Фатҳулло Гулен-руҳонии маъруфи турк даргузашт

Фатҳулло Гулен, руҳонии маъруфи турк ва мухолифи Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар яке аз беморхонаҳои Пенсилванияи Амрико аз олам даргузашт.

Гулен муассиси литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон буд.

Гулени 83-сола аз соли 2016 ба инҷониб аз тарафи низоми Эрдуғон таҳрим шуд. Фаъолияти ширкатҳои ӯ дар Туркия манӯъ ва худи вай мавриди ҳадаф қарор гирифт.

Мақомоти Туркия табаддулоти нофарҷоми давлатиро дар соли 2016 кори дасти Гулен арзёбӣ намуданд. Пас аз ин даҳҳо нафар дар Туркия бо ҷурми пайравӣ Гулен боздошт шуданд. Худи Гулен даст доштан дар табаддулотро рад мекард.

Фатҳуллоҳ Гулен аз солҳои 90 –ум дар Амрико ба сар мебурд. 

Литсейҳои ӯ дар чанд кишвар, аз ҷумла дар Тоҷикистон фаъолият мекарданд. Фаъолияти ин литсейҳо мавриди интиқоди аҳли зиёи кишвар қарор гирифта буд. Чанд сол пеш ин литсейҳо баста шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *