Фавти 26 нафар аз ВНМО дар Суғд

Дар давоми шаш моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд 123 нафар бо сирояти ВНМО ба қайд гирифта шудаанд. Бино ба иттилои сардори Раёсати тандурустии вилоят Муҳиддин Ҳабибулло Хайруллозода, ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 нафар кам мебошад.
“Асасан гирифторони мубталои ВНМО синну соли 30 то 49-соларо дар бар мегиранд. Роҳҳои гузариш дар 95,5%-и ҳолат алоқаи ҷинсӣ мебошад. Айни замон дар қайди марказ 2371 нафар мутбалоёни ВНМО қарор доранд. Инчунин, ҳолати фавт дар ин нимсола 26 нафарро ташкил медиҳад”,- афзуд Хайруллозода.

“Ҳамсари беморамро нодуруст фаҳмидам”
Дилшод Салимов (ному насаб шартӣ ва нақл воқеӣ аст) ҷавонмарди 26-сола аст, ки дар синни 24-солагӣ оиладор шудааст. Ба қавли ӯ, пас аз 3-4 моҳи тӯйи оиладоршавӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, беш аз як сол дар ғарибӣ мондааст.
«Ҳар гоҳ модарам занг занад, мегуфт, ки бачам, нав оиладор шудӣ, инқадар дурудароз аз занат дур гаштан кори хуб нест. Ҳар гоҳ, ки қудо ба хона ояд, ҳатман аз танҳоии келин гила карда, мегӯяд, ки агар чунин шудани корро медонистем, ба шумо духтар намедодем»,- мегӯяд қаҳрамони мо.
Дилшод аз ин суханони модар дар ғазаб шуда, ба ҷойи ба Ватан баргаштан ба маконҳои дилхушӣ рафтанро пеша кард. Ҳафтае ду-се маротиба ба шабнишиниҳо рафта, аз хизматҳои шаҳвонӣ истифода мебурд.
«Аз сари беақлӣ ба ҷои тезтар ба ватан баргаштан ба ин гапи хушдоманам қасдона ҳафтае ду-се бор барои дилхушӣ мерафтам ё ягон мизоҷи доимии шиносамро ба иҷора меовардам. Бечора ҳамсарам занг занад, ба косаи заҳр об дода, мегуфтам, ки як бори дигар модарат омада ба муносибати оилавиямон дахл кунад, ҷавобатро медиҳам»,- бо таассуф иброз дошт Дилшод.
Қаҳрамони мо баъди ду солу ҳафт моҳ ба хона баргашт. Зиндагии маъмулии онҳо идома дошт. Тахминан пас аз 2 моҳи баргаштан ҳамсараш ҳомиладор шуд. Ӯ ҳангоми ҳомиладорӣ доим аз саломатияш шикоят дошт ва аҳли оила онро нишонаҳои аввали ҳомиладорӣ ва ҳатто ба дард сабук будану эркагӣ кардани келин медонистанд.
«Бо ҳамсарам барои гузаштан аз ташхиси ҳатмӣ рафтем. Вақти тахшис маълум шуд, ки тифл дар батни занам фавтида будааст. Он замон ташхиси хуни ӯ нишон дод, ки кӯдаки маъсум ба вируси норасоии масунияти одам олуда шудааст. Дар аввал, дил душман ки ҳаст, аз ҳамсарам бадгумонӣ кардам, ки дар набуданам ба ман хиёнат кардааст. Аммо баъди он ки ҳардуямонр тахшис карданд маълум шуд, ки сарчашмаи беморӣ ман будаам, ки баъди баргашт ҳамсари бенугоноҳамро мубталои ин вирус кардаам»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Табибон чӣ мегӯянд?
Табибон ва масъулини соҳаи тандурустӣ бар онанд, ки дар миёни олудашудагони ВНМО аз се ду нафарашон тавассути иртиботи ҷинсӣ ба ин беморӣ печидаанд.
Дар масъалаи пайдоиши ин намуди беморӣ ва сабабҳои он саволҳои зиёд ба мутахассисони соҳа пешниҳод мешавад. Саволи асосие, ки бештар ба назар мерасад, ин аст: “Сабаб ва пайдоиши вируси норасоии масунияти одам дар чист?”. Посухи духтурони соҳа ба ин савол чунин аст:

ВНМО (ВИЧ) — ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. Ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо (Lentiviru) дохил мешавад.
Номи Lentivirus аз мазмуни калимаи лотинии lente — сустӣ асос ёфтааст. Барои лентивирусҳо инчунин давраи дурударози ниҳонӣ хос аст. ВНМО вируси аз ҳама зиёд омӯхташуда дар ҷаҳон мебошад.
Саволи дигаре, ки имрӯз шаҳрвандони оид ба бемории ВНМО маълумот надоштаро ба ташвиш овардааст, ин аст: “Роҳҳои гузариш кадом аст?”. Духтурони соҳа мегӯянд, ки роҳҳои гузариши ин беморӣ, яъне сироятёбӣ асосан бо роҳи тамос бо хун (ҳангоми хунгузаронӣ, истифодаи сӯзандоруҳо), дуюм, бо роҳи алоқаи ҷинсӣ бо шахсони мубталои вирус, сеюм, аз модар ба кӯдак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд, ширмаконӣ) аст.

Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум роҳи асосии пешгирӣ аст
Баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории зич байни КАТС-ҳо, муассисаҳои тиббӣ, кор бо гуруҳҳои хавфи зиёддошта, хоса шахсоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, танҳо вазифаи кормандони соҳаи тиб не, балки яке аз вазифаҳои асосии ҳар яки мост. Зеро бетарфӣ нисбат ба саломатии худу ҷомеа боиси зиёдшавии тамоми намуди бемориҳо аст. Инчунин, тақвият додани мубориза бо ВНМО бо иштироки ҷамоатҳо, сафарбаркунии иҷтимоӣ, ҷалби созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гуруҳҳое, ки аз беморӣ азият кашида истодаанд, самтҳои асосии пешгирӣ аз беморӣ аст.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхис ва табобати ВНМО пурра ройгон ба роҳ монда шуда, шахсоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, бо доруҳои ройгон таъмин карда мешаванд.
Шахсоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, дар ҷомеа баробари дигарон метавонанд ҳаёти осоишта ба роҳ монда, баҳри рушди шахсияти худ талош намоянд. Танҳо эшонро мебояд, ки руҳияи худро аз даст надода, нисбати саломатии худ беэътибор набошанд ва сари вақт ба табобат шуруъ намоянд.

Фарзона МУРОДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *