Фавти як нафари дигар аз коронавирус. Вазорат тасдиқ кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз сабти боз як ҳолати фавт бар асари КОВИД-19 хабар дод.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустиро марбут ба коронавирус ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст.

Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризӣ гуфта мешавад.

Аммо роҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Руссия Александр Семёнов мегӯяд, ки усули сабти мавридҳои “вируси корона” дар кишвари мо дуруст роҳандозӣ шудааст.

Бино ба иттилои вазорат, дар маҷмуъ аз 30 апрел то 5 сентябр 899 нафар гирифтори коронавирус шудаанд, ки аз ин 7683 нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди умумии фавтидагон дар кишвар бар асари ин пандемия ба 71 нафар расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *