ФФТ аз ФИФА пул мегирад
Федератсияи байналмилалии футбол ё ФИФА давоми 10 соли оянда ба беш аз 200 Ассосиатсияи миллии футбол, бо шумули Федератсияи футболи Тоҷикистон 4 миллиард доллар ихтисос медиҳад.
Торнамои расмии ФИФА менависад, ин маблағ барои рушди футбол дар ҷаҳон ба 211 Ассотсиатсияи миллӣ ҷудо мешавад. Ба иттилои манбаъ, ин тасмим дар нишасти ахири Раёсати ФИФА дар шаҳри Сюрихи Швейтсария гирифта шудааст.
ФИФА ҳамчунин барои рушди футболи занона давоми даҳ сол 315 миллион доллар ҷудо мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ