Фидел Кастро
Марги инқилобчии бузург ва андешаҳо атрофи ин шахсият
Марги Фидел Кастро, яке аз чеҳраҳои бонуфузи ҷаҳон, инқилобчии Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва низоми марксистӣ – лениниро дар кишвараш ҷорӣ карда, солҳои дароз роҳбари он шуд, аз пурсарусадотарин мавзӯи расонаҳои ҷаҳон буд.
50 сол инқилоб ё диктатура?
Ибтидо аз хабари марги Фидел Кастро, ки дар 90- солагӣ ҷон бохт, бародараш Раул Кастро, роҳбари феълии Куба иттилоъ дод. Кастрои хурдӣ хабари марги бародарашро тариқи телевизиони марказӣ эълон кард: «Мардуми азизи Куба, бо андӯҳи гарон ин хабарро ба шумо ва ба дӯстонамон дар тамоми гӯшаҳои дунё мерасонам, ки соати 22:29 дақиқаи шаби 25 ноябр раҳбари инқилоби Куба Фидел Кастро даргузашт… Ҷасади марҳум бино ба васияти худаш сӯзонида хоҳад шуд.» Дар идомаи суханронӣ ҳамчунин эълон шудааст, ки то 4 декабр дар Куба мотами миллӣ эълон мешавад.
Фиде́л Алеха́ндро Ка́стро (исп. Fidel Alejandro Castro Ruz (Speaker Icon.svg audio); 13 августи соли 1926, дар Бирани музофоти Орентеи Куба таваллуд шудааст. Ӯ 47 сол шурӯъ аз соли 1959 то соли 2006, яъне то супоридани қудрат ба дасти бародараш (соли 2006) Кубаро роҳбарӣ кардааст. Ӯ солҳои гунонгун дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардааст. Ҳамчунин солҳои 1959 – 1976 Сарвазир, 1976 – 2008 Раиси Шӯрои вазирони Куба буд. Аз соли 1961 роҳбарии ҳаракати озодихоҳии Кубаро ба уҳда гирифта, то 26 июли ҳамон сол чандин ҳизбу ҳаракатҳоро зери шиори инқилобӣ муттаҳид кард ва соли 1962 Ҳизби ягонаи сотсиалистии Кубаро асос гузошт, ки баъдан соли 1965 номи Ҳизби коммунистии Кубаро гирифт ва котиби аввали ҳизби коммунистии Куба шуд. Кастро дар ин вазифа то соли 2011 фаъолият кард. Дар замони роҳбарии ӯ Кубаи капиталистӣ ба сотсиалистӣ бадал шуда, ӯ тамоми умр барои бунёди коммунизм дар давлаташ кӯшиш кардааст.
Фидел Кастро, гарчанде ҳукумати иҷроияро соли 2006 ба дасти бародараш супурд, аммо соли 2008 баъди беморӣ пурра аз сиёсат канор рафт. Хабаргузори Рейтерс дар такя ба коршиносонаш менависад, ки гарчанде аз Фидел Кастро чун аз инқилобчии бузург ва саҳмнок ёд мешавад, вале мухолифонаш ӯро барои лағви ҳуқуқу озодии шаҳрвандонаш башиддат интиқод мекунанд ва ӯро диктатори бузург меноманд.
Шахсияти бузург ё диктатори дузд?
Марги Фидел Кастро натанҳо ҷомеаи ҷаҳон ва шаҳрвандони Кубаро водор кард, ки дар мавриди рӯзгори ӯ андеша кунанд, балки роҳбарони давлатҳоро ҳам таъсир расонд, ки онҳо перомуни шахсияти ӯ ибрози андеша намоянд.
Барак Обама, Президенти Амрико ба пайвандони Кастро тасаллият гуфта, ҳамчунин дар бораи ӯ суханҳои нек гуфтааст: » Дар мавриди корнамоиҳои Фидел Кастро таърих қазоват хоҳад кард. Маҳз дар замони роҳбарии ӯ муносибати Амрико ва Куба, баъди даҳсолаҳо эҳё шуд».
Аммо Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби Амрико, нисбати Кастро назари дигар дорад. Ба ақидаи ӯ Фидел Кастро «диктаторе бераҳм» буда, «наздики шаш даҳа мардуми худро саркӯб намуд». Ба ақидаи Доналд Трамп «мероси Кастро дуздӣ, ранҷу дарди ғайри қобили тасвир, фақр ва нодида гирифтани усули авлавияи ҳуқуқи башар аст».
Владимир Путин, президенти Русия бошад, мегӯяд: «Фидел Кастро ва рафиқонаш Кубаи озод ва мустақилро сохтанд. Табдил ба унсури таъсиргузор дар арсаи ҷаҳонӣ шуданд ва бар бисёре аз мардуми ҷаҳон таъсир доштанд. Кастро як дӯсти воқеӣ ва содиқ барои мардуми Русия буд».
Франсуа Олланд, президенти Фаронса, дар номаи тасаллияташ аз он нигаронӣ кардааст, ки сиёсат“як шахсияти муҳими арсаи ҷаҳонро” аз даст дод. Ҳамчунин, ӯ аз вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.
Си Ҷин Пин , роҳбари Ҷумҳурии Чин, дар баёнияи худ, аз талошҳои Фидел Кастро барои барқарор кардани коммунизм дар Куба ва дигар манотиқи олам ёдовар шуда, аз он афсӯс хӯрдааст, ки кишвараш “дӯсти самимӣ ва рафиқи наздикро” аз даст дод.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, даргузашти Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба ва ба қавли ӯ, «сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро», ки тақрибан панҷоҳ сол идораи ин кишвар дар дасташ буд, «мусибати сангину ҳузнангез» донистааст. Ин номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Раул Кастро, роҳбари феълии Куба ирсол ва дар он аз ҷумла таъкид шудааст, «хотироти Фидел Кастро ба ҳайси шахсияти бузурги давлатие, ки хислату муҳтавои як давраи комили рушди кишварро муайян намудааст, дар таърихи муосири Куба ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд».
Кӣ ба видоъ (на) меравад?
Қарор аст, маросими видоъ бо Фидел Кастро 4 декабр сурат гирад. Бахши русии хабаргузории BBC рӯйхати роҳбаронеро нашр кардааст, ки қасди ширкат дар марсими видоъро доранд ё рад кардаанд. Баъди марсими видоъ ҷасади Кастро сӯзонида мешавад.
Барак Обама Президенти Амрико дар маросими видоъ ширкат намекунад. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии ӯ хабар додаанд. Иттиҳоди Авуропоро дар ин маросим Алексис Сиприс намояндагӣ мекунад. Сарвазири Канада Джастин Трюдо, бо оилаи Кастро дӯстии мустаҳкам доштанд, махсусан падараш Пиер Трюдо дӯсти ҷонии Кастро буд, аммо ӯ дар марсими видоъ ширкат намекунад. Президенти Ветнам Чан Дай Куанг низ аз ширкат дар маросим даст кашида, ба ҷойи ӯ роҳбари маҷлиси ин кишвар Нгуен Тхи Ким Нган ширкат мекунад.
Президенти Венесуэла Николас Мадуро, Эквадор Рафаэл Корреа, Боливии Эво Моралес, Никарагуа Даниэл Ортега, Сальвадора Санчеса Серена ва Мексика Энрике Пеня Нетто ширкаташонро дар маросим эълон кардаанд. Президенти Африқои Ҷанубӣ Джейкоб Зума, Зимбабве Роберт Мугабе ҳам қарор аст дар ин маросим ширкат варзанд.
Эрон: Ҳукми қатли Занҷонӣ бекор шуд
Хабаргузории «Меҳр». Эрон. Ин хабаргузорӣ дар такя ба манбаъҳояш дар суди Эрон менависад, ки Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ, ки ба ҳукми қатл маҳкум шуда буд, эъдом нахоҳад шуд. Аммо баъзе хабаргузориҳои дигар, аз ҷумла «Исно» менависад, ки қарори лағви ҳукми қатли Бобак Занҷонӣ то ҳол набаромадааст ва агар ҳам буд, эълони расмии он сурат нагирифтааст. Ин иддаоро «Мизон» низ дастгирӣ кардааст.
Бобак Занҷонӣ моҳи марти имсол аз сӯи додгоҳи Теҳрон ба айби «фасод фил арз» ба қатл маҳкум шуда буд.
Раул Модесто Кастро
Раул Модесто Кастро (исп. Raúl Modesto Castro Ruz) инқилобчии кубагӣ, ходими давлатӣ аз 28 феврали соли 2008 роҳбари ин давлат, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ ва раиси Ҳизби комунистии Куба. Раул Кастро 3 июни соли 1931 дар музофоти Бирани Куба таваллуд шудааст, бародари хурдии роҳбари инқилобии Куба Фидел Кастро мебошад. Падараш заминдори калон Анхеля Кастро Аргиса ва модараш Лина Рус Гонсалес мебошад. То никоҳи расмӣ падару модари Кастро якҷоя панҷ фарзанд доштанд. Гарчанде падару модари ӯ бесавод буданд, бо вуҷуди ин кӯшиш карданд, ки ба фарзандонашон савод омӯзанд. Раул ҳам ибтидо колеҷро хатм карда, баъди Донишгоҳи Гаванаро ба охир расонд. Аз ҷавонӣ ӯ ба корҳои ҷамъиятӣ даст зада, дар ҳаракатҳои иҷтимоӣ ширкат варзидааст. Ӯ аъзои ҳаракати ҷавонони сотсиалист буд ва бар зидди диктатураи Фулхенсио Батиста мубориза мебурд. Ҳамин тавр Раул дар радифи бародараш дар инқилоби соли 1959 ширкат варзида, баъди ғалаба, муддати 50 сол вазири мудофиаи ин кишвар буд. Соли 1965 муовини бародараш дар сарварии ҳизби ҳоким гардид. Соли 2006 бародараш ҳокимияти иҷроияро ба ӯ супорид. 24 феврали соли 2008 дар интихоботи парламентии Куба бо гирифтани 97,7%-и овозҳо Раул Кастро роҳбари давлати Куба гардид. Дар солҳои муборизаҳои инқилобӣ дар лагери инқилобчиён дар кӯҳҳои Серра-Маэстра Раул Кастро бо Вилмой Эспин шинос мешавад. Ӯ духтари яке аз сарватмандони замон роҳбари ширкати «Bacardi» — яке аз ҷонибдорони инқилоб буд. 26 январи соли 1959, баъди суқути режими Батиста онҳо оила барпо карданд. Аз ин пайванд, соҳиби чор фарзанд – се духтару як писар мегардад. Раул Кастро соҳиби унвонҳои Қаҳрамони ҷумҳурии Куба (1998), дорандаи Ордени Максим Гомес (дараҷаҳои 1 ва 2) Ордени Камило Сенфуэгоса, Ордени Ленин (СССР, 1979) Ордени Инқилоби Октябр ( СССР 2.06.1981) ва ғайра мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ