Фидяи рўза бояд ба фақирону мискинон дода шавад
Дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ ба як қатор саволҳои суолгузорандагон посух дод, ки беҳтаринҳояшро пешкаши хонандагони азиз месозем.
Далер аз деҳаи Нилуи шаҳри Ҳисор мегӯяд, ки ман дар моҳи Рамазон саҳархўрӣ намекунам ва ҳангоми намози бомдод бархоста, ният мекунам. Оё тарки саҳархўрӣ дуруст аст? Агар ҳамин тавр идома диҳам, гуноҳ мешавад?
Домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ посух медиҳад:
— Бародари азиз, саҳархўрӣ кардан суннат аст ва аҷру савоб ва баракат дорад, тарк кардани он макруҳ аст.
Абдураҳмон аз ноҳияи Данғара суол гузоштааст, ки падари ман аз сабаби бемории меъда рўзаро хўрданд. Оё ман аз номи падарам барои рўзаи рўзҳои боқимонда фидя пардохт карда метавонам? Фидяро ба кӣ ё ба куҷо бояд дод?
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ чунин аст:
— Бародари азиз, шумо метавонед фидяи рўзаи падаратонро адо кунед. Фидяи рўза ба фақирону мискинон ва ашхоси муҳтоҷу қарздор бояд дода шавад.
Ҳафизулло аз шаҳри Душанбе пурсидааст, ки домулло, лутфан бигӯед, ки намози таровеҳро дуракъатӣ нею чаҳорракъатӣ хондан ягон кароҳият дорад ва оё ба ҷойи 20 ракъат 8 ракъат хондан ҷоиз аст?
Домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ дар посух ба ин суол мегӯяд:
— Тибқи мазҳаби мо, яъне Ҳанафия, намози таровеҳ 20 ракъат аст. Ва ба ҷойи 20 ракъат 8 ракаъат хондан хилофи мазҳаби мост. Бояд гуфт, ки 8 ракъат таровеҳ нест, балки намози нофила аст. Мардум намози таровеҳро метавонанд дуракъатӣ ё чаҳорракъатӣ бихонанд.
Лайло аз шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки гармии сахт дар рӯзҳои аввали моҳи Рамазон дар Тоҷикистон тоқати мардуми рӯзадорро имтиҳон мекунад. Ҳавошиносон мегӯянд, ки ин гармо ҳамоно идома хоҳад ёфт. Дар ин ҳолат нафарони бемору бемадор рӯза гирифта наметавонанд. Пас чӣ кор бояд кунанд?
Домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ дар ин маврид изҳор медорад:
— Бар асоси қавонини шариати дини Ислом, афроде, ки узр доранд, аз қабили беморӣ ва ё дар мусофират ҳастанд, онҳо метавонанд рӯзаи моҳи Рамазонро то рӯзҳои мувофиқ қазо доранд. Аммо дар миёни мардум сарусадое ҳаст, ки агар нафаре рӯза надорад, дар моҳи Рамазон вай бо пардохти маблағ ба афроди камбизоат ва фақир метавонад рӯзаашро хӯрад. Дар китобҳои фиқҳӣ мушахас шудааст, нафароне, ки беморанд ва бо рӯза доштан беморияшон беҳбудӣ намекунад, онҳо набояд рӯза гиранд. Онҳо бояд танҳо баъди шифо ёфтан рӯза доранд. Ҳамчунин ин зумра инсонҳо, ки тавон надоранд, метавонанд фидя, яъне як пули муайян ба камбизоатҳо диҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ