Фестивали “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!” баргузор мегардад

Фестивали 14 майи соли равон таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!” баргузор гардида, дар он шумораи зиёди ҷавонони хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсил доранд, иштирок хоҳанд кард.

Бахшида ба  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нахустин ҷашнвораи фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки дар ҷумҳурӣ таҳсил доранд, баргузор хоҳад шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур 14 майи соли равон таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!” баргузор гардида, дар он  шумораи зиёди ҷавонони хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсил доранд, иштирок хоҳанд кард.

“Мақсад аз баргузории  ҷашнвораи фарҳангӣ — ин пеш аз ҳама, мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон,  ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар  ва  тақвият додани  ҳамкориву дастгириҳои ҷавонони олам  мебошад”, — таъкид намудааст Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.

Инчунин дар   фестивал сарояндагони ҷавони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ иштирок намуда, барои тамошобинон мусиқиҳои ҷолиб, рақсу суруд ва таронаҳо пешниҳод хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *