Фаврӣ: Кӯдакдузд дар Душанбе дастгир шуд
Дар доираи баргузории маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шабона, соати 4.20 дақиқаи субҳ гумонбаршаванда ба дуздии кӯдаки 2-моҳа берун аз ҳудуди пойтахт муайяну дастгир ва кӯдаки навзод сиҳату саломат дарёфт гардид.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30 ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 15.00 дақиқа ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе хабари дуздида шудани кӯдаки навзоди 2 моҳа дар ҳудуди Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13 ворид гардид.
Тавре муайян гардид, гумонбаршаванда ҷавонзани 29 сола Ахмедова Нигора Рустамҷоновна санаи таваллудаш 03.07.1992, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чортеппа, деҳаи Кампирқалъа буда, зимни қарордошт дар дохили Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13-и шаҳри Душанбе кӯдаки навзоди 2-моҳаро аз модараш барои нигоҳубини яклаҳзаина қабул ва сипас аз набудини модари кӯдак истифода намуда, кӯдакро гирифта ба самти номаълум ғайб задааст.
Айни ҳол нисбати гумонбаршаванда Ахмедова Нигора тибқи талаботи моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати муайян намудани сабабу ҳадафҳои ҷиноятӣ ва даст доштани дигар иштирокчиён дар содир намудани ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ