Файзинисо Воҳидова Соҷидаи Мирзоро ҳамсари мансабдори порахӯр гуфт!
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси машҳури тоҷик дар мактуби расмияш ба Президенти Радиои «Озодӣ» Томас Кенд гуфтааст, ки «чаро ҳарфи як хонуме, ки обрӯяш ду пули пучак надораду ҳамсари собиқ мансабдори порахӯри мақомоти давлат буду ҳоло барои тамаъи ришва дар зиндон мебошад, бояд болотар аз ҳарфи 40 нафар журналистони беҳтарини ҷомеаи тоҷикон бошад?»
Ин хонуми ҳуқуқшинос дар бобари ноадолатона ва бидуни шарҳ аз кор ихроҷ шудани рӯзноманигорони машҳур Абдуқайюми Қаюмзод ва Мирзои Салимпур хонум Соҷидаро гунаҳгори аслӣ ҳисобида гуфтааст, ки «вақте Абдуқаюми Қаюмзодро ба осмони ҳафтум баровардед, ҷоизааш додед ва хабарнигори беҳтарин эълонаш кардед ва бо як дархости хонум Соҷидаи Мирзо, ки ғуломи ВКХ буд, пеш аз маъракаи муҳимми сиёсӣ, интихоботи президентӣ ва парлумонӣ аз кор рондед.
Ҳарфи як зани эркаи Конгресси ИМА болотар аз ҷоизаи додаатон будааст?
Ба ҳамин васила чандин нафарони беҳтаринро бо як ҳарфи ин хонуми эркаатон аз меҳнат маҳрум кардед.
Инак, чанд рӯз аст, ки хабари аз кор ронда шудани боз як журналисти касбӣ, ки дар Радиои Озодӣ ғайриозод 16 соли умрашро сипарӣ кардааст, Мирзои Салимпур расид ва ин ҳам бо дархости Соҷидаи Мирзо. Аслан дар минтақаҳо ИМА бисёр дар бораи солҳои дароз ҳукмронӣ кардани роҳбарон интиқод мекунад, аммо Соҷидаи Мирзо чанд сол ҳаққи роҳбарӣ дар Бахшро дорад?»
Хонум Воҳидова ҳамчунин афзудааст:
«Ин аст демократияи ғарб, ки 25 сол мешавад ИМА дар кишварҳои ОМ роҳандозӣ кардаасту аз он садо баланд мекунад?
Агар ин аст демократияи ғарб ва сохти давлатдории моро диктаторӣ меномед, пас бигузор давлати мо аз нигоҳи ИМА чунин боқӣ монад. Зеро, ин ҷомеа ба қадри нухбагонаш мерасад ва мисли шумо фирефтаи як хонум намегардаду бо чашми воқеият нигоҳ мекунанд.»
Файзинисо Воҳидова дар охири мактубаш гуфтааст, ки «агар ин вазъият чунин идома ёбад ва ҳарфи як зани эркаи Ирону ИМА болотар аз фарзонаҳои миллати мо истад, пас ман тайёр ҳастам иқдоми қонунии муроҷиат ба СММ ва дигар созмонҳои дифоъи ҳуқуқи журналистонро ба зиммаи худ гирам. Бо роҳи мутамаддин ҳукумати ИМА-ро водор созам, ки нисбати миллати мо эҳтиром қоил намоянд» ва ҳушдор додаст, ки
«Тоҷик миллат аст, миллати бузург!
Тоҷик миллат аст, на Соҷидаи Мирзо!
Тоҷик миллат аст, на иллат!».
Шакли пурраи мактуби Файзинисо Воҳидова ба Президенти радиои «Озодӣ»:
Ҷаноби Thomas Kent
Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон як ҷузъи васоити ахбори омма маҳсуб йфта, бебаҳс хонандаи зиёд дорад ва мардум ба иттилооти ин расона эътимод ҳам доранд. Аммо, чанд соли ахир бино бар сиёсати духӯраи Радио ва беҳурматӣ нисбати беҳтарин хабарнигорони тоҷик, беасос ронда шудани онҳо аз РО, ки ҳоли ҳозир шумораи онҳо ба 40 нафар расиданд, ҷомеаро водор месозад, ки садо баланд кунем ва агар зарурате пеш ояд, барои бастани Радио ва қатъи фаъолияти он дар Ҷумхурии Тоҷикистон икдоми ҷиддие ба роҳ монда шавад.
Ин тахдид нест. Мо мардуми таҳаммулпазирем, аммо ҳама сабру тоқат низ меъёр дорад. Мо ғуломи Амрико набудему нестем. Мо миллати барӯманде мебошем, ки дар бисёр бахшҳо кулли олам ва аз он ҷумла Амрикоро роҳ ба ояндаи дурахшон нишон додем.
Фарзанди тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ба шумо ва тамоми ҷаҳон илми тибро кашф карда, имрӯз тамоми ҷаҳон аз он баҳраманд мебошанд. Нахустин сафир фарзанди тоҷик буду асосгузори дипломатия ва сиёсатро Шумо аз тоҷик омӯхтед. Аввалин робитаҳои иқтисоду савдоро ба Шумо тоҷик омӯзонд. Аз ситорашиносу математик, химику физик будани тоҷик холо ҳарф намезанам.
Кифоя аст, ки бо ин далелҳо иктифо кунаму сари мавзӯъ оям.
Конгресси ИМА ҳамасола барои РО ба андозаи 6 млн. доллар баҳри чӣ ва кадом самти зарурии соҳот маблағ чудо мекунад? Барои таблиғу инъикоси сиёсати ИМА ва ё нозу карашмаи як хонуми тоҷик Соҷидаи Мирзо?
Конгресси ИМА аз хабарнигораш натиҷаи кору фаъолиятро талаб дорад ва ё нозпарварию иҷро кардани «каприз»-ҳои ин хонум дар мадди аввал меистад?
Ё сиёсати Амрико дар РО ин аст, ки миллати тоҷик баҳри чанд дона коғазҳои кабуди Шумо, ки доллар ном дорад, тамоми беҳурматӣ ва таҳқири Шумову як хонуме, ки аслан дар ҷамъи тоҷикон обрӯе надорад, таҳаммул бояд кунад?
Агар чунин мепиндоред, пас ин хатои бузург аст.
Чаро ҳарфи як хонуме, ки обрӯяш ду пули пучак надораду ҳамсари собиқ мансабдори порахӯри мақомоти давлат буду ҳоло барои тамаъи ришва дар зиндон мебошад, болотар аз ҳарфи 40 нафар журналистони беҳтарини ҷомеаи тоҷикон мебошад?
Ин аст демократияи ғарб, ки 25 сол мешавад ИМА дар кишварҳои ОМ роҳандозӣ кардаасту аз он садо баланд мекунад?
Агар ин аст демократияи ғарб ва сохти давлатдории моро диктаторӣ меномед, пас бигузор давлати мо аз нигоҳи ИМА чунин боқӣ монад. Зеро, ин ҷомеа ба қадри нухбагонаш мерасад ва мисли шумо фирефтаи як хонум намегардаду бо чашми воқеият нигоҳ мекунанд.
Куҷост мантиқ? Вақте Абдуқаюми Қаюмзодро ба осмони ҳафтум баровардед, ҷоизааш додед ва хабарнигори беҳтарин эълонаш кардед ва бо як дархости хонум Соҷидаи Мирзо, ки ғуломи ВКХ буд, пеш аз маъракаи муҳимми сиёсӣ, интихоботи президентӣ ва парлумонӣ аз кор рондед.
Ҳарфи як зани эркаи Конгресси ИМА болотар аз ҷоизаи додаатон будааст?
Ба ҳамин васила чандин нафарони беҳтаринро бо як ҳарфи ин хонуми эркаатон аз меҳнат маҳрум кардед.
Инак, чанд рӯз аст, ки хабари аз кор ронда шудани боз як журналисти касбӣ, ки дар Радиои Озодӣ ғайриозод 16 соли умрашро сипарӣ кардааст, Мирзои Салимпур расид ва ин ҳам бо дархости Соҷидаи Мирзо. Аслан дар минтақаҳо ИМА бисёр дар бораи солҳои дароз ҳукмронӣ кардани роҳбарон интиқод мекунад, аммо Соҷидаи Мирзо чанд сол ҳаққи роҳбарӣ дар Бахшро дорад?
Ё то фавтидани Ҷаводӣ бояд роҳбар бошад? Оё маротибае ягон маводди навиштаи ин номбурдагонро дидеду хондед? Ягон маротиба худи онҳоро имтиҳон кардед, ки дар журналистика чӣ маҳорату чӣ касбият доранд?
Оё медонед, ки хабарнигорони бахши тоҷикии РО бо дастуру супориши ин хонум маҷбуранд бо ситоиши ҳукумати мо машғул шаванд на бо инъикоси воқеият?
Агар вазъ чунин идома ёбад ва ҳарфи як зани эркаи Ирону ИМА болотар аз фарзонаҳои миллати мо истад, пас ман тайёр ҳастам иқдоми қонунии муроҷиат ба СММ ва дигар созмонҳои дифоъи ҳуқуқи журналистонро ба зиммаи худ гирам. Бо роҳи мутамаддин ҳукумати ИМА-ро водор созам, ки нисбати миллати мо эҳтиром қоил намоянд.
Тоҷик миллат аст, миллати бузург!
Тоҷик миллат аст, на Соҷидаи Мирзо!
Тоҷик миллат аст, на иллат!
Шарҳи роҳбарияти бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” ва мудирияти барномаҳои ин расонаи амрикоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ зуд, дар ҳоли расидан инҷо нашр хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ