Фавти шаш нафар аз беэҳтиётӣ дар Хатлон

Дар соли 2021 дар ҳудуди вилояти Хатлон бо сабаби риоя накардани ҳолати бехатарӣ 14 ҳодисаи нохуш рух додааст. Дар ин бора имрӯз, 3-юми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ Ҳамза Бобозода, сардори Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ дод.

— Аз ҳодисаҳои нохуш қисми зиёдаш дар соҳаи сохтмон рух додааст. Дар натиҷаи хулосаҳои пешниҳодкардаи мо аз тарафи прокуратура нисбати шаш нафар масъулин парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст,- афзуд мавсуф.

Ӯ мегӯяд, ки аз фавти сокинон як ҳолат дар корхонаи хурди пахтатозакунии ноҳияи Дӯстӣ, як ҳолат дар рафти корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Данғара ва як ҳолати дигар дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ рух додааст.

— Чанде аз сокинони ноҳияи Хуросон барои ҷамъоварии ҳосили картошка ба саҳро мераванд. Ҳангоми оббозӣ дар ҳавз ду нафар ғарқ мешаванд,- таъкид кард ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *