Файзулло Шарифовро дар Австрия ба хок месупоранд

Файзулло Шарифиён (Файзулло Шарипов), аз овозхонҳои маъруфи тоҷик, дар 76-солагӣ дар шаҳри Вена – пойтахти Австрия – даргузашт. Икромиддин, писари Файзулло Шарифиён, гуфтааст, ки  падараш солҳои охир аз бемории қанду саратон ранҷ мекашид.

 «Вақте дуним сол пештар ташхис кардем, пизишкон гуфтанд, ки дар вуҷудаш саратон дорад, аммо ҳанӯз реша надавондааст. Чанд бор хостем, табобаташ кунем, ризоят намедод. Билохира, вақте ҷарроҳӣ карданд, аллакай дер шуда буд», — афзуд ӯ.Маросими ба хоксупории Файзулло Шарифиён рӯзи якшанбе дар пойтахти Австрия баргузор мешавад. Икромиддин гуфт, «аҳли хонавода ба натиҷае расиданд, ки ӯро дар Вена бигӯронем. Чун ҳамаи фарзандон ҳамин ҷо ҳастанд ва мехоҳем, ӯ ба мо наздиктар бошад.»Файзулло Шарифиён, ки бо таронаҳои «Чӣ зебост, Худоё», «Ғарибӣ», «Ҳама рафтанд», “Сад дареғ аз мардумони дар ба дар” маъруф буд, соли 1995, дар авҷи даргириҳои дохилӣ Тоҷикистонро тарк карда ва дар Вена ҳамроҳи хонаводааш ба сар мебурд. Икромиддин мегӯяд, падараш расман дар ҷое фаъолият надошт, вале бештари вақт барои муҳоҷирони эрониву афғон ва яҳудиёни бухороӣ барномаҳо иҷро мекард.Ӯ афзуд, Файзулло Шарифиён дар ғурбат ҳамеша бо ёди ватан мезист ва баъди ба даст овардани шаҳрвандии Австрия чанд бор ҳамроҳи ҳамсараш ба Тоҷикистон рафтааст. «Падарам ягон лаҳза аз ёди ватан ҷудо набуд. Чунки дар онҷо хешу табор, ёру дӯстони наздик дошт. Аз ҳамаи ин дил кандан барояш осон набуд. Аммо худатон медонед, вақте ҷанг сар шуд, ҳама ба ҳар тараф рафтанд ва мо ҳам ба инҷо омадем», — гуфт Икромиддин.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *