Фикри деҳқонро кӣ мекунад?

Чаро дар мавриди арзиши аслии маҳсулот андеша намекунем?

Ман 4 сомониву 50-дирамӣ тухмии картошка гирифтам, 13 сомонӣ мачавин, дар маҷмуъ 350 сомонӣ то ба имрӯз сарф намудам. Коштану чобуқро бемаблағ бо аҳли хонавода иҷро кардем. Агар аз 20 килограмм тухмӣ 200 кг картошка гирам, пас арзиши аслии як килограмм картошкаи истеҳсоли худӣ барои ман наздики 2 сомониро ташкил медиҳад. Агар ман ҳам деҳқон бошам, картошкаро ба қимати 2 сомонӣ ҳеҷ гоҳ намефурӯшам. Зеро деҳқон заминро иҷора мегирад, барои шудгору кишт маблағ сарф мекунад ва ҳамаи он болои арзиши аслӣ зам мегардад. Мо чаро манфиати деҳқонро андеша намекунем?

М. РАҲИМОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *