ФДТТИ — даргоҳи созгори илму ҳунаромӯзӣ
Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, ки зодаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои ҷавонон ва интихоби дурусти ихтисос беҳтарин маскани илму маърифат дар минтақаи наздисарҳадии кишвар ба ҳисоб меравад.
МАЪЛУМОТИ ОМОРӢ
Дар соли таҳсили 2023-2024 ФДТТИ довталабонро аз рӯйи 28 ихтисоси кластерҳои якум, дуюм, панҷум ба шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ, ҳамчунин барои гирифтани ихтисоси дуюм (фосилавӣ) ва аз рӯйи се ихтисос ба магистратура (рӯзона ва фосилавӣ) қабул мекунад:
— омӯзгорӣ;
— равоншиносӣ;
— барномасозӣ — зеҳни сунъӣ;
— иқтисодӣ ва молия;
— саноати коркард;
— саноати хӯрокворӣ;
— сохтмон;
— борпечонӣ;
— кишоварзӣ;
— тарроҳӣ.
Дар донишгоҳ 3 бинои таълимӣ мавҷуд буда, 40 синфхона ва 17 озмоишгоҳи таълимӣ бо таҷҳизоти замонавии таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, шабакаи ягонаи интернет тариқи toj NET амал мекунад.
Филиал аз ду факултет: факултети технологияҳои саноатӣ ва зеҳни сунъӣ ва факултети иқтисодиёт ва идора иборат мебошад.
ДАСТОВАРҲОИ ОМӮЗГОРОН
16-уми октябри соли 2021 дар Шӯрои диссертатсионии 6D KOA-023 назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон саромӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва менеҷмент Шаропова Насиба Ҳафизовна рисолаи номзадиро дар мавзуи «Иқтидори захиравии минтақа дар низоми омилҳои рушди иқтисодиёти он (дар мисоли шаҳри Исфараи вилояти Суғд)» ҳимоя намуд.
7-уми декабри соли 2022 омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ризобоева Наргис Мамадкаримовна рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Тасвирҳои парадоксӣ дар шеъри муосири тоҷик (давраи истиқлолият)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.00 — Адабиётшиносӣ (10.01.08 — Назарияи адабиёт. Матншиносӣ, нусхашиносӣ) дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-037 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ҳимоя намуд.
ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШҶӮЁН
Дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат”, ки 13-уми майи соли 2022 баргузор гардида буд, донишҷўёни муассисаи таълимӣ фаъолона ширкат варзида, аз рўйи фанҳои информатика, физика, химия, математика, география ва инчунин аз навоварӣ ва ихтироъкорӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Муовини директор оид ба таълим ва илм, н.и.к. Солиев Зокирхоҷа ва донишҷӯйи соли дуюм Асроров Зикруллохӯҷа барои ишғоли ҷойи сеюм дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар бахши «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” бо дипломи дараҷаи III қадрдонӣ гардиданд.
Донишҷӯйи курси дуюми ФДТТИ Зикруллохӯҷа Асроров дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм — фурӯғи маърифат” дар соли 2022 сазовори ҷойи дуюм гардид.
ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИВУ ДОХИЛӢ
Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо 11 донишгоҳи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон шартнома ва тафоҳумномаҳои мустақими ҳамкорӣ дорад.
Инчунин, филиал бо корхонаҳои саноатии зерини вилояти Суғд шартномаҳои ҳамкорӣ дорад:
1. Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содиротчиёни маҳсулоти кишоварзӣ.
2. Корхонаи ҶДММ “Субҳи Ватан”.
3. Корхонаи ҶДММ «Меваи тиллоӣ».
4. Корхонаи ҶДММ «Исфара Фуд».
5. Корхонаи ҶСК «Нони Исфара».
6. Корхонаи ҶДММ “Висол”.
7. Корхонаи ҶДММ «Анҳор»-и шаҳраки Бӯстон.
8. Раёсати маорифи шаҳри Исфара.
ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
Корҳои илмии инноватсионии донишҷўён, аз қабили “Омодасозии кофе аз топинамбур”, “Нўшоба аз гули садбарг”, “Мураббо аз лаблабу ва гули садбарг”, “Мураббо аз хурмо” ба корхонаи ҶДММ “Субҳи Ватан” (роҳбараш Абдуманнон Эрматов) баҳри ҷорӣ намудан дар истеҳсолот пешкаш карда шудааст. Таркиби ин маҳсулот аз витаминҳои зарурӣ бой буда, барои организми инсон фоидаоваранд.
Гармхонаи замонавӣ дар масоҳати 180 метри квадратӣ бунёд гардида, парки технологӣ ҷиҳати рушди илм ва инноватсия, истифодаи самараноки технологияи аълосифат, истифодаи технологияи навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ пурсамар фаъолият мекунад.
Дар ФДТТИ таҳсил намуда, шумо бурд мекунед ва орзуву мақсадҳоятонро амалӣ мегардонед.
БАРТАРИҲОИ ТАҲСИЛ ДАР ФДТТИ
— Ихтисосҳои дилхоҳи замонавӣ;
— ихтисосҳои муносиб барои духтарон, бахусус омӯзгорӣ, зеҳни сунъӣ ва тарроҳӣ;
— имконияти таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар;
— маблағи ками таҳсили шартномавӣ;
— сарфа кардани буҷети оила аз ҳисоби хароҷоти роҳ, хӯрок ва иҷорашинӣ бинобар таҳсил дар ҷойи зист.
ФДТТИ беҳтарин интихоб аст!
Рамзи ФДТТИ дар ММТ 401 мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ