Фавти ду нафар аз табларза
Як сокини 47-сола ва як сокини 16-солаи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон аз бемории хатарноки сироятӣ фавтиданд. Сар аз 18 июл то кунун дар он минтақаи Ӯзбекистон 98 ҳодисаи захми кана ба қайд гирифта шудааст.
Табибон мегӯянд, талош барои наҷоти ду нафари фавтида бенатиҷа буд. «Ҳар ду фавтида табларза доштанд. Вазъашон хеле бад буд. Зан ҳамагӣ 12 соат тоб овард ва наврасро мо ду ҳафта табобат кардем, вале ӯ ҳам дар ниҳоят ҳалок шуд», — мегӯянд табибон.
Як корманди Маркази назорати давлатии беҳдоштӣ дар вилояти Қашқадарё мегӯяд, баъди марги ду одам ситоди махсус ташкил ва тафтиш шуруъ шудааст. «Мо ситод ташкил кардем ва ҳодисаи газидани кана дар банади 14 одами дигар ошкор шуд. Ба мардум машварат додем, дар ҳоли ҳозир вазъи ҳамаи онҳо хуб аст», — гуфт корманди беҳдоштӣ.
Бо ҳамин беморӣ дар ҳоли ҳозир се одами дигар бистарӣ ва зери назорати табибон ҳастанд.
Ҳангоми мубтало шудан ба бемории табларза дар ҷисми одам болоравии ҳарорат, дилбеҳузрӣ, дарди меъда, дарди сар, дар устухону буғумҳо, хунравӣ аз димоғ, хунравӣ аз пилки дандонҳо ва ғайра мушоҳида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ