Фестивалҳои саводнокии молиявӣ дар Душанбе
Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва шарикони рушд марҳилаи ниҳоии силсилаи фестивалҳои саводнокии молиявӣ дар соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи фестивал муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва муовини раиси шаҳри Душанбе Сорбон Холмуҳамадзода оид ба моҳияти маърифати молиявӣ, зарурати дониш ва саводнокии молиявӣ ва нақши он дар рушди иқтисоди кишвар ва аҳолӣ суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки баргузории фестивалҳои саводнокии молиявӣ на танҳо чорабинии таълимӣ, балки имконияти хуб барои муошират бо коршиносон, мубодилаи таҷриба ва шиносоӣ бо воситаҳои нави молиявӣ ба ҳисоб меравад.
Баъдан директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод, профессор Шариф Раҳимзода барои иштирокдорони фестивал доир ба “Таърихи пайдоиши низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди он дар шароити имрӯза” маърӯза пешниҳод намуд.
Сипас, аз ҷониби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба мавзуҳои “Муҳимияти саводнокии молиявӣ”, “Қаллобӣ дар интернет ва роҳҳои пешгирии он”, “Рақамикунонии пардохтҳо: моҳият ва бартариятҳои он”, “Таъсири суғуртакунонӣ ба иқтисодиёт”, “ESG ва алоқамандии он ба саводнокии молиявӣ”, “Нақши ташкилотҳои молиявӣ дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ” рӯнамоҳо пешниҳод гардид. Дар рафти чорабинӣ озмуни саволу ҷавоб сурат гирифта, нафарони фаъол соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ шуданд.
Қисмати дуюми чорабинӣ, ки дар боғи “Куруши Кабир” гузашт, ба намоиши маҳсулоти ташкилотҳои молиявӣ ва суғуртавии кишвар бахшида шуд. Дар он ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба тамошобинони фестивал маҳсулоти худро пешниҳод ва муаррифӣ намуданд.
Қисмати сеюми чорабиниро барномаи фарҳангии ҳунармандони варзидаи кишвар шукӯҳи тоза бахшида, табъи иштирокдорони фестивалро болида гардонид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ