Фавти 27 нафар аз гармии офтоб
Дар Куриёи Ҷанубӣ аз ҳавои гарми тоқатфарсо 27 нафар вафот карда, беш аз ду ҳазор сокини ин кишвар ҷароҳат бардоштаанд. Бори аввал дар давоми 76 соли охир ҳарорати ҳаво дар Куриё то ба 41 дараҷа расидааст. Партияи демократии Куриё гармои имсол ба сари мардумаш омадаро офати табиӣ мешуморад. Ҳукуматдорон барои муҳофизат кардани мардум аз ҳавои гарм чораҳои фаврӣ андешида, ба ҷабрдидагон кӯмаки молӣ мерасонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ