Фавти ду ҳамсинф дар Сирдарё    

Ду ноболиғи 16-сола ҳангоми оббозӣ дар Сирдарё ғарқ шуда, фавтидаанд. Ҳарду сокини ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.

Ҳодиса 6-уми июн баъди нисфирӯзӣ, тахминан соати 14:10 дақиқа рух додааст.

Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки ноболиғон ҳарду ҳамсинф мебошанд. Пас аз супоридани имтиҳони мактаб ба Сирдарё омада, дар мавзеи манъшуда, ҳудуди микронияҳияи 34-ум оббозӣ ва ғарқ шудаанд.

Ба гуфтаи сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати мазкур Диловар Ҳамдамов, баъди расидани хабар дастаи зудамали наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расидаанд. Аммо то омадани онҳо истиқоматкунандагони атрофи Сирдарё ҷасади ноболиғонро ёфта, аз об берун бароварданд.     

Масъулин гуфтанд, ки агар як сабаби марги ноболиғон – ин оббозӣ дар маконҳои мамнуъ бошад, сабаби дигар беназоратии волидон аст, ки ноболиғонро беназаор мегузоранд.                                                                                    

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *