӯш буд. Дар баннер номгӯй ва намуди хӯрокҳои бисёр дилкаш акс ёфта буданд. Гӯё ягон чизи солҳои сол кофтаистодаамро пайдо карда бошам аз наздик шудан ба ин бин шод шудам. Аммо  дари нимбози онро кушода “пасту по хӯрда” мондам.  Зеро даруни биное, ки берунаш бо хӯрокҳои рангоранг  на ошхона, балки ҷои бозиҳои компютерӣ будааст.

                                                                                                                                                                      Фарзона Муродӣ

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *