Файзигул Юсупова: Ҷонамонро дар кафи даст гирифта, ба тӯй мерафтем
Аз ҳаво ба ҷойи борон тир меборид. Дар ҷӯйҳо ба ҷойи об хун мерафт, хуни одамӣ. Моҳиён дар қаъри дарё аз гӯшти одам сер шуда буданд.
Замин аз мурда безор шуда буд, зеро ҳар рӯз ҷасади даҳҳо ҷавони номуроди ғарқи хунро гоҳ бо кафан ва гоҳе ҳатто бе кафан ба хок месупориданд. Силоҳдорони ваҳшӣ духтаронро дар пеши назари падар таҷовуз мекарданд, шиками зани ҳомиларо чок намуда, тифли батнашро берун оварда, дар равғани сӯзон бирён мекарданд. Бародар душмани бародар, ҳамсоя ташнаи хуни ҳамсоя буд. Ҳама ҷо қатлу ғорат, ҳама ҷо кинаву разолат…
Ҷанг файзу баракатро аз зиндагии мардум рабуда буд ва кӯдакон аз гуруснагӣ дар рӯйи дасти модар ҷон медоданд. Мардум аз ночорӣ ба ҷойи нон ҷаву кунҷора мехӯрданд. Ашки зани тоҷик ба бари рӯяш шашқатор мешорид. Чашмҳо аз шиддати гиря қариб кӯр шуда, дар дидаҳо дигар нур намонда буд…
Дар ана ҳамон шабу рӯзҳои душвор, ки кишвар чодари мотамӣ ба сар дошт ва мардум дар ғами ҷони худ буданд, ин духтараки наҳифпайкар дар андешаи санъат буд ва суруд мехонд. Таронаҳои ӯ тарона не, ғамнома буданд, ғамномаи модари тоҷик. Нола мекард Файзигул бар марги ҳазорон-ҳазор шаҳбачаҳои гулгункафан ва ғиреви садҳо модарони аламзада ба фалак мепечид, зеро дарди онҳоро месуруд ин ҳофизаи ҷавон…
Ҳамин буд, ки мардум ӯро дӯст доштанд ва номаш вирди забони хурду калон гашт. Шуҳрате, ки Файзигули Юсуф солҳои 90-ум дошт, на ба ҳар ҳунарманд насиб мегардад. Мухлисони сершумораш гурусна ва ба як пора нон зор бошанд ҳам, ба ҷойи нон ба консерти Файзигул чипта мехариданд, зеро дарди дили онҳоро месуруд, аламҳои онҳоро нола мекард Файзигули Юсуф…
Аз нақли Файзигул
—Ҳукумат ва мухолифин соли 1992-1993 сулҳ баста бошанд ҳам, нооромиҳо то солҳои 1995-1996 идома ёфтанд. Рӯзе набуд, ки аз ягон гӯшаю канори кишвар садои тир ба гӯш нарасад ва ҷасади чанд ҷавони хунинкафанро ба хона наоранд. Модарон дар ғами фарзанд синачоку дидагирён буданд, аммо дар ҳамон ҳолат низ мардум кӯшиш карда, фарзандони баркамоли худро бо тӯю тамошо хонадор мекарданд, то ки ғаму дард аз кишвар рахт баста, ҷойи онро шодию фараҳ бигирад. Ман он солҳо хеле ҷавон бошам ҳам, вазъи зиндагии мардумро дарк мекардам. Бисёр вақт ҷонамонро дар кафи даст гирифта, ба тӯйҳо мерафтем ва баъзан ҳатто бе пул хизмат мекардем. Азбаски дарди дили падарони қоматхамидаю модарони дидагирёнро месурудам, мухлисони банда хеле зиёд буданд. Дар як рӯз баъзан 2-3 тӯй доштем. Шабе аз тӯй бармегаштем, ки мошини моро силоҳдорон манъ карда, ҳамаамонро фароварданд. Ман ҳамон шабу рӯз дар ансамбли “Ганҷина” кор мекардам ва роҳбари гурӯҳ будам. Барои он ки ба бачаҳо зарар нарасонанд, пеш баромада ба қумандонашон гуфтам, ки ин бачаҳо ягон гуноҳ надоранд, онҳо санъаткоранд ва барои хурсанд кардани мардум заҳмат мекашанд. Иҷозат диҳед равем, охир ҳар кадоми инҳо дар хона зану фарзанд доранд ва кӯдакони хурдсолу падару модари пирашонро онҳоро интизоранд. Аз афташ гапҳои ман ба қумандон нафориданд, ки пистолетро ба зери манаҳам монда гуфт: “Файзигулуш худутӣ? Ку як суруд хон, бачаҳо рақс кунан…” Таҳқири ин марди яроқбадаст аз ҷавшани ҷонам гузашт ва базӯр лаб зери дандон гирифта, бори дигар такрор кардам, ки ин бачаҳоро дар хона пайвандонашон интизоранд, иҷозат диҳед равем…” Якравии ман қумандонро ба ғазаб овард ва пистолетро ба гулӯям пахш карда, девонавор фарёд зад: “Суруд мехонӣ ё сари як тирут кунум!”
Дасту поям сард гашт, хун дар баданам ях баст. Дар дил ба худ гуфтам, ки тамом, мо ҳам ҳамтақдири Кароматуллои Қурбон мешавем. Чашмонамро пӯшида, калима арза кардам ва ба мурдан тайёр шудам. Ҳамин вақт садои даҳшатангези тир аз бехи гӯшам ғулғула афканд ва гӯшҳоям якбора қулф заданд. Хаёл кардам, ки мурдам, вале умр боқӣ будааст. Намедонам кадом бузургворе дар пуштамон буд ё дасти чандин камбағали афтодагонро гирифтанам ба Худованд хуш омада, моро нигоҳ дошт, ки тир аз бехи гӯшам виззосзанон гузашта рафту ба ягон нафари мо осеб нарасид…
Арӯси артистка
Соли 1994 Файзигул ба Фатҳулло ном ҷавон ба шавҳар баромад. Домод ӯро аз рӯйи санъаташ дӯст дошта бошад ҳам, баъди никоҳ рашк мисли заҳрпечак ба дилу ҷонаш реша давонд. Файзигул бо сад забон ба шавҳараш мефаҳмонд, ки ӯ як зани одӣ не, санъаткор аст ва бидуни суруду тарона зиста наметавонад, аммо Фатҳулло ӯро ҳеҷ фаҳмидан намехост. Вай ду пояшро ба як мӯза андохта, талаб мекард, ки занаш аз баҳри санъат гузашта, хонашин шавад. Ҳамин тавр, Файзигул панҷ соли дароз барои бахташ мубориза бурд, вале Фатҳулло аз асп фарояд ҳам, аз узангу нафаромада, талаб мекард, ки дигар ҳофизагӣ накунад. Устухони ӯ бо нони ҳунар шах шуда буд ва Файзигул хуб медонист, ки бе санъат зиста наметавонад, аз ҳамин хотир, баъди 5 сол бе ягон ҷангу ҷанҷол аз шавҳараш ҷудо шуд…
Ғам дар дилу ханда бар лаб
Новобаста ба шуҳрат, боигарӣ ва обрӯю нуфузе, ки дар ҷомеа дорад, бахт барои зан аз ҳама азизтар аст. Таҳаммул кардани шикасти бахт барои Файзигули сароянда низ осон набуд, аммо ӯ сир бой намедод. Ин зани ҳунарманд ғами дилашро бо суруд бароварда, таронаҳои ошиқона месуруд. Таронаҳояш дарду алами ҷудоӣ ва азобҳои зани танҳоро бозгӯ мекарданд ва ҳазорон-ҳазор ошиқон аз сурудҳои Файзигул ба ваҷд омада, дар пеши пояш гул мерехтанд. Консертҳои Файзигул он қадар мухлисони зиёд доштанд, ки аз бисёрии одам сӯзан партоӣ, ба замин намерасад. Пас аз ҳар тарона толор аз мавҷи кафкӯбиҳои бардавоми мухлисон ба ларза медаромад ва зери қадами ин бонуи ҳунарманд гул мерехт…
Бахти дуюм
Файзигул дар авҷи шуҳрат дубора шавҳар кард, вале ин дафъа низ бахт ба рӯяш нахандид. Худованд ба ӯ ҳусни расою қаду қомати зебо, шуҳрат, обрӯ, боигарӣ, хулоса, ҳама чиз дода буд, аммо фарзанд не. Зану шавҳари ҷавон 8-соли дароз дар ба дари табибон гаштанд, сарашонро ба сад кӯй заданд, аммо нахли умрашон бор наовард. Билохира, бо дили хунчакон онҳо аз ҳам ҷудо шуданд ва Файзигул боз танҳо монд….
Табассуми тақдир
Файзигул шикасти бахташро назди касе қисса намекард, зеро хуб медонист, ки мардум дар рӯят ҳамдардӣ намоянд ҳам, аз пасат ба ҳолат механданд, масхара мекунанд, овозаю ҳангома мебофанд. Ҳамрози ягонааш суруд буд, аламҳояшро танҳо тариқи суруд гуфта, дар намозҳояш аз Худованд мурод металабид…
Ниҳоят Худованд оҳи дили ӯро шунид ва баъди бори сеюм шавҳар кардан барояш фарзанд ато намуд. Ба хотири фарзанд муддате аз саҳна дур шуд. Файзигул тамоми вақт ва кӯшишу ғайрати худро ба тарбияи бачаҳояш мебахшид, зеро акнун ӯ модари серфарзанд буд ва якто не, панҷ тифлро саробонӣ менамуд. Вай бисёр кӯшиш мекард, ки ба фарзандонаш тарбияи нек диҳад, то номбардори модару Ватан гашта, асои дасташ шаванд…
Бозгашт ба саҳна
Фарзандонашро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намуда, ба саҳна бозгашт, зеро зиндагиашро бидуни суруду мусиқӣ тасаввур намекунад. Имрӯз Файзигул Юсупова роҳбари ансамбли “Файзи гулзор”-и Филармонияи Давлатии Тоҷикистон, модари меҳрубони 5 фарзанд ва соҳиби келину набера аст. Мо бо ин бонуи ҳунарманд суҳбати кӯтоҳе доштем сари мавзӯи оилаву оиладорӣ.
Аз муҳовара
-Файзигул, шумо ҳамчун зан худро хушбахт эҳсос мекунед?
—Дар дунё аз фарзанд дида, неъмати бузургтар нест. Худованд ба ман 5 фарзанди солеҳ додааст. Магар хушбахтӣ аз ин зиёд мешавад?!
-Дар ҳаётатон шодиҳо бештар буданд ё ғаму мусибат?
-Ғаму шодӣ ва барору нобарориҳо дар зиндагӣ ҳамқадами инсонанд. Лаҳзаҳои душвори умрам бештар буданд, вале туфайли ҳамин шикастҳо одамшинос шудем. Ба ҳамааш шукр мегӯям.
—Таҳаммул кардани шикасти бахт барои зан бисёр душвор аст. Се бор хонавайрон шудан шуморо аз зиндагӣ дилшикаста насохт?
-Медонед, баъди ин ҳама шикастҳо ман ба хулосае омадам, ки дар ин замона марди асил тухми анқо шудааст. Ҳастанд мардони бо нангу номус ва боақлу бо фаросате, ки барои зан такягоҳи устувор мешаванд, вале шумораашон бисёр кам аст. Бештари мардҳо имрӯз ба қавли мардуми рус “алфонс” шудаанд, як умр аз ҳисоби зан хӯрда, каттагӣ ва айшу ишрат кардан мехоҳанд. Аз чунин шавҳар доштан танҳо будан беҳтар аст.
-Занҳои эҷодкор хеле серкоранд. Вақт ёфта, дар хона кадбонугӣ мекунед ё …?
—Худоро шукр, ман ду келини чаққон дорам ва онҳо намемонанд, ки дастамро ба оби сард занам.
—Хӯроки пухтаашон шӯр ё бенамак биёяд, келинҳоро сарзаниш мекунед? Умуман, Файзигул Юсупова чӣ гуна хушдоман аст: золим ё меҳрубон?
—Хушдомани золим будан ё набудани маро рафта аз келинҳоям пурсед! Дар масъалаи кадбонугӣ бошад, келинҳоям бисёр духтарҳои бо дасту панҷа ҳастанд, чунон хӯришу хӯрокҳои бомаза мепазанд, ки ҷони кас аз хӯрданаш роҳат мекунад. Ҳарду келинам маро очаҷон мегӯянд ва чунон меҳрубонанд, ки ногуфтанӣ…
-Бибӣ ҳам шудагистед?
-Бале, панҷ набераи ширинак дорам.
—Лаззати зиндагиро ҳамчун зан дар чӣ дарёфтед?
-Дар ободии Ватан ва сулҳу осудагӣ. Дар зиндагӣ ҳама чиз ба хотири ҷамъ ва тинҷиву амонӣ вобастагӣ дорад. Ҳамин осудагию ободист, ки мо, модарон метавонем бо хотири ҷамъ фарзандонамонро тарбияи нек дода, соҳибмаълумот созем.
-Санъат ба Файзигули Юсуф чӣ дод?
-Обрӯ, нуфуз, эҳтиром, шуҳрат, умуман, ободии рӯзгори банда аз баракати санъат аст. Аз офаридгор сипосгузорам, ки ба ман ҳунар додааст. Бо шарофати ҳунарам ба касеву чизе муҳтоҷ нестам, баръакс то ҷое, ки метавонам ба дигарон дасти ёрӣ дароз мекунам…
-Росташро гӯям, агар бо забони худатон “панҷ набера дорам” намегуфтед, дар ду дунё бовар намекардам, ки Файзигул Юсупова аллакай бибӣ шудааст. Сирри зебогиатон дар чист?
—Ман аз косметикаҳои қиматбаҳо умуман истифода намебарам. Бибиҳоямон як умр ба рӯяшон упою сафедаи қалъагӣ молида, ба қошу чашмашон сурмаю усма мекашиданд. Худованд одамро аз хок офаридааст ва хоҳ-нохоҳ ҳамаи мо боз дар дили хок маскан мегирем. Ман як инсони хокӣ ҳастам ва бештар сурмаю усмаи заминиро истифода мебарам.
—Шунидем, ки нияти Ҳаҷ кардан доред. Пас аз зиёрати хонаи Худо фаъолияти ҳунариатонро идома медиҳед ё…?
—На! Ҳаҷ кардан бузургтарин орзуи банда аст. Пеш аз зиёрати хонаи Худо мехоҳам ягон сарпараст ёфта, консерти охиринамро гузаронам. бо ҳамин дастурхони санъатро ҷамъ карда, омин мегӯям ва аз паси тоату ибодати парвардигор мешавам.
-Вақтҳои охир ҷанҷолу муноқишаҳои оилавӣ зиёд шуда истодаанд. Шумо ҳамчун зан, модар, хушдоман ва бибӣ ба ҷавонзанҳо чӣ маслиҳат медиҳед?
-Духтар вақте ки арӯс шуда ба хонаи шавҳараш меравад, аз як муҳит ба муҳити тамоман дигар меафтад, бинобар ин, хушдоманҳо бояд бо сабру таҳаммул бошанд ва ба ҷойи эрод гирифтану камбудӣ ҷустан оҳиста-оҳиста роҳу равиши хонаву рӯзгордориро ба келин омӯзанд. Келинҳо низ дар навбати худ бояд волидони шавҳарро мисли падару модари худашон ҳурмату эҳтиром намоянд ва сирру асрори оиларо набароранд. Зиндагӣ пастию баландиҳои зиёде дорад ва хоҳ-нохоҳ дар ҳар як хонадон баъзан ягон нофаҳмӣ мешавад, бинобар ин, ман ба занону духтарони тоҷик маслиҳат медиҳам, ки дар зиндагӣ сабур ва пуртоқат бошанд. Барои ҳар як гапи майда-чӯйда бо шавҳар ва хусуру хушдоман моҷаро накунанд, дили аҳли оиларо озор надиҳанд. Бузургонамон беҳуда нагуфтаанд: Санги вазнинро об намебарад…
—Барои суҳбати ҷолиб ва омӯзанда ба шумо як ҷаҳон ташаккур. Ҳамеша чунин зебо ва маҳбуб бимонед!
Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ