Фавти яке аз чоргоникҳо дар Хатлон
14 январи соли ҷорӣ Миҷгона Асоева, сокини ноҳияи Хуросон якбора чоргоник таваллуд карда буд. Табибон он замон ҳолати кӯдакони навзодро вазнин гуфта буданд.
Имрӯз, 29 январ соли равон, Хушнуд Баҳодурзода, Сардухтури беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар дар нишасти хабарии Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон гуфт, ки аз чор кӯдаки навзод яке аз онҳо вафот кардааст. Ӯ афзуд, ки кӯдакон пеш аз муҳлат таваллуд шуда буданд. Ба таъкиди вай кӯдакони навзод ҳолати вазнин доштанд ва мутаассифона, яке аз онҳо фавтидааст.
Pressa.tj аз таваллуди чоргоник ҳанӯз 14 январи соли 2024 хабар дода буд. Кӯдакон дар шуъбаи таваллуди беморхонаи мавриди назар ба дунё омадаанд. Вазни кӯдакони навзод 1 килограмму 600 то 1 килограмму 700 грамм буд.
мебошанд.
Зане, ки чоргоник таваллуд кардааст, Миҷгона Асоева, сокини ҷамоати деҳоти “Қизилқалъа”-и ноҳияи Хуросон буда, 27 сол дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ